ОРМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН – ПАДИДАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ

Далер

Вақте ба раванди таърихи ташаккули истиқлоли тоҷикон амиқан назар менамоем, равшан мегардад, ки роҳ ба сӯи истиқлол бисёр мураккабу тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомез будааст. Аммо дар замири миллати тоҷик омилҳои бунёдии эҳёи истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутуни ҳаёти фаъоли ин миллат буданд.

 

Ормони истиқлол фарзандони муборизу ватандӯст ва хирадманди миллатро ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлоли Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо қуввату тавоноӣ бахшидааст. Таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, дар асл саргузашти муборизаҳои бисёр сахту сангин ва ҷонбозиҳои пур аз фоҷиа барои истиқлолу озодӣ, бунёду ҳифзи давлатдории миллӣ ва бо муросою мадоро, ҳусни тафоҳум, зиракию бедорӣ раҳидан аз чанголи сиёсати рақибони золиму истисморӣ мебошад.     

 

Тоҷикон борҳо бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки тавонотарин қудрати замони худ буданд, вале онҳо бо ҷасорату матонат, фидокории бемислу монанд, зиракию фаросати фитрӣ, тадриҷан ба даст овардани идораи мулк ва оини давлатдорӣ миёни абарқудратони мағлубнопазирро шикастаанд. Махсусан, бар зидди Искандари Мақдунии ҷаҳонситон шӯрида, ду соли тамом бо лашкари бешумору шикастнопазири ӯ набарду пайкорҳои беамон бурдани Спитамени суғдӣ, баъди марги Спитамен набардҳои ошкору ниҳонро дар қисмати ҷанубии қаламрави Бохтару Суғд ба муқобили Искандари Мақдунӣ идома додани Катан ва Овстан ва дар набардҳои муҳорибаи нобаробари минтақаи Паретакена қаҳрамонона ҳалок шудани онҳо аз ҷумлаи ин гуна саҳифаҳои муборизаҳои истиқлолхоҳии ниёгони тоҷикон ба ҳисоб меравад.

 

Ҳамчунин ба тахти Искандари Мақдунӣ қаҳрамонзани бохтарӣ Рухшонаи духтари Вахшуварт «ҳамсари шарқӣ ва асираи мақдуниҳо» нишаста, дар атрофи худу писари хурдсолаш Искандари IV неруҳои хайрхоҳ, аз ҷумла ашрофони бохтариро муттаҳид сохт ва дувоздаҳ сол, яъне то замони ӯро заҳр дода куштани рақибонаш империяи бузурги мақдуниҳоро идора мекард. Новобаста ба ин идомаи талошҳои истиқлолхоҳӣ боиси он шуд, ки ба арсаи сиёсат ва давлатдории эллинӣ духтари Спитамен – Апама омад, ки ӯ ҳамсари императори нави Мақдуниён дар Осиёи Марказӣ ва Эрон – Селевк буд. Писари онҳо Антиохи I дар давраи зиндагии падараш Селевк меросбари қонунии салтанати Селевкиён гардида, ҳукмронии ҳудудҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла вилоятҳои Бохтар, Суғд, Марғиён ва Портро ба уҳда дошт.

 

Шӯришу муборизаҳои пай дар пайи фарзандони бонангу номус ва барӯманди миллати мо – Сумбоди Муғ, Деваштич, Ғурак, Муқаннаъ, Бобак, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Шаҳбол, Восеъ ва даҳҳои дигар аз рӯҳи мубориза, озодихоҳӣ, меҳанпарастӣ, ҷавонмардӣ, ҳусни тадбиру зиракӣ ва ормонҳои волои истиқлолхоҳӣ шаҳодат медиҳад.

 

Талошҳои зиёда аз сисолаи Фирдавсӣ дар навишти «Шоҳнома» намунаи олии ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳӣ буда, бо тасвири таърихи пурифтихори подшоҳони Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён шукўҳу шаҳомати фарҳанги қадима ва оини давлатдории ниёгони тоҷиконро фузуда, дами шамшери хунрези бегонагонро кунд сохт ва истилогарони золиму истисмориро бо тамаддуни ғании гузаштагони мо ошно намуда, миллати моро аз хатари парокандагиву нестшавӣ эмин нигоҳ дошт.

