ОВОЗАҲО АТРОФИ “ТОЛИБОН” ВА МАВҚЕИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

НИлуфар

Ҳамарӯза хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ аз таҷаммӯи аъзоёни гурӯҳи террористии “Толибон” дар наздикиҳои сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки ин гуна хабару гузоришҳо пас аз мавқеъгирии қотеонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари “Толибон” бештар мешавад.

 

Баъд аз он, ки 1-уми майи соли 2021 Амрико ва неруҳои байналмиллалӣ ба берун бурдани низомиёни худ аз хоки Афғонистон шуруъ карданд, ҳамла ва ғасби Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористии “Толибон”, ки 20 соли охир барои аз худ кардани ҳокимияти ин кишвар роҳандозӣ кардаву меҷангид, вусъат ёфт.

 

Аз аввали моҳи май то нимаи моҳи августи соли ҷорӣ гурӯҳи террористии “Толибон” ба ҷузъ аз вилояти Панҷшер тамоми Афғонистонро забт намуданд. Толибон 15-уми август бидуни ҷанг пас аз фирори президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ Кобулро таҳти назорати худ дароварданд ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро “Аморати исломӣ” эълон карданд. Ҳарчанд гурӯҳи террористии “Толибон” солҳо боз дар рӯйхати созмонҳои террористӣ қарор дошт, баъди аз ҷониби ин гурӯҳ забт шудани Афғонистон, ҳеҷ яке аз кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои ҷаҳонӣ вокунише нишон надоданд.

 

Ҳамон гунае, ки зикр кардем, ягона вилояте, ки дар баробари “Толибон” норозигӣ карда сар нафаровард, ин сокинони вилояти Панҷшер буданд, ки аксарияташонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Онҳо барои муқовимат бо Толибон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд – писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, “Ҷабҳаи муқовимати миллӣ”-ро ташкил намуда, то имрӯз бар зидди ин гурӯҳи террористӣ мубориза мебаранд.

 

Дар навбати худ “Толибон” дар баробари сокинони Панҷшер муборизаҳои бераҳмонаро роҳандозӣ намуда, мардуми осоиштаро дар муҳосира қарор дода, бо як шеваи ғайриинсонӣ бар зидди онҳо ҷанг эълон намуданд. Бо вуҷуди кушторҳои бераҳмонаи сокинони Панҷшер аз ҷониби “Толибон” кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои ҷаҳонӣ хомӯширо ихтиёр намуданд. Дар ин миён аввалин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардуми азияткашидаи Панҷшер пуштибонӣ карда, аз хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронӣ кард. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-уми августи соли ҷорӣ дар мулоқоти худ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ гуфтанд: “Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум мекунад”.

 

Баъди нигарониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳамлаҳои “Толибон” болои мардуми Панҷшер, қатли мардуми осоишта ва хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам вокуниш нишон дод. Саид Хатибзода сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон 6-уми сентябр ҳангоми нишасти хабарӣ дар мавриди таҳаввулоти охирин дар Панҷшер гуфт: “Ахборе, ки аз Панҷшер мерасад нигаронкунанда аст”. Пасон намояндаи Эрон дар СММ Маҷид Тахти Раванҷӣ ҳамлаи “Толибон”-ро ба Панҷшер “бародаркушӣ” хонд.

 

Маҷид Тахти Раванҷӣ дар ҷаласаи вижаи Шӯрои Амният барои Афғонистон гуфт: “Ҳама ҳукумате, ки бо зурӣ сари қудрат меояд, эътироф нахоҳад шуд”. Ҳамзамон, Шӯрои олии Амнияти Миллии Эрон эълон дошт, ки “Толибон”-ро ҳанӯз ба расмият нашинохтааст. Шӯрои Амнияти Миллии Эрон ба ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дастур дод, ки аз ба расмият шинохтани “Толибон” феълан худдорӣ кунанд.

 

Дар мавриди қабули ҳукумати “Толибон” Саид Хатибзода, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар нишасти матбуоти 6-уми сентябр гуфта буд, ки мавқеи Теҳрон дар бораи ҳукумати нави Афғонистон, аз иҷрои ваъдаи ташкили ҳукумати фарогир вобаста аст.

 

Баъд аз вокуниши Ҳукумати Исломии Эрон дар минтақа, Ҷумҳурии Туркия низ эълон кард, ки дар эътирофи ҳукумати “Толибон” шитоб нахоҳад кард. Мавлуд Чевошоғлӯ, вазири корҳои хориҷии Туркия дар як суҳбати телевизионияш гуфт: “Дар эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон набояд шитоб кард. Бояд ҳукумате ташкил шавад, ки аз уҳдаи ҳалли вазъи буҳронии феълӣ баромада тавонад. Набояд роҳ дод, ки вазъ то ба ҷанги шаҳрвандӣ кашад. Барои ин ҳукумате лозим аст, ки намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ ва қишрҳои аҳолӣ дар он ҳузур дошта бошанд”.

 

Ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон – “Толибон”, ки баъди тасарруфи Афғонистон таъсиси “Аморати исломӣ”-ро эълон кардааст, дар ҳафтаи охир ба вилояти ҳаммарзи Тоҷикистон гурӯҳҳои маргталабонаашро фиристод. Ин амалашонро сухангӯи гурӯҳи “Толибон” Забеуллоҳи Муҷоҳид: “Ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдид ба амнияти кишвараш” номид, вале чунин ба назар мерасад, ки бо ин гуна амалҳо ва паҳн кардани хабари таҷаммӯи террористон дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон “Толибон” мехоҳанд Тоҷикистон назарашро нисбат ба ҳукумати ташкилнамудаи “Толибон” дар Афғонистон тағйир диҳад.

 

Воқеан, бояд ёдовар шавем, ки дар пайи нигаронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сари қудрат омадани гурӯҳи террористии “Толибон” ва ташкил кардани як кишвари дигар, давлатҳову созмонҳо дар эътирофи ин ҳукумат эҳтиёткор шуданд. Чунин ба назар мерасад, ки аксари кишварҳо айни ҳол аз эътироф намудани ҳукумати ташкилкардаи “Толибон” худдорӣ мекунанд. Тоҷикистон аз аввалин кишваре буд, ки ҳукумати ташкилнамудаи “Толибон”-ро эътироф накард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо “Толибон”-ро барои амалҳояшон ва нодида гирифтани ҳаққи тоҷикон дар Афғонистон маҳкум намуданд.

 

Маълум аст, ки дар дохили ҳукумати ташкилнамудаи “Толибон” як қатор мушкилиҳо пайдо шуда, байни гурӯҳҳои алоҳида нофаҳмиҳо ва кашмакашиҳо вуҷуд дорад. Баъдан дар замоне, ки “Толибон” ҳатто Панҷшерро натавонистанд зери итоати худ дароранд, наметавонанд ҳеҷ хатаре барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд. Тоҷикистон барои ҳимояи марзу буми худ неруҳои кофӣ низ дорад. Бояд бигӯем, ки ин ҳама таҳдидҳову таҷаммӯи “Толибон” дар сарҳади кишвари мо ҳеҷ хатаре нахоҳад дошт.

 

Нилуфар КАРИМЗОДА,

мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия

Похожие записи