ПАЁМ ТАҶАССУМГАРИ САОДАТУ НЕКБАХТӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МОСТ

Абдуалимзода Исмоил Иброҳим

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Эмомалӣ Раҳмон

 

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ тамоми шаҳрвандони кишвар мисли паёмҳои қаблӣ бесаброна интизор буданд. Чун ба мо маълум аст, ки паёмҳои Сарвари давлат чун номаи бахт, ба самъи ҷомеа расонида мешаванд. Паёми соли ҷорӣ низ саросар аз ҳидояту роҳнамо иборат буд. Дар ин Паём Пешвои миллат ба тамоми аҳолии мамлакат вобаста ба соҳаҳои мухталиф муждаи нек расонида, онҳоро барои як зиндагии аз ин ҳам хубу осоишта башорат доданд.

 

Дар аввали матлаб мо иқтибосеро аз Паёми Пешвои миллат вобаста ба истифода додани 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ, ки дар онҳо беш аз 6500 ҷойи корӣ муҳайё шудааст, ишора намудем. Воқеан аз ин дида дастоварди калон намешавад, вақте ки дар як сол 6500 ҷои корӣ танҳо дар корхонаҳои саноатӣ муҳайё мегардад. Чун ба мо маълум аст, ки солҳои охир, бахусус дар соли 2020 сатҳи ҷойҳои корӣ ба таври назаррас поён рафта, қисме аз аҳолии сайёра бекор монданд. Бекор мондани аҳолӣ бошад, албатта паёмадҳои нохуб пушташ дорад, ки аввалини он фақру нодорӣ мебошад.

 

300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷои корӣ дар соле муҳайё гардид, ки ҷаҳон дар рӯбарӯи буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор гирифтааст. Бо шаҳри ин нукт хубтар аз Паём ошно мешавем, ки Пешвои миллат қайд карданд: “Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид”.

 

Ҳамчунин 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда паёми барҷастаи рушди маориф дар кишвар мебошад. Дар соле, ки тамоми давлатҳо худро дар садади хатару таҳдид медиданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат на танҳо ба вируси ҳамагирӣ коронавирус ғолиб омад, балки дастовардҳоеро соҳиб гардид, ки бешак баъзе давлатҳо дар давраи амну оромӣ онро соҳиб гардида наметавонанд. 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда далели бебаҳси гуфтаҳои болост.

 

Дар соле, ки “Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро…” расонид, Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати хирадмандона, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ” намуданд. Чуноне дар Паёмашон Сарвари давлат зикр намуданд: “Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем”.

 

Бадин васила дар кишвар на танҳо буҳрони ҷаҳонӣ пешгирӣ карда шуд, балки “Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

 

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд”.

 

Ҳамин тавр, мо метавонем, аз ҳар хати Паёми Пешвои миллат як фатҳу як навиди хушро ба худ гирем. Паёми Сарвари давлат номаест, ки ҳамаи моро таҳрик ба сохтану обод кардан, дӯст доштани Ватану ҳифзи он медиҳад. Аз ҳамин зовия моро мебояд, ки Паёми Пешвои миллатро нукта ба нукта омӯзем, аз худ кунем ва ҳарф ба ҳарф онро дар амал татбиқ намоем. Чун роҳи саодату небахтӣ ва ояндаи дурахшони мо, тоҷикистониён дар он таҷассум ёфтааст.

 

Исмоил АБДУАЛИМЗОДА,

ноиби ректор оид ба иқтисод ва

хоҷагидории Академия

Похожие записи