ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ДАСТУРИ РАҲНАМО

1

Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти навбатии маҳфили донишҷӯии Фиристодагон.TJ бахшида ба рӯйдоди муҳимми сиёсию таърихӣ – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури раҳнамо” баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ устодон, магистрантон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, маърӯзаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ, роҳбари маҳфили мазкур, н.и.т. дотсент Бобозода Ф.Т. самту авлавиятҳои сиёсати хориҷиро, ки дар Паёми Президенти кишвар таҳлил ва баррасӣ гардида буданд, қайд карданд.

Ҳамзамон, иброз доштанд, ки Презденти мамлакат дар паёмҳои ҳамасолаи худ ғайр аз масъалаҳои сиёсати дохилӣ, инчунин ба масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд, ки асосан ба проблемаҳои мубрами Афғонистон равона гардидааст. Ин аз сиёсатмадори варзида, дурандеш, хирадманд ва оқилу доно будани Пешвои миллат ва ташаббускории Тоҷикистон оид ба ҳалли проблемаҳои глобалию минтақавӣ шаҳодат медиҳад.

Сипас, донишҷӯи курси сеюм, Сайдуллоев Б.Р. дар мавзӯи “Моҳият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021” маърузаи худро баён намуда, маълумотҳоро бо истифода аз техника ва технологияи муосир пешкаши иштирокчиён намуд. Ҳофизов Худоёбердӣ – магистранти курси якум бо забони англисӣ доир ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ибрози ақида намуда, дар мавзӯи сиёсати иқтисодии байналмилалии Тоҷикистон маърӯзаи хешро баён намуд. Донишҷӯён Мадамилова Зарина ва Абдулазиззода Азиза бошанд, дар мавзуъҳои “Нақши зан дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат” маърӯзаҳои хешро бо забони русӣ ироа намуданд.

Дар маҳфил моҳияти Паёми Президенти кишварро ҳамчун масъалаи мубрам ва созанда шуморида қайд намуданд, ки ироаи Паём ин як навъ роҳнамо ва барномаи рушди устувори ҳамаи самтҳои сиёсати кишвар дар муҳлати кӯтоҳ мебошад, ки боиси гулгулшукуфоӣ ва пешравии мамлакат, ҳамчунин, расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар доираи ин маҳфил дотсент Бобозода Ф.Т. ба шогирдон тарз ва усулҳои ба таҳқиқ кашидани Паём ва дигар суханрониҳои Пешвои миллатро омӯзонданд, ки минбаъд дар омода кардани мақола ва рисолаҳои илмиву соҳавӣ зарур аст.

Қайд кардан зарур аст, ки чунин чорабиниҳо барои муҳассилин бениҳоят муфид ва судманд буда, барои гирифтани донишҳои соҳавӣ ва такмил додани онҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Аксҳо

Похожие записи