Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ

IMG_5516

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ” бо иштироки фаъолзанон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.

Дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Азизӣ – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пратибҳа Меҳта – ҳамоҳангсозӣ доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Додихудоева Бозгул – собиқадори хизмати давлатӣ, Сироҷзода Саодат – сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, Қурбозода Ҳилолбӣ – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухалил Ғафурзода – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 100 нафар занони фаъоле, ки дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ба ҳайси роҳбар ё муовин адои вазифа доранд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Абдухалил Ғафурзода, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки боиси хушнуди ва сарфарозии мост, ки дар арафаи Рӯзи модар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Зикр гашт, ки имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми зан ҳамчун як қишри муҳими ҷомеа дар соҳаҳои мухталиф беш аз беш афзуда истодааст. Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштаи мақоми зан дар ҷомеа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расонида шудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир занони мо дар соҳаҳои маориф ва илм, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсат нисбат ба солҳои гузашта бештар ба назар мерасанд. Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар аз ҷониби кормандон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаи пиронсолон туҳфаҳо тақдим карда мешавад.

Сипас, Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки занон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба мақом ва мартабаи зан-модар ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Абдуҷаббор Азизӣ бонувону модарони тоҷикро ба муносибати таҷлили рӯзи модар табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки бо ибтикороти ҳамаҷонибаи раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароит ва мавқеи иҷтимоии занон як силсила тадбирҳои назаррас анҷом дода шудаанд, ки дар баланд бардоштани мавқеи зан нақши муассир бозидааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар даврони истиқлолият барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон дар кишварамон 20 санади муҳими давлатӣ қабул гардид, ки соли 2014 бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид кишвари моро узви Комиссияи доимоамалкунанда оид ба мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид интихоб кард.

Қурбонзода Ҳилолбӣ дар хусуси мавқеи ҲХДТ дар татбиқи қонуну фармонҳо ва барномаҳои давлатӣ суханронӣ карда, аз чанд санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои зан қабул гардидаанд, ёдовар шуд. Афзуд, ки зимни таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз барои баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа диққати хоса дода мешавад.

Дар кори конфронс инчунин занони собиқадор, донишҷӯдухтарони макотиби олӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ – Сафир, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон – Мерилин Ҷозефсон, Сафири Фаронса дар Тоҷикистон – Ясмин Гуедар иштирок карданд.

Қисми фарҳангии ҳамоишро сарояндагони номии кишвар Сабоҳат Наҷмиддинова, Лола Азизова, Муҳаррама Шарифова ва Нигина Амонқулова ҳусни маънавӣ бахшиданд. Ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд.

Аксҳо