САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

Тоҷикистон

Арзишмандтарин комёбии давлату миллати тоҷик Истиқлол ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз 30 сол муқаддам