 

Шахсиятҳои барҷастаи таърихи халқи тоҷик ба монанди Куруши Кабир, Дорои Бузург, Спитамен, Вахшуварт, Канишкои Бузург, Хусрави Анӯшервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи рӯҳи тавоною бешикаст, омезиши ҷасорати оқилонаи ирсию иродаи босубот, талошҳои хастагинопазири давлатсозию давлатдорӣ ва таҳкими озодиву истиқлол буданд. Ташкилшавии нахустин давлати миллӣ ва мутамаркази тоҷикон – Сомониён натиҷаи ин ҳама муборизаҳо буд. Маҳз бо шарофати талоши бардавому пайгиронаи ин абармардон оини давлатдории тоҷикон таърихан бунёди неруманди маънавӣ ва асолати фарҳангӣ касб карда, дар гаҳвораи ду тамаддуни бузурги олам – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни ислом ба камол расид ва ин тамаддунҳоро тадриҷан рушду нумӯъ ва шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид.

 

Таҷрибаи гаронбаҳои таърихии мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ – дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулоддаи ҳаётӣ дошт. Маълум аст, ки дар охири асри XIX ва оғози асри ХХ миллати тоҷик бинобар омилҳои зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт.

 

Дар ҷараёни як асри охир миллати тоҷик давраи пур аз тазод ва муборизаҳои пурфоҷиаро паси сар намуда, се зинаи инкишофи давлату давлатдорӣ ва роҳи сахту сангини расидан ба истиқлоли миллиро сипарӣ кардааст: интиҳои давраи давлатдории аморати Бухоро, таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ниҳоят эълом шудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва навсозию эҳёи давлатдории миллӣ.

 

Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар қаламрави Бухорои Шарқӣ сарфи назар аз иштибоҳоти тақсимоти марзӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи халқиятҳои тоҷиктабори кишварҳои ҳамсоя, барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои куҳани таърихӣ ва ташаккули шакли нави давлату давлатдории онҳо мусоидат намуд.

 

Доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор на фақат асолат ва ҳастии таърихии тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд, балки бо ҳамдастӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи халқи мо мекӯшиданд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати асил ва соҳибватан мубталои фаромӯшхонаи таърих гардад.

 

Дар чунин як марҳилаи сарнавиштсоз устод Садриддин Айнӣ вориди саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ шуд, ки муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва ғоявию адабии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шоиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар ин марҳилаи таърихӣ буд. Новобаста аз мушкилоти зиёд чанде аз шахсиятҳои сиёсию ҳизбӣ, алалхусус Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ба хотири таъмини манфиатҳои тоҷикону Тоҷикистон талоши фаъолона варзиданд, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 мусоидат намуд.

 

Таърихи ҳафтод соли ҳамзистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ як пораи фаромӯшнашавандаи эҳёи истиқлолият ва давлату давлатдории мо дар фазои нави сиёсӣ буда, бо вуҷуди маҳдудиятҳояш Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро ба сӯи иқтисоди пешрафтаи ҷаҳонӣ, техникаю технологияи мукаммал ва маърифати волои замонавӣ ҳидоят кард. Табиист, ки низоми Шӯравӣ маҳдудиятҳои ошкори худро дошт ва дар чаҳорчӯбаи низоми он бо ҳусни тадбиру иродат ва талоши пайгирона тақвияти бештари неруҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва технологӣ имконпазир буданд.

 

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон расман ба парокандашавии империяи абарқудрати шӯравӣ ва фаро расидани марҳилаи нави таърихӣ рост омад. Раванди фарорасии истиқлоли давлатӣ ва худро ҷумҳурии мустақилу субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ эълон намудани Тоҷикистон аз рӯи расмият ба дигар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол шабоҳат дошта бошад ҳам, ҷараёни минбаъдаи он дигаргуниҳои ҷиддӣ, алалхусус муқовимату ихтилофҳои шадиди иҷтимоӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор овард. Дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз 9 сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон расман эълон шуд. Ин яке аз воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав фароҳам гардид. Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлат пас аз имзо шудани санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» хеле вусъат ёфт ва дар зеҳну шуури мардум арзишҳои миллӣ ҷои хосаро ишғол карданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки бо таърихи куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавад, решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, онро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлол истифода намояд.

 

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 130 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ мондааст. Ҳамчунин дар тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 60 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид. Маҳз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан СММ кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид. Акнун рисолати ҳар як узви ҷомеаи соҳибистиқлол имрӯз пеш ҳама арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан бо тамоми ҳастӣ махсуб меёбад. Истиқлоли миллат дар заминаи хирад ва ваҳдати миллӣ устувор мегардад, аз ин рӯ якдилии миллат ва якпорчагии Ватан бояд шиори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

 

Далер ҚОДИРЗОДА,

декани факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи