НИШАСТИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

297527050_1240204806806605_3934349099682523159_n

3 августи соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Академия вобаста ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

 

Дар нишаст теъдоди зиёди намояндагони расонаҳои иттилоотӣ, аз қабили шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Душанбе HD”, “Мир”, “Синамо”, “Ҷаҳонамо”, “Баҳористон” Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Минбари ҳуқуқшинос”, радиои “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Садои Душанбе” ва ғайраҳо иштирок намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Дар оғоз Ректори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфта, оид ба дастовардҳо дар нимсолаи якуми соли 2022 ва нақшаҳои ояндаи Академия ба таври мухтасар ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

 

Гуфта шуд, ки дар ин давра Академия фаъолияти худро дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ ба роҳ мондааст.

 

Ректори Академия вобаста ба паҳлуҳои фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ иттилоотии заруриро пешниҳод намуд.

 

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ҳайъати омӯзгорону профессорони Академия дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва бо маърузаҳои пурмуҳтвао баромад намудаанд.

 

Аз ҷумла, ҳайъати устодону профессорони Академия дар чорабинииҳои сатҳи Академия 75 нафар, ҷумҳуриявӣ 58 нафар байналмилаӣ 20 нафар бо маърӯза баромад намудаанд.

 

Моҳи январи соли 2022 барои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи PhD ва докторантураи анъанавӣ як қатор ихтисосҳои нав гирифта шуд. Аз ҷумла, дар зинаи докторантураи PhD то ин муддат 9 ихтисос амал мекард, ки ба он 6 ихтисоси нав илова карда шуд.

 

Аз теъдоди 225 нафар унвонҷӯ 193 нафар тариқи ройгон ва 32 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Аз ин шумора дар соли 1-ум 68 нафар, дар соли 2-юм 98 нафар ва дар соли 3-юм 59 нафар таҳсил менамоянд. Дар соли 2022 38 нафар унвонҷӯёну омӯзгорони Академия ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ба нақша гирифтаанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 омӯзгори Академия Шозиёева Гулмо Парвонашоевна (17 майи соли 2022) рисолаи докторӣ ва Гулихандони Маликнеъмат (02 июни соли 2022) рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд. Аз ин ҳисоб 4 нафар аз пешдифои рисолаҳои докторӣ гузаштанд. Ҳамчунин 10 нафар аз пешфидои рисолаи номзадӣ гузаштаанд. Дар моҳи марти соли 2022 дар Академия Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва ихтисосҳои анъанавӣ ҳуқуқшиносӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

 

Зимни нишаст асосан вобаста ба масъалаҳои вазъи таъмини донишҷӯёни Академия бо ҷойи корӣ пас аз хатм, имкониятҳо таҳсил дар Академия, фаъолияти илмии муассиса, нашри маводҳо, фаъолияти пажуҳишгоҳҳо ва марказҳо, худшиносӣ, имтиёз барои хатмкунандагони дорои дипломи аъло, самтҳои мавзӯъҳои корҳои илмӣ ва монанди ин пурсишҳо ба амал оварда шуданд. Роҳбарияти Академия ба савалҳои рӯзноманигорон ба таври мухтасар ва комил посух гуфта, барои иштироки фаъолона дар нишасти хабарӣ изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Похожие записи