ПАРЧАМ РАМЗИ АСОЛАТИ ДАВЛАТДОРӢ

IMG_6068

Ҳар як халқу миллати соҳибдавлат дорои рамзу нишон ва дигар махсусиятҳои давлатдорӣ мебошад. Ин аломатҳо ифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории ҳамон халқ буда, мояи ифтихор ва эҳтироми абадӣ қapop мегиранд.

 

Рамзҳо таърихи хеле қадима дошта, дар раванди зиндагии одамон нақшҳои гуногунро иҷро менамоянд. Одамон ба воситаи аломату ишора ва рамзҳои гуногун дар рӯи замин, сангҳо, чӯбу дигар ҷисмҳои сахт баъзан мақсаду маром ва фикру андешаҳои худро баён менамуданд. Нишону рамзҳо аз қадимулайём дар санг ҳаккокӣ, дap чӯб наҷҷорӣ ва дар матоъ нақшдузӣ мегардиданд, ки ҳар яке он ба худ хусусиятҳои хосеро дода буд.

Ба қавли Фирдавсӣ Кова шуришчиёнро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, овард ва у дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо, матои ранги сурх, зард ва бунафш зебу ороиш дод ва «Дирафши Ковиёнӣ» ном гузошт, ки дар он нишонаи равшанӣ, меросияти муборизаву ҷонисориҳои ниёгони мо ифода ёфтааст.

Дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб таҷассум ёфта буд, ки нишонаи тавонӣ, матонату ҷасорати давлатдории форсу-тоҷикро ифшо намуда, як давлати нерӯманди он замонаро муаррифӣ менамуд.

Ҳануз дар асрҳои 3-2 пеш аз милод қабилаҳои ориёнажод соҳиби рамзи худ буданд, ки он «Меҳроб» ё «Фарри ориёӣ» ном дошт. Ин рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадият буда, ишорае буд ба чаҳор унсур: хок, об, оташ, ҳаво, ки мавҷудияти оламро ташкил медиҳанд.

Дар парчами Аморати Бухоро бо забони арабӣ калимаҳои зайл навишта шуда буд: («Подшоҳ-сояи Худост»), («Нест Худое ба ҷуз Оллоҳ ва Муҳммад расули ӯ»). Дар байни навиштаҷот ситораи тиллоии панҷгуша ва ҳилоли дар «дасти Фотима», ки рамзи таманнои хушбахтӣ дар анъанаҳои исломист, ҷойгир карда шуда буд.

Дар ҷумҳуриҳои собиқ сотсиалистӣ дар байрақ досту болѓа ва ситораи панҷгӯша сабт шуда буд. Досту болѓа дӯстии синфи коргару деҳқон ва ситораи панҷгӯша рамзи муттаҳидии пролетариат буд.

Дар нишонии парчами ҶМШС Тоҷикистон (солҳои 1924-1929) бо ду забон: русӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) чунин калимаҳо навишта шуда буд: (Пролетариатҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед! «Пролетарии всех стран, соединяйтесь!»).

Дар нишонии парчами ҶШС Тоҷикистон солҳои 1929-1953 бо хатҳои русӣ, лотинӣ ва форсиасос навишта шуда буд: Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (Пролетариатҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед! «Пролетарии всех стран, соединяйтесь»).

Соли 1929 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи Парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард ва бори аввал ба таври расмӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардид. 20-уми марти сол 1953 Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудан тағйироту иловаҳо ба байрақи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» интишор гардид, ки мувофиқи он матои байрақ аз чор рахи ранги уфуқӣ, рахи сабз даҳяк ва рахи поён сурх панҷ яки байрақро мегирифт, ташкил ёфта, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд.

Ранги сурх – ифодаи анъана ва инқилоби халқи шӯравӣ;

Ранги сафед-инкишофи пахтакорӣ ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолот;

Ранги сабз аз мавҷудияти боғу токзорҳо, дарахтпарварӣ шаҳодат медод, ки ин рангу ифодаҳо то даврони истиқлол боқӣ монданд.

Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (9.09.1991) масъалаи тағийр ва қабули рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. Ҳанӯз 12-уми ноябри соли 1991 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқҳо эълон намудани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатиро зарур дониста, қарор қабул карда, низомномаи онро тасдиқ намуд, ки талаботҳои зеринро дар бар мегирифт:

Парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории миллиро ифода кунанд;

Парчам ва нишон бояд рангҳои миллии худро дошта, инъикосгари таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷикро ифода карда, барои эҳёи миллати тоҷик мусоидат намуда, пайвандгари наслҳо бошаду ба арзишҳои башарӣ мувофиқ бошад.

Дар натиҷа ба комиссия зиёда аз 200 тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчами пешниҳод намудаи Маҳмадулло Сайдалиев ҷойи аввалро соҳиб шуда, барои тасдиқ ва қабул ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-ум рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24 -уми ноябри соли 1992 қабул намуд.

Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро дошта, моро ба худшиносию худогоҳӣ, ҳисси баланди ватандорӣ ҳидоят мекунад.

Ранги сурх дар Парчам – рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият ифода ёфтааст. Дар тасаввуроти аҷдодони мо ранги сурх рамзи шуои офтоб, равшанию рӯсурхӣ буда, оламро мунаввар месозад, моро ба «Дирафши Ковиёнӣ» мепайвандад, зеро он ҳам ранги сурх дошт ва ифодагари мубориза баҳри озодӣ буд.

Ранги сафед дар Парчам – рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ буда, дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, ҳаёт, абадият ва заволи зулматро ифода мекард, моро ба гузаштагони дури худ бевосита мепайвандад. Зеро покӣ, равшанӣ, сафедӣ дар «Авесто» рамзу нишонаи муқаддас эътирофгаштааст.

Ранги сабз дар Парчам – нишонаи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзию хуррамии Ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои зиндагӣ васарсабзиро дошт.

Акси тоҷ ва ҳафт ситора дар фарҳангу тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро доро буда, дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории куҳанро ифода мекунад. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ аломати ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист ва фаромӯш набояд кард, ки решаи калимаи «Тоҷик» бе восита аз ибораи «Тоҷ»- мардуми тоҷдор сарчашма мегирад.

Ҳафт ситораи Парчам. Шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобидашуда, моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончи ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафтсин, ҳафт шин, ҳафтрӯзи ҳафта ва ғайра. Дар Парчами миллӣ акс гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хушӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Ҷилваи Парчами миллӣ чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ ва аксҳои он рамзи ягонагию ваҳдат, сулҳу суббот, раҳнамоӣ намудан, дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир, барои ба даст овардани дастовардҳои нав мебошад. Қадршиносии Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносиву асолати давлатдорӣ мебошад.

 

И. МАҲМАДОВ,  

муовини сардори раёсати таълим