“РОҒУН” – ҲАЁТУ МАМОТИ ТОҶИКИСТОН

photo_2021-10-23_10-31-45

Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, кишвари якдиливу якпорчагӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, диёри муҳаббату ватандорӣ, макони аҳду вафо, Ватани номусу нанги ориёӣ, рӯйдоди муодили инқилоб – инқилоби энергетикӣ ба вуқӯъ пайваст, ки мислашро мардуми аксари кишварҳо чун орзуву омол дар ниҳод мепарварад.

 

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти молиявию иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми тоҷик тамоми захираву имконияти мавҷударо ба бунёди неругоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд. Дарк карда мешавад, ки “Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодитву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, дар маҷмуъ ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.

 

Таҷдид ва эҳёи Неругоҳи барқии обии “Роғун” аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавиштсозе буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ихлосу иродати мардуми Тоҷикистон ба он иқдом намуданд. Неругоҳи “Роғун” бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бе “Роғун” рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “Роғун” – ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст”. Ба кор дароварда шудани “Роғун” имкон медиҳад, ки боз садҳо гектар замин дар ин минтақа обёрӣ карда шавад. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз ба нафъи кулли минтақа аст.

 

Қобили зикр аст, ки бунёди ин неругоҳи азими аср аз ҳар шахсе, ки дар он иштирок мекунад, пеш аз ҳама, нақбканҳо ва умуман ҳамаи мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад, зеро 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешавад.

 

Масъалаи таъмини неруи барқ мисли масъалаи муҳити зист ва тағйирйбии глобалии иқлим аз мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки барои ҳалли он муносибати муштарак дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур мебошад. Нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини рушду тарақиёти минбаъдаи Тоҷикситон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад. Маҳз аз ҳамин лиҳохз, Ҳукумати мамлакат “Роғун”-ро иншооти сарнавиштсоз ва сохтмони бузурги аср эълон карда, корҳои бунёдии онро бо ҷалби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ монд.

 

Вақте кас вориди иншооти зеризаминии “Роғун” мегардад, худро дар як шаҳри калони воқеъ дар қалби кӯҳ тасаввур мекунад, зеро танҳо нақбҳои он 75 километрро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, тамоми иншооти асосии неругоҳ, аз ҷумла толори чархҳо, ки баландиаш 69 метр аст, толори трансформаторҳо, толори дарвозаҳо, бинои 7-ошёнаи идораи неругоҳ ва ғайра дар зери замин қарор доранд.

 

“Роғун” имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд. Баъди пурра ба кор даровардани “Роғун” он боргоҳи бузурги нуру гармӣ бадал шуда, орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсозӣ мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбад.

 

Ҳасан ВАҲОБОВ,

мутахассиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи