“ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ”

1

Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлатҷон Ғаффорзода ва донишҷӯёни хобгоҳи Академия бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниро Назарзода А.С., мудири бахши кор бо ҷавонони Академия ифтитоҳ намуда, меҳмонро ба ҳозирин шинос намуд.

 

Муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлатҷон Ғаффорзода аз номи роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирокчиёни вохӯриро ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30 – солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, барояшон муваффақиятҳои беназиро таманно намуд.

 

– Шумо хушбахтарин ҷавонони Тоҷикистон мебошед, ки дар ин даргоҳи муқаддас, ки таҳсил намуда истодаед. Рисолати мову шумо аз он иборат мебошад, ки аз илмҳои замони муосир ва аз таҷрибаи устодони ин даргоҳи муқаддас барои худамон омӯзем ва дар оянда татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои Ҳукумат гардем, – гуфт дар идомаи суҳбати худ Давлатҷон Ғ.

 

Дар охир донишҷӯёни фаъол аз ҷониби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Похожие записи