ПЕШДИФОИ УНВОНҶӮИ АКАДЕМИЯ ДОИР ГАРДИД

IMG_3651

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешдифои диссертатсияи унвонҷӯи Академия Мирзоева Меҳрубону Умаровна доир гардид.

 

Мирзоева М.У. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Масъалаҳои самаранок истифода бурдани маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти аҳолӣ ва  хоҷагии халқ) бо роҳбарии н.и.и., дотсенти кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Анвар Абдуллоевич барои пешдифоъ пешбарӣ намуд.

 

Зимни баромади худ унвонҷӯ Мирзоева М.У. мақсади таҳқиқоти худро шарҳ дода аз ҷумла гуфт, ки ҳадаф аз омӯзиши масъалаи мазкур самаранок истифода бурдани маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани таклифу хулосаҳо доир ба татбиқи амалии он иборат мебошад.

 

Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки: “Асосҳои назариявию методологӣ ва хусусиятҳои муайян кардани воридот ва содироти маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявию қарзӣ омӯхта баромада шуданд. Муқаррар карда шуд, ки дар давраи муосир масъалаи интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат аҳамияти калон дорад. Дар давоми солҳои 2007-2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони номбурда 34 млрд. 522 млн. доллати амрикоӣ маблағ ворид гардид ва айни замон ягон соҳаи хоҷагии халқи мамлакат чунин имкониятро оид ба дастгирии молиявии аҳолии кишварамон надорад.

 

Дар пешдифои унвонҷӯ Мирзоева М.У. 17 нафар докторон ва номзадҳои илм иштирок карда, ба кори ӯ баҳои баланд доданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки Мирзоева М.У. аз сентябри соли 2019 то инҷониб дар кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти педагогӣ намуда, ҳамзамон унвонҷӯи Академия мебошад. Мавсуф вобаста ба мавзӯи рисолаи диссертатсионии худ 10 мақолаи илмӣ, аз ҷумла дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад мақолаи илмӣ чоп намудааст.

Похожие записи