“РОҒУН” – КОРЗОРИ ВОҚЕИИ НАНГУ НОМУС ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

IMG_8471

(Таассуроти сафари ҳайати профессорону устодон ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба НБО “Роғун”)

 

Неругоҳи барқии обии “Роғун” дар сарнавишти миллати тоҷик ба мисоли як кохи бузургу муҳташам ва чун нишонаи ифтихору сарбаландии миллӣ муаррифӣ мешавад. Бидуни шакку тардид бунёд ва мавриди истифода қарор додани чунин иншооти бузурги аср мардуми мо ва кишвари азизи моро ба ҷодаи комёбиҳою музаффариятҳо ва дастовардҳои азим раҳнамун месозад. 

 

10 январи соли 2021 ҳайати профессорону устодон ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳбарии ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода А.Д. барои боздид аз ҷараёни корҳои фидокоронаи фарзонафарзандони содиқи Ватан дар НБО “Роғун” ва вохӯрӣ бо кормандони он ба шаҳраки Роғун сафар карданд.

Дар оғози сафар Ректори Академия ба муовини директори техникии ҶСК НБО “Роғун” Анвар Раҳмонов ҷилдҳои 1 ва 2-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккур ва рушд”-ро тақдим намуд.

Дар ҷараёни шиносоӣ муовини директори техникии ҶСК НБО “Роғун” Анвар Раҳмонов ва яке аз кормандони варзидаву собиқадори соҳа, муовини директори истеҳсолии НБО “Роғун” Мурод Саъдуллоев ҳайати кормандону омӯзгорони Академияро пешвоз гирифта, дар толори намоиш дар бораи ин иншооти бузургу беназир маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки иншооти мазкур аз ҷиҳати муҳандисӣ дар ҷаҳон беназир аст ва ин вижагиҳои эъҷозофари иншоот аз тарафи мутахассисони варзида ва собиқадор, олимону муҳандисони сатҳи байналмилалӣ ва сиёсатмадорону донишмандон баҳои баланд дода шудааст.

 

Аз суҳбати кутоҳ бо ин ду инсони фидоии миллат маълум гардид, ки дар ин иншооти азими стратегӣ фаъолияти роҳбарият ва тамоми коргарон дар тамоми самт бо матонату садоқат ба Ватан амалӣ мегардад.

 

Бо ташаббуси роҳбарияти ин иншооти муҳим шиносоии мо аз “Нақшаи бунёди НБО-и Роғун”, ки ҳанӯз солҳои 70-уми асри ХХ дар Институти лоиҳакашии шаҳри Тошканд тарҳрезӣ гардидааст, оғоз гардид. Директори иҷроияи НБО-и “Роғун” Раҳмонов Анвар Мирзоевич, ки таҷрибаи бойи бунёди неругоҳҳои обиро дар кишвар дорад, лоиҳаи Нақшаи бунёди НБО “Роғун”-ро муаррифӣ намуда, оид ба корҳои нақбканӣ, васлгарӣ ва дигар фаъолияти созандагӣ маълумоти муфассал ироа намуд. Дар суханронии хеш Анвар Мирзоевич аз ҷумла зикр дошт, ки баъди дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо қавииродагию ҳисси баланди ватандӯстонаашон, бо дарки амиқи аҳамияти калидӣ доштани неругоҳи “Роғун” ба ояндаи дурахшони мамлакат барои аз нав ба сохтмони он шурўъ намуданро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор доданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муътадил гаштани вазъи сиёсии мамлакат 29 майи соли 2002 бо мақсади шинос гаштан ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун ва ҳолати иншооти тақдирсози миллӣ ташриф оварда, зикр намуданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри барқароркунии корҳои сохтмонӣ тамоми чораю тадбирҳои лозимаро меандешад. Ин сафари Пешвои миллат ва омўзиши ҳамаҷонибаи ҳолати ин иншооти бузург ибтидои идома додани сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” гардид, вале аввалин маротиба корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Пешвои миллат ба таври расмӣ  26 сентябри соли 2005 оғоз гардиданд.

 

Рўзи 30 майи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар иншооти зеризаминӣ шинос шуданд. Бо ибтикору ояндабинии неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ худи ҳамон рўз, яъне 30 майи соли 2008 дар Неругоҳи барқии обии “Роғун”, бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва бо ҷалби бештари корхонаҳои ватании сохтмонӣ оғоз ёфт.

 

Рўзи 10 июли соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, зимни он ҳамчунин бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи “Роғун” шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот оростанд.

 

Бо мақсади тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ бунёди Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ роҳандозӣ карда шуд. Пешвои миллат ҳангоми сафари навбатиашон рўзи 15 августи соли 2015 бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузоштанд.

 

Нақши калидии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад, ки ба хотири таъмини пешрафт ва рушди босуботу босуръати кишвар нигаронида шудааст.

 

Назорати рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” аз ҷониби Пешвои миллат характери доимиро касб намуда, 16 июли соли 2015 мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бо роҳбарону мутахассисони НБО “Роғун” доир шуд.

 

Рўзи 29 октябри соли 2016 дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун барпо шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба булдозери вазнини замонавӣ нишаста, давоми якуним соат бо пеш кардани сангу шағал ба маҷрои дарёи Вахш машғул гардида, матонату ҷасорат, ватандӯсти асил будани хешро нишон дод ва ин лаҳзаҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт хоҳад ёфт.

 

Рўзи 16 ноябри соли 2018 – оғози кори неругоҳи “Роғун”  барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромўшнашаванда ва рўзи таърихӣ мебошад, ки онро солҳои дароз интизор буданд.

 

Дар соли 2019 барои фаъолияти самараноки Неругоҳи барқи обии “Роғун” дастгоҳи муосири тақсимкунандаи неруи барқи элегазии истеҳсоли Ширкати “Сименс” -и Олмон насб гардида, хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ба истифода супурда шуд. Вақте ҳайати мо ин дастгоҳҳоро дидем ва мутахассисони соҳа онро ба мо муаррифӣ карданд, маълум гардид, ки ин дастгоҳҳо беҳтарин ва бехавфтарин дар ҷаҳон ба шумор мераванд ва аллакай чунин таҷҳизот барои тақсими нерӯи барқи ҳамаи 6 чархаи НБО “Роғун” насб гардидааст.

 

Ҳангоми шиносоӣ бо раванди корҳо ҳайати мо аз ҳамаи корҳои созандагии ин иншооти аср, объектҳои сохташаванда, бавижа аз толори мошинҳо ва дастгоҳҳои элигазии насбгардидаи тақсимоти неруи барқ, аз сарбандҳо, тунелҳои обгузар, тунелҳои робитавӣ дидан намуда, таассуроти бештару хотирмон ва боварӣ ба неруи инсонӣ ҳосил намуданд.

 

Ҳангоми шиносоӣ қайд карданд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ барои насби агрегати сеюми неругоҳ бомаром идома дошта, беш аз 17 ҳазор нафар сохтмончиён дар он фаъолияти бонизому фидокорона доранд.  Қайд карда шуд, ки иқтидори лоиҳавии НБО “Роғун” 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда, дар ҷаҳон ягона ва беназир аст. Агар неругоҳи мазкур бапуррагӣ ба истифода дода шавад, он гоҳ дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ ҳосил кунад.

 

Дар аснои сафар роҳбарияти Академия сохтмончиёну кормандони неругоҳро изҳори сипос намуда, иброз намуданд, ки чунин талошу қаҳрамониҳои сохтмончиён ва ҷаҳду талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди заминаҳои нави иқтидори энергетикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ як саҳифаи равшану нуронӣ дар таърихи миллати тоҷик буда, ин ҳама меҳнату талошҳо барои некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи кишвари азизамон чӣ дар сатҳи минтақа ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонист.

 

Лаҳзаҳои хотирмони ин сафар шиносоӣ аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи азими “Роғун” ва суҳбату вохӯриҳо бо масъулин, коргарону мутахассисони варзида ва умуман боздид аз фидокорону қаҳрамонони ҷабҳаи нури кишвар буд.

 

Аз муҳити самараноки кору фаъолият, табъи болида ва руҳияву ғайрати баланди коргарону мутахассисон дида мешуд, ки онҳо бо дарки масъулияти бениҳоят бузурги созандагӣ фидокорона дар ҷаҳду талош ва дар меҳнати қаҳрамонона қарор доранд ва ҳадафи ҳамаи онҳо як аст, ки ин ҳам бошад, амалӣ сохтани орзуву ормони мардуми кишвари азиз – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Муовини директори техникии ҶСК НБО “Роғун” Анвар Мирзоевич иқдоми роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро басо шоиста ва шоёни таҳсину сипос арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чунин суҳбату вохӯрӣ ва мулоқоту ҳамоишҳо барои болидаруҳии кормандону сохтмончиён ва ҳамчунин барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандориву инсонгароӣ ва ҳисси меҳанпарастии ҳар як шахс тақвияту қудрат мебахшад.

 

Роҳбарияти Академия ва ҳайати омӯзгорону кормандони он тасмим гирифтанд, ки таассуротҳои худро ба донишҷӯёну кормандони Академия, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиҳо, ҳамчунин ба хизматчиёни давлатӣ ва мардуми кишвар тавассути навиштаҳо ва машғулияту суҳбатҳо, мубоҳисаву мусоҳибаҳо расонида, шукуҳу шаҳомат ва авҷи корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳро ҳамчун тимсоли қаҳрамониву ҷасорат муаррифӣ хоҳанд намуд.

 

Воқеан, сохтмони НБО “Роғун” ғояи миллист, ки бо талоши Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозии идеяи сохтмони НБО “Роғун” миллати тоҷикро ба марҳилаи нави рушд ворид кард.

 

Тоҷикистон бо ба кор дароварда шудани ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузошта, ба марҳилаи нави таърихии худ, ки ба рушди босуботу босуръати тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва баланд гаштани сатҳи зиндагии мардуми он асос меёбад, ибтидо гузошт.

 

Мавриди зикр аст, ки шаҳраки Роғун низ имрӯз ба як макони ормону умед ва як мазраи ободу шукуфо мубаддал шуда, ҳамакнун дар он дар баробари иншооти азими НБО “Роғун” биноҳову иншоотҳои истиқомативу иҷтимоӣ, саноативу фарҳангӣ қомат афрохта, сокинону меҳмонони худро барои зиндагии сазовору тафреҳи бофароғат хайрамақдам мегӯяд. Ҳоло дар нуфузи сокинони шаҳрак ба 45 ҳазор нафар наздик шудааст, ки бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, боғи марказии фарҳангу фароғат, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳо, муассисаҳо ва нуқтаҳои солимгардонӣ, тиббиву тандурустӣ ва маконҳои истироҳату нуқтаҳои хӯроки умумӣ ба ин мардум хизмат мекунанд.

 

Бешубҳа, чунин сафари хотирнишон барои ҳамаи мо аз як тараф шаҳодати ҷасорату мардонагӣ, фидокориву қаҳрамонӣ, садоқату меҳанпарастии мардуми созанда ва эъҷозгари тоҷик бошад, аз тарафи дигар ба хиради азалӣ, суннату фарҳанги гаронмоя ва қалби саршор аз муҳаббат ба инсон ва ҳисси меҳанпарастӣ далолат мекунад.

 

 

Аксҳо

Похожие записи