НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Абилова. к. псохология

Сулҳ тақозои заифон нест, балки сулҳ мазҳари шуҷоат, ҳиммат ва хиради сиёсии озодагон ва ҷаҳонсозон аст.  

Эмомалӣ Раҳмон

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори ваҳдати миллӣ, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат ба мардуми шарифи тоҷик изҳор намуда буд «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» аз ояндаи неки хал­қи кишвар башорат медоданд. Дар ҳаёти осоишта Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро дар бунёди ду арзиши ҳаётӣ – сулҳ ва истиқлол медид, ки ҷанбаҳои ниҳоят зиндагисоз доранд. Пайваста дар ҳар як суханронии хеш  оид ба ин ду арзиши ҳаётан муҳим ҳама вақт ишора менамояд. Зарур аст дар партави ин ду арзиши ҳаётӣ вазифаҳои муҳимтарини мову шумо ба манзури ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамон муайян ва мушаххас шаванд.

 

Ваҳдати миллӣ пурқиматтарин арзиши волои тамоми миллату халқияти тоҷикистонӣ ба шумор рафта, тавъам бо истиқлоли кишвар аст. Имсол аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон 30 сол сипарӣ шуд. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз ба марҳилаи нави ҳаётӣ, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани самтҳои фаъолияти муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ) оғоз гардид. Таърихи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро олимон-сиёсатшиносони кишвар Абдуфаттоҳ Шарипов, Садриддин Шамсиддинов дар китоби «Президент» ба се марҳилаи муҳим ҷудо намуданд:

Марҳилаи аввал то Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум;

Марҳилаи дуюм то имзои Созишномаи сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Марҳилаи сеюм аз соли 1997 то инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон.

 

Ҳар як марҳила дар сарнавишти миллати куҳанбунёд, фарҳангсолор ва соҳибтамаддун нақши ҳалкунандаро мебозид. Дар он рӯзҳо набзи ҷомеа, ки ба сӯи ҳақиқат ва адолат майл карда буд, пиру барнои тоҷику тоҷикистониро дар интихоби дурусти роҳбар ва сарвари бохирад раҳнамун месохт, то аз ранҷу кулфатҳои рӯзгор онҳоро тавонад озод намояд.

 

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта миллати тоҷикро хатари нобуд шудани генофонди миллӣ таҳдид менамуд. Кишварро ба ситоду гурӯҳҳои мухталиф ҷудо карда буд ва аз ҷониби неруҳои оппозитсионӣ ғасб гардидани телевизиони давлатӣ, муқобили ҳам сангар гирифтани майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ», афзудани теъдоди гурезаҳо, фаъолият накардани муассисаҳои таълимӣ, хароб гардидани роҳи оҳан, ворид нагардидани озуқаворӣ, навбатпоии шабонарӯзӣ дар назди мағозаҳо, таҳдиди гуруснагӣ, кӯчбандии сокинони шаҳру ноҳияҳо, бесалоҳиятии аъзоёни ҳукумат чунин буданд, вазъияти онвақта.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот одилона аз миёни даҳ нафар номзадҳо ба мақоми вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардида, дар замони мухолифати шадиди сиёсӣ вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи вилояти ҳамонвақтаи Кӯлобро ба зимма гирифт, ки минтақаро Ҳукумати Муросои Миллӣ дар муҳосираи иқтисодӣ нигоҳ медошт.

 

Иҷлосияи 16-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсоз ба бисёрҳокимиятию бесарусомонӣ хотима гузошт.

 

Иштирокчиёни ҷаласа аз суханронии раиси Кумитаи иҷроияи собиқ вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ дар Парламенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки масъалагузориҳои воқеию муассир аз иродаи амиқи сиёсии ӯ дар ҳалли муаммои дохилӣ дарак медод, дар симои ин фарзанди соҳибифтихори миллат лидери ояндадори некбинро эҳсос намуданд. [1; 24]

Таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи 16-ум як қа­­­­тор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ба фаъол на­мудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллӣ эълон кардани рӯзи 26 ноябр», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Ни­шони давлатӣ; дар бораи сохтори Шӯрои Вазирон; дар бораи ташкил на­мудани вилояти Хатлон дар ҳамин шумор буданд. Ҳамаи қарору қонунҳое, ки дар иҷлосия қабул шуданд ба Раиси Шӯрои Олии онвақта Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки мамлакатро ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияту давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ раҳнамун созад ва мардумро ба бунёдкориву созандагӣ ташвиқ намояд.

Вазъияти носозгори кишвар то андозае дар интихоби роҳбарияти ҳамонвақта таъсир расонида буд, ки дар давоми солҳои 1990 – 1992 шаш маротиба роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз гардид, (Қаҳҳор Маҳкамов, Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев, Сафаралӣ Кенҷаев, Акбаршо Искандаров) танҳо Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ҷомеаро аз вартаи бесарусомониҳо наҷот диҳад.

