НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ МУОСИР

30001564035_58aa8747e3_o
Бо кӯшишҳо ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкӣ, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ месозад.

 

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон марҳала ба марҳала ҳадафмандона бисёрсамтӣ шудааст. Ин сифатҳо аз фаро расидани марҳалаи сифатан нав дар сиёсати хориҷии мо, аз марҳалаи такомули он дарак медиҳад.

 

Роҳбари давлат кишварҳои оламро аз рӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва имкониятҳои ҳамкорӣ ба чанд ҳавза ҷудо намуда, бо ҳамаи онҳо муносибатҳои манфиатбахшро ҷараён медиҳад. Дар ин сиёсат кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, ҷаҳони Fapб, олами ислом, давлатҳои алоҳида, ба мисли Россия, Хитой, Амрико, Афғонистон, Эрон ва ғайра ҷойгоҳи худро дошта, муносибату хамкориҳо бо мазмуну мундариҷаи ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн роҳандозӣ мешаванд.

 

Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

 

Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

 

То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ- техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.

 

Ташаббусҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

 

Хулоса, муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ буда, ин заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Президенти кишвар дар солҳои гуногун аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ордену ифтихорномаҳо ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудааст.

 

Ясмин КАДАМОВА,

донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси

муносибатҳои байналмилалии

факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи