РУШДИ ИНСТИТУТИ ХУДИДОРАИ МАҲАЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Қодиров З.

Худидораи маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар тӯли таърих симои иҷтимоии тоҷиконро инъикос намуда, дар фарҳанги идоракунии миллати тоҷик таърихи хеле куҳан дорад. Муносибатҳои хайрхоҳона ва кумакҳои эҳсонкоронаи тоҷикон ба ҳамдигар дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт аз мавҷудияти азалии унсурҳои институти худидораи маҳаллӣ шаҳодат медиҳад.

 

Худидоракунӣ маҳсули фаъолияти ҷомеаи инсонӣ буда, одамон бо мақсади ҳифзи ҳаёт, идома ва нигоҳдории насл аз ибтидо кӯшиш менамуданд, ки ҳаёт ва фаъолияти муштарак дошта бошанд. Унсурҳои анъанавии институти худидораи маҳаллӣ ба монанди ҳашар, шарикӣ, ҷамоат, Шӯрои калонсолон, ниҳоди оқсақолӣ, марказҳои ҷамъиятӣ («аловхона», «хонақо», «гап» ва «мехмонхона»), урфу одат ва расму оинҳои мардумӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ғайраҳо дар тӯли таърих ташаккул ёфта, устувории худро дар шароити ҷомеаи тағйирёбанда нигоҳ доштаанд.

 

Ягонагии ҳудудӣ, ки дар он худидоракунии анъанавии тоҷикон таърихан ташаккул ёфтааст, маҳалла мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ягонагии ҳудудиро ғайр аз “маҳалла” боз бо идораҳои дигар: “гузар”, “кӯй”, “деҳа”, “қишлоқ” ва дар баъзе минтақаҳо бо назардошти шумораи ҳавлиҳо “даҳа”, “сада” ва “ҳазора” низ ифода менамуданд. Деҳа ё дар шакли ҷамъ “деҳот” ҳамчун сохтори иҷтимоӣ устувории худро вақти тӯлонӣ нигоҳ дошта, хусусияти архаистиро касб намудааст.

 

Фаъолияти худидораи маҳаллӣ дар даврони ҳукумати Шӯравӣ боз дошта шуд ва Шӯроҳои маҳаллӣ ҳамчун зинаи поёнии ҳокимияти давлатӣ эътироф гардиданд. Танҳо дар солҳои охири мавҷудияти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ Қонуни ИҶШС «Дар бораи принсипҳои умумии ташкили худидораи маҳаллӣ ва хоҷагии маҳал дар ИҶШС» (9 апрели соли 1990) қабул гардид ва он ба худидоракунии маҳаллӣ майдони ҳуқуқӣ фароҳам овард. Мутаасифона, қонуни мазкур бинобар сабаби  аз байн рафтани давлати Иттиҳоди Шӯравӣ дар амал татбиқ карда нашуд.

 

Минбаъд рушди институти худидораи маҳаллӣ бо қабул гардидани «Эъломияи соҳибихтиёрии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 сентябри 1991, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эълон намуд, оғоз мегардад.

 

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 муқарароти моддаи 78 «Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат мебошад …» ба худидораи маҳаллӣ расман заминаи ҳуқуқиро фароҳам овард.

 

Натиҷаи буҳрони соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1991-1997) боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа гардад. Ин омилҳо боиси паст шудани сатҳи некӯаҳволии иҷтимоии аҳолӣ, афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ва фазои беқонунӣ гардид. Низоми мавҷудаи идоракунии он замон дарвоқеъ натавонист талаботҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро қонеъ гардонад. Барои фавран ҳал намудани ин масъалаҳо зарурати ҷустуҷӯ намудани шакли муносиби идоракунии ҳаёти ҷамъиятӣ пеш омад. Дар ин робита, бо назардошти шароити маҳал, мавқеи ҷуғрофӣ, урфу одат ва принсипҳои демократӣ зарурияти таҷдиди  институти худидораи маҳаллӣ пеш омад.

 

Дар муддати кӯтоҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунӣ дар шаҳрак ва деҳот» (соли 1994) қабул карда шуд, ки он ҳамчун қонуни асосӣ нахуст ба таври возеҳ тартиби ташкил ва фаъолияти ин ниҳодро танзим намуд.

 

Шӯрои шаҳрак ва маҳаллаҳо, ки унсури асосии худидораи маҳаллӣ мебошанд, таъсис ёфтанд. Онҳо дар фаъолияташон барои комёб шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нақши басо муҳимро иҷро намуда буданд. Хусусан, саҳми онҳо дар ҳал намудани мушкилоти хонаводаҳои камбизоат, ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини сокинон бо шуғл, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ҳифзи саломатӣ, таъмини истиқоматкунандагон бо неруи барқ, газ, об ва алоқа, таъмири хонаҳо, роҳҳо ва сохтмони кӯпрукҳо, мактаб ва беморхонаҳо, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва ғайра беназир мебошад.

 

Бо назардошти самаранокии фаъолияти онҳо аз 5 январи соли 2008, таҳти №347 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва аз 5 августи соли 2009, таҳти №549 бо таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул гардиданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи институти худидораи маҳаллӣ заминаи ҳуқуқии мукаммалтарро фароҳам оварданд.

 

Дар давоми 30 соли истиқлоли давлатӣ худидораи маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар низоми муносибатҳои тарафайни давлатӣ ва ҷомеа, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат нақши миёнаравиро ишғол намуда, дар низоми идоракунии давлат алоқаҳои бевосита ва баргаштро таъмин намуд. Ҳамчун шакли фаъолият худидораи маҳаллӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ масъалаҳои аҳамияти маҳаллидоштаро бо ташаббуси сокинони маҳал ҳал менамояд.

 

Дар марҳилаи муосири инкишофи ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш бар он менамояд, ки зуминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва  молиявӣ худидораи маҳаллиро устувор гардонад. Маҳз аҳамият ва зарурияти худидораи маҳаллиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Зиёда аз 75 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, рушди соҳаи сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби вакилони мардумӣ якдилона дастгирӣ ёфт. Пешвои миллат қайд намуда буданд, ки “ … мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем”.  Ҷиҳати рушд додани шаҳрак ва деҳоти кишвар дар баробари давлат бояд сокинони маҳал, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд. Ҳукумати кишвар бо мақсади инкишофи инфрасохтори деҳот, хусусан соҳаи кишоварзӣ аз ибтидои соҳибистиқлолӣ маротиби аввал 70 000 га заминро барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба деҳқонон тақсим намуд ва раванди хусусигардонии моликияти давлатиро суръат бахшид, ки дар заминаи он фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар сатҳи маҳал рушд намуд.

 

Дар раванди гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ давлат замин ва воситаҳои истеҳсолотро дар ихтиёри мардум гузошт. Минбаъд фаъолияти давлат бештар мазмуни танзимкунӣ, меъёрофарӣ ва таъмини амнияту бехатариро пайдо кард.

Маҳз, дар чунин шароит институти худидораи маҳаллӣ барои ҳал намудани мушкилот ва баровардани ниёзҳои мардум дар шакли фаъолияти муштараки аҳолӣ ва сохторҳои ҷомеа аҳамияти махсусро касб намуд.

 

Низоми идоракунии давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳрвандон тафаккури туфайлхурӣ, ниёзмандӣ ва вобастагиро тарбия намуд. Барои худамалигардонӣ ва ташаббускории шаҳрвандон на ҳама вақт фазои муайяни ҳуқуқӣ ва моддиву молиявӣ ҷой дошт.

 

Дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар шаҳрвандон шуури худидоракунӣ, ки аз унсурҳои зерин ба монандӣ: худмуайянкунӣ, худтанзимкунӣ, худназораткунӣ, худмаҳдудкунӣ, худмаблағгузорӣ ва ташаббускорӣ таркиб ёфтааст, тақвият дода шуд.

 

Боварӣ ва эътимоди аҳолӣ нисбат ба фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот рӯз то рӯз зиёд гардида, ташаббускорӣ ва иштироки васеи шаҳрвандон дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта кафили асосии рушди ҷомеа гардидааст. Ба воситаи ин ниҳод арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардумсолорӣ ва ҳуқуқбунёдӣ ташаккул ёфта, арзишҳои анъанавии таърихан ташаккулёфтаи миллати тоҷик эҳё гардиданд.

 

Инкишоф ва фаъолияти босамари ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бисёр мавридҳо аз ҳамкорӣ бо мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аз сатҳи кумаку дастгирии аҳолии маҳал вобаста мебошад. Хусусан, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор лоиҳаҳо, барномаҳо ва стратегияҳои рушди маҳалро таҳия ва тадбиқ намуданд. Лоиҳа ва барномаҳое, ки бе назардошти шароити маҳал ва бидуни мувофиқа бо ҷомеаи маҳаллӣ таҳия ва татбиқ гардиданд, ба натиҷаи дилхоҳ ноил нагардидаанд.

 

Дар марҳилае, ки Тоҷикистони азиз дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад, мо сокинони шарафманду сарбаланди кишварро мебояд дар ободу зебо гардонидани шаҳраку деҳоти Ватани маҳбубамон саҳм дошта бошем. Иштироки фаъоли мо дар худидораи маҳаллӣ кафили асосии рушду нумӯи шаҳрак ва деҳоти  кишвар мебошад.

 

Зоҳир ҚОДИРОВ,

муовини директори Донишкадаи такмили

ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии

Академия

Похожие записи