Бо қарору дастурҳои саривақтӣ ва тадбирҳои амиқи иҷлосия, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ муайян гардида, бо пайвасти иқтисодию фарҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон аз пайроҳаи норавшан ба шоҳроҳи васеи таърих ворид шуд.

Истиқлоли давлатӣ яке аз дастовардҳои арзишмандтарини сиёсии тоҷикистониён, саҳифаи навтарини таърихи мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик аст.

 

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини оғози фаъолияти худ барои нигоҳдошт ва таҳкими истиқлолияти миллӣ, амнияту оромии сарҳадоти давлатӣ, осоишу ободии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва истиқрори созгорию ваҳдати саросарӣ мароми ягонаи роҳи сиёсии ҳалли муноқишаи дохилиро ихтиёр кард.

 

Яке аз омилҳои асосии сар задани муноқишаи дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсими яроқ ба аҳолии осоишта буд. Мардуме, ки танҳо аз оинаи нилгун силоҳи оташфишонро дида буд, аксаран бо тариқи иҷборӣ соҳиби яроқ гардида буданд.

 

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваи хешро баҳри халъи силоҳ равона кард, зеро дар аксари шаҳру навоҳии кишвар аз ҷумла, пойтахти ҷумҳурӣ муттасил мушоҳида гардидани садои тирпаронӣ ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта буд.

 

Даҳҳо ходимони давлатию сиёсӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанги кишвар маҳз тариқи ҳамин аслиҳаи ғайриқонунӣ бераҳмона ҳадафи тир қарор гирифтанд.

 

Охирҳои соли 1992 баъди аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахт ворид шудани Сарвари Давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумат шаҳри Душанбе харобу валангор буд. Аҳён – аҳён дар кӯчаҳои шаҳр нақлиёти сабукраву гаштугузори шаҳрвандон мушоҳида мегардиду халос.

 

Бори нахуст 9 сентябри соли 1993 меҳмонону сокинони пойтахт солгарди Истиқлоли давлатиро бо шукуҳи нав таҷлил намуданд.

 

Истиқлоли давлатӣ бе пирӯзии ваҳдати миллӣ устувор буда наметавонист. Бо назардошти ҳамин асос гуфтушуниди сиёсӣ мароми нахустини Сарвари давлат қарор гирифт.

 

Омилҳои ҳавасмандии ҷониби Ҳукумат, ҳусни тафоҳуми мухолифин, миёнаравии мамолики дӯст ва созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ аз рӯи се масъалаи муҳими вобаста ба бозгашти гурезаҳо, оташбаси доимӣ ва таъмини комили сохтори конститутсионӣ музокироти миёни тоҷиконро ба вуҷуд овард.

 

Сарвари давлат ҳамчун кафили амнияту осоиши сарзамин кулли ҳамватанони иҷборан фироришударо ба ҷойҳои муқимии зист даъват кард. Солҳои 1993 – 1994 аксарияти фирориён ба ватан баргашта, пайи ободии мамлакат ба раванди бунёдкорию созандагӣ вусъати нав бахшиданд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов дар ноҳияи Шаҳритус зимни истиқболи фирориён, онҳоро бори дигар аз қавлу амали ягонаи хеш дар мавриди баргардонидани кулли ҳамватанон ба диёри аҷдодӣ, таъмини ваҳдату якпорчагии мамлакат мутмаин сохт.

 

Нахустин даври гуфтушунид ҳанўз моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москав, мулоқоти минбаъда солҳои 1995 – 1996 дар шаҳрҳои Кобулу Теҳрон, Маскаву Бишкек, Машҳад, вулусволии Тахори Афғонистон, Алмаато, Ашқобод баргузор гардида, ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расид.

 

Дар ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 беш аз 1 миллион сокинони кишвар иҷборан тарки кишвар намуда буданд. Барои баргардонидани гурезаҳо ба Ватан саҳми Кумитаи радио ва телевизион, ВАО (Васоити ахбори омма) бахусус барномаи радиоии «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» хело назаррас мебошад.

 

Ба Ватан баргардонидани фирориёни иҷбории кулли намояндагони халқу миллатҳои маскуни Тоҷикистон ифодагари садоқат ва Ватани маҳбуби хеш ва қавлу амали устувори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар мебошад.

 

Бо талошҳои пайвастаи Сарвари бохираду адолатпаравар Эмомалӣ Раҳмон дар панҷсолаи нахустини марҳилаи соҳибистиқлолӣ умедвориҳои халқу миллатҳои сокинони Тоҷикистон амалӣ гардида, васвасаҳои аҳриманӣ дур андохта шуд, ақли солиму хиради дурбини фарзандони фарзонаи миллат пирӯз шуд.

 

Чӣ тавре ки Президенти кишвар Э.Раҳмон оид ба ин дастоварди беназири миллат дар асари хеш «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» овардааст: «Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон, сабру таҳаммули тарафҳои мухолиф ва кўмаки давлатҳои кафил ва созмонҳои байналмилалӣ фароҳам омад. Таърихи чаҳорсолаи музокироти байни тоҷикон собит сохт, ки дар сиришти мардуми мо хиради азалӣ, сабру таҳаммул, бурдборӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ ҳамеша мақоми баланд дорад.

 

Маҳз дар натиҷаи музокирот ва бо роҳи осоишта ҳал намудани ихтилофот фазои пуршиддати сиёсии Тоҷикистон тадриҷан мўътадил гардида, оташи ҷанги бародаркуш хомўш шуд ва миллати мо аз вартаи ҳалокатбори парокандагӣ раҳо ёфт. Ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ризоият ва ваҳдати миллӣ расидани халқи мо шаҳодати пирӯзии ақли солим буд. Махсусан дар он рўзҳои вазнин ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо фазои эътимоду бовариро афзуда, сулҳи деринтизори тоҷикон (27 июни соли 1997)  фаро расид.

 

Пешвои миллат он рӯзҳоро ба хотир оварда, менависанд: «Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем. Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро сари вақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд.

 

Аз касе пӯшида нест, ки дар ҷараёни музокирот душманони миллати мо чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар анҷоми неки сулҳи тоҷиконро намехостанд ва муқобили бозгаштани гурезаҳо ба Ватан буданд. Онҳо ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ чандин маротиба ба табаддулоти ҳарбию давлатӣ даст заданд. Лекин мо ба азму иродаи сулҳпарваронаи халқ ва неруҳои солимфикри ҷомеа такя намуда, оқибат ба мақсад расидем».

 

Тибқи талаботи созишнома комиссияи оштии миллӣ бо фарогирӣ аз ҳарду ҷониб, яъне ҳукумат ва мухолифин созмон ёфта, он ба халъи силоҳи дастаҳои мусаллаҳ, гурӯҳҳои ба истилоҳ худмуҳофиз, воридшавии силоҳбадастон ба неруҳои ҳукуматӣ  нақши муассир гузошт.

 

Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон бо аҳамияти миллӣ ва ҷаҳонии худ дар ҷодаи ба маҳалли муқими зист баргардонидани беш аз 1 миллион фирориёни иҷборӣ ва ташкили ҳамгироиҳои иҷтимоии онҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо воқеъбинона ба сифати модели нодиртарини сулҳофарӣ эътироф ва арзёбӣ гардид.

 

Шоҳроҳи сулҳи Сарвари давлати Тоҷикистон бо қадрдонию арзгузорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, эътимоди аҳли сайёра ва қабл аз ҳама рўҳбаландии пиру барнои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сиёсати ваҳдатпарастонаю муттаҳидкунандаи тамоми табақаҳои сиёсию иҷтимоӣ тавоноӣ бахшид.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баробари таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ татбиқи барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ бо фарогири се самти муайян додани мустақилият ба иқтисодиёт, тағйири сохторӣ ва дигаргуниҳои институтсионалиро зери назорати қатъӣ қарор дод.

 

Ҳамин тавр, дар  марҳилаи соҳибистиқлолӣ, дастоварди сулҳу ваҳдати миллӣ миллати тоҷикро ба як қатор комёбиҳои беназир мушарраф гардонид аз ҷумла:

-Парчами давлатӣ;

-Нишони давлат;

-Суруди миллӣ;

– соҳиби асъори миллӣ бо номи Сомонӣ гардидан, ки рукни асосии истиқлоли давлатӣ дар ислоҳоти соҳаи бонкӣ таъсири муайян расонид. Бешубҳа бо ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аз эҳтирому қадрдонӣ ва гиромидошти нахустин сулолаи давлатдории тоҷикон бо сарварии Шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад, ки баъди чандин қарнҳои фаромӯшӣ эҳё гардид;

– робитаҳои фарҳанги ҷомеаи муосир бо заминаҳои таърихии миллӣ дар шароити кунунӣ ба озодии эҷодӣ мусоидат намуда, имконияти инкишофи мероси ғании адабӣ – илмӣ ва ҳунариро вусъат бахшид;

– қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсия ба маънои томаш бахтномаи миллат буда, роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мамлакати мо, ҳамкорӣ ба мамолики сулҳпарвари олам, созмону ташкилотҳои ҷаҳониро муайян кард.

 

Инак, имрӯз шукргузории мардуми кишвари соҳибистиқлол аз он аст, ки раҳнамосози одилу тавоно, кафили амнияту оромӣ ва истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаро ба марҳилаи комилан эътимодбахши тараққиёт раҳнамоӣ мекунад.

 

Гуландом АБИЛЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири

кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академия

Похожие записи