ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМО БАРОИ МО, ҶАВОНОН

50876556668_7275e73688_o

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ дастурҳои худро вобаста ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар иброз дошта, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳуриро муайян намуданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола махсусан нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вобаста ба рушди соҳа дастурҳои мушаххас иброз доштанд. Аз ҷумла қайд намуданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”.

Перомуни рушди соҳаи варзиш зикр карданд, ки солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне, шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст.

– “Танҳо соли 2020, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.”

Роҳбари давлат бо ёдоварӣ аз таъсиси ҷоизаи махсус дар соҳаи кор бо ҷавонон ва руҳбаландии онҳо баён доштанд:

“Мо ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд.

Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем”.

Пешвои миллат барои равона намудани диққати асосӣ ба масъалаи сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи мутахассисони варзида ва ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ таъкид карданд:

“Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Паёми имсолаи Президент наврасону чавононро дар пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби иҷтимоӣ, дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва инсондӯстӣ, инчунин эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ ҳидоят менамоянд.

Мо, ҷавонон, бояд ҳувияти миллии худро бештар аз пештар дарк намоем, ҳамеша чашми бедор дар ҳифзи ватану халқу миллат дошта бошем. Бо ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Пеш аз ҳама, бояд сари ин масъала андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем”.

Бо нерӯи шикастнопазир ва қавӣ дар раванди корҳои ободониву шукуфоннамоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири истиқболи сазовор аз 30 – солагии истиқлоли кишвар саҳмгузорӣ намоем.

Алишер Исломиддинзода,

корманди Академия

Сафармади Шариф,

хатмкардаи Академия

Похожие записи