“РОҒУН” – ТАҶАЛЛӢ АЗ НУРУ ЗИЁ

48703615548_68b8af8f5a_o

Таҷаллии нуру зиё, меҳру вафо, дурахши равшаноии роҳнамо, ҷилои хуршеди оламоро мисли замири мунири тоҷикони тоҷдори ориё бо шиори “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” чун оини деринаи футуввату родмардӣ ҳамеша рӯшангари олами маънавӣ, фарҳангию маърифатӣ, пешбурди аъмоли бунёдкорию созандагӣ, ҷомеасозию давлатдории ин миллати куҳанбунёди тамаддунофар дар мароҳили гуногуну муайяни таърихӣ эътироф гардида, дар воқеъ манзалату мартабаи тоҷиконро дар арсаи олами ҳастӣ ба авҷи камолот расонидааст.

 

Охири нимаи дуюми соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди НБО-и “Роғун” ҳусни оғоз бахшиданд. Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и “Роғун” яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.

 

НБО-и “Роғун” дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО-и “Роғун” аз 6 агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадомашон 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин аз сатҳи замин (гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта,  иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт соат)-ро доро буда, калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО-и “Норак” якуним маротиба зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқдоштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддие бахшад. Ин дастовард метавонад ҷиҳати самаранок дар амал татбиқ намудани саноатикунонии мамлакат. ки чун ҳадафи чоруми стратегии кишвар дониста мешавад, суръати тоза бахшида, барои сохтмону ба истифода додани коргоҳу фабрикаҳои замонавӣ, афзун гардидани истеҳсолоти дохилӣ ва сифатнокии он, мавқеи молу колои ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

 

НБО-и “Роғун” аҳамияти бузург дошта, иқтидори солонаи он беш аз 18 миллион киловатт соат неруи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 агрегати НБО-и “Роғун” Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои ҳамсояро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд. Алҳол дар ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 18000 коргарону муҳандисони маҳаллӣ ва мутахассисони бахше аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият доранд. Инчунин, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташхиси бозрасии фанниву зистмуҳитии НБО-и “Роғун” гузаронида шуд ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки аз лиҳози экологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва бехатарӣ бунёди НБО-и “Роғун” мувофиқи мақсад аст ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин, ба як қисмати ғарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии неруи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона 1,5 миллиард соат ба кишварҳои хориҷ неруи барқ содир менамояд.

 

Бунёду ба пуррагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани НБО-и “Роғун” барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузурги стратегию иқтисодӣ буда, чун боигарии миллӣ ва сарвати бебаҳои табиӣ дар муносибатҳо ва робитаҳои мухталифҷанбаи сиёсию иқтисодии кишварҳои минтақа ва қораи Осиё нақши ҳалкунанда ва муҳим хоҳад дошт. Кохи Нури Тоҷикистон кишвари азизу биҳиштосои моро ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид  сохта, ба яке аз кишварҳои пешрафтаю шукуфо ва тавоною қудратманди Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон табдил хоҳад дод.

 

Алишер НУРАЛИЕВ,

магистри курси 2

Похожие записи