НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

unnamed

Таърих сиёсатмадоронеро зиёд дидааст, ки давлати худро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.

 

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, Истиқлоли давлатии кишвари моро расман эътироф кардаанд. Тоҷикистон дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

 

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал то имрӯз заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал намуд, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ” (1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” (2014), Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ” (2015).

 

Соли 2001 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нави баъди бозгашти сулҳу оромиш муайян кард. Пас аз чордаҳ сол, бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва хусусиятҳову афзалиятҳои муосири Тоҷикистон Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 қабул гардид.

 

Дар шаҳри Душанбе дар як вақт баргузор шудани ҳамоишҳои cарони давлатҳои cе созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (5 – 6 октябри соли 2007), ҷаласаи навбатии Шӯрои саро­ни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон (28 августи соли 2008), мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия (30 июли соли 2009), Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 – солагии Ҷалолиддини Румӣ (6 – 8 сентябри соли 2007), Симпозиуми байналмилалии “Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” бо иштироки зиёда аз 500 олиму мутафаккир ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон (5 октябри соли 2009), иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (18-20 майи соли 2010), Конфронси байналмилалии РЕККА оид ба Афғонистон бо ширкати намояндагони 75 кишвар ва созмони байналмилалӣ (26-27 марти соли 2012), барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шудани ҷашни байналмилалии “Наврӯз” бо ширкати роҳбарони чор давлат, намояндагони беш аз 35 мамлакати ҷаҳон ва 40 созмони минтақавию байналмилалӣ (25 марти соли 2012), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005 – 2015 бо ҳузури беш аз 1500 нафар аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмони байналмилалию минтақавӣ (9 -11 июни соли 2015), ҳамчунин баргузории конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонист.

 

Шакке нест, ки пешвоёнро дар ҷаҳон бо ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мешиносанд. Дар ин бахш низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони фаъоли ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ӯ муаллифи се ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ва аз тарафи СММ амалӣ шудаанд: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015”. Пешниҳоди дигари Президенти мамлакати мо дар хусуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2015-2025” низ ҳамовозии ҷаҳонӣ ёфта, заминаи иҷрои он дар ҳоли баррасист. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони чанд кишвари дигар 23 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи навбатии 64-уми худ таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳон” бо аксарияти раъйҳо рӯзи 21 мартро “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон кард.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои гуногун, ҳамзамон бо ташаббусҳои оламгир ва баромаду суханрониҳо аз минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ, бо таълифи китобҳои арзишманд, ки бо чандин забон тарҷума ва дар саросари олам паҳн гаштаанд, тоҷикон ва Тоҷикистонро барои ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, “Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ” (1995), “Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (1996), «Тоҷикон дар ойинаи таърих: аз Ориён то Сомониён”, “Тоҷикистон дар остонаи фардо” (1997), “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” (2002).

 

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон ба он даст зад, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохторӣ, инчунин дигар шароит барои пешбурди сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Дар ин ҷода корҳо дар чанд самт сурат гирифта, оқибат пойгоҳи мустаҳкамеро барои амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд оварданд:

 

  • ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва назариявии сиёсати хориҷӣ;
  • мушаххас намудани салоҳияти мақомоту сохторҳои давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ;
  • рушди Вазорати корҳои хориҷӣ ва таъсис додани муассисаҳои хориҷии ҷумҳурӣ;
  • мушаххас намудани амалияи ягонаи ташрифоти давлатӣ;
  • ба вуҷуд овардани шароит барои баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ;
  • ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва назариявии сиёсати хориҷӣ.

 

Шурӯъ аз соли 1993 бо ташаббуси Роҳбари давлат як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба масъалаҳои рушди сиёсати хориҷӣ, таъминоти ташкилӣ ва сохтории он бахшида шудаанд.

 

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Қасри Миллат чорабиниҳои муҳими ташрифотӣ, аз қабили маросими истиқболи расмии роҳбари давлати хориҷӣ (ҳангоми сафарҳои давлатӣ ва расмӣ) аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, мулоқотҳои Роҳбари давлат бо ҳамтоёни хориҷиаш бо иштироки ҳайатҳо ё тариқи хоса (як ба як), маросими ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ, нишастҳои матбуотӣ баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо, инчунин аз ҷониби Сарвари давлат қабул намудани эътимодномаҳо аз сафирони давлатҳои хориҷӣ дар ҳамин иморати пуршукӯҳ баргузор мегарданд.

 

Бояд гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму иродаи давлати он, бавижа ташаббусҳо ва пешниҳодоти созандаву некбинонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.

ВАҲОБОВ Р.Қ.,

магистранти Академия

 

Похожие записи