ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲ

Дар ибтидои асри XXI инсоният бо таҳдидҳои глобалии замони муосир: аз қабили ифротгароӣ, таасуби динӣ ва терроризм, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст. Пайдоиш ва густариши ифротгароӣ, таасубгароии динӣ ва терроризму (даҳшатафканӣ) бунёдгароии мазҳабӣ барои инсоният фоҷиаи мудҳишу муноқишаҳои зиёдеро ба бор оварда, аз аҳди бостон то замони мо барои ҷомеаҳои орому осоишта яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз инсоният дар пешорӯйи ин хатарҳо ва даҳшатафканиҳою тахрибкориҳои гурӯҳҳои ифротию тундраву бунёдгаро ва таасубгарои динӣ қарор дорад.

 

Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар воқеъбинона таъкид намуданд, ки: “Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар баъзе кишварҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.

 

Воқеан, солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосирро хеле ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта боиси вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои гуногуни хориҷӣ мегардад.

 

Вобаста ба ин, дар шароити имрӯзаи давлатдории навинамон худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон барои пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бавижа пешгирии терроризм, экстремизм ва таасубгароии динӣ нақши муҳим доранд.

 

Дар шароити имрӯзаи давлатдориамон шаҳрвандони мо хоҳ дар дохили кишвар ва хоҳ дар хориҷи он бошанд, бояд манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро амиқ дарк намоянд, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпарвар бошанд, бо эҳсоси амиқи ифтихори миллӣ дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кардаву таҳким бахшида тавонанд.

 

Ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳӣ чун василаи дастёбӣ ба ташаккули фарди иҷтимоӣ ва расидан ба такомули шахсият чун нуктаи эътидоли камолёбии инсон мебошанд. Ташаккули малакаҳои хештаншиносию хештандорӣ ва ифтихори миллӣ шартҳои муҳими тарбияи насҳо ба шумор мераванд ва барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарою тундгаро ва таасубгароии динӣ нақши муҳим доранд.

 

Дар таърихи динҳои ҷаҳонӣ ҳолатҳои хусусияти ифротгароӣ касб намудани баъзе ҷараёну шохаҳои онҳо кам нестанд ва инсоният шоҳиди даргириҳои зиёде дар ин замина шудааст. Агар ба таърихи ислом назар кунем, таасубгароии динӣ ва мазҳабгароӣ дар асрҳои аввали ислом сабаби кашмакашиҳо ва хунрезиҳои зиёд гардида, дунёи исломро ба таназзул ва парокандагӣ рӯ ба рӯ карда буд. Маҳз мазҳаби таҳаммулгароёнаи Имоми Аъзам мусулмононро ба ҳамгироӣ даъват намуда, исломро аз парокандашавӣ нигоҳ дошта тавонист. Чунин ҳолати ихтилофи мазҳабӣ дар ибтидои асри ХV дар Хуросону Вароруд байни шиамазҳабони хонадони Сафавиҳо ва суннимазҳабони сулолаи Шайбониёни Дашти қипчоқ, ки давлати Темуриёнро тасарруф карда буданд, ба амал омада буд. Оқибати ин мазҳабситезии ин ду сола боиси хунрезии зиёд дар сарзамини мо гардид ва ҳаёти иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар минтақа рӯ ба таназзул оварда, дар 300 соли охири қабл аз Ҳукумати Шӯравӣ Осиёи Марказӣ ба минтақаи аз ҷиҳати иқтисодию иҷтиоӣ қафомондаи дунё табдил ёфт ва аз ин харобию мухолифати дохилии байни давлатҳои минтақа истифода карда, бегонагон як қисми сарзамини Осиёи Миёнаро забт намуданд.

 

Мутаасифона, шурӯъ аз охирҳои асри ХХ ва итидои асри ХХI дар дохили пайравони дини ислом ифротгароии динӣ аз нав авҷ гирифта, дунёи исломро ба задухурдҳои бемантиқу беасоси мусаллаҳона дучор кард ва натиҷаи ин даргириҳо дар Шарқи наздик муҳоҷирати иҷборӣ, қатли одамон ва хароб гардидани иқисодиёти кишварҳои минтақа ва камбизоату фақри мардум гардид.

 

Ин раванд ва чунин фитнаҳо, бо вуҷуди мавҷудияташон дар тӯли таърих, ҳеҷ гоҳ хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ ва шохаи мовароуннаҳрии он набуд. Имрӯз низ касе ҳаққи маънавии ба чунин фитнаҳо кашидани мардуми таҳаммулпазири моро надорад. Мо дар баробари ҳушёрӣ ва зиракиамон бояд нағз донем, ки фитнагар, ифротгаро ва таҳаммулнопазир на ба миллат, на ба мазҳаб ва на ба эътиқоди мо наздикӣ надорад.

 

Воқеияти сиёсии ҷаҳони муосир да мубориза ба ифротгароию терроризм нишон медиҳад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ ба пуррагӣ наметавонад ин таҳдидҳоро решакан намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҷаҳони имрӯза терроризму ифротгароиро ҳамчун мушкилоти умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили онҳо мувофиқи мақсад мешуморад.

 

Дар натиҷаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шароити имрӯза кишвари мо аз нигоҳи сиёсӣ ва амният ба дастовардҳои беназир ноил гардид ва тибқи таҳқиқоти як гуруҳи байналмилалии коршиносони “Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод” 23 меъёрро барои баррасии вазъи амниятии Тоҷикистон дар назар гирифтааст, ки яке аз онҳо ҳамкорӣ бо СММ дар таъмини сулҳу суботи минтақа аст. Тоҷикистон дар раддаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки таъсири хатари терроризм дар онҳо дар ҳадди пойин аст.

 

Аммо мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи манфиатҳо миллӣ ва пешгирии ифротгароию терроризм ва таасубгароии динӣ ҳамеша дар талош бошем. Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар чунин шароити ҳасос ва тақдирсоз барои давлату миллат мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои миллиамонро ҳифз карда тавонем.

 

Ҳамкории қишрҳои мухталифи ҷомеа ва ниҳодҳои анъанавӣ имконият медиҳанд, ки тавассути тарғиби арзишҳо, меъёрҳо ва анъанаҳо ҳувияти миллию динии мардум боло рафта, пеши роҳи паҳншавии равияҳои ифротии динӣ ва гаравши ҷавонон ва гумроҳшудагон ба ин гурӯҳҳо гирифта шаванд.

 

Ҳамин тавр, мубориза бо ифротгароӣ, таассуби динӣ ва терроризм вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ҷомеа буда, дар маҷмӯъ барои ҳифзи асолати миллӣ, таъмини сулҳу субот нақши муҳим бозида, барои таҳкими амнияти сиёсӣ ва рушду такомули минбаъдаи давлату давлатдори Тоҷикистони азизамон мусоидат менамояд.

 

АЛИЗОДА Б. П.,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

ходими пешбари илмии

Пажӯҳишгоҳи идоракунии

давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи

Аксҳо

Похожие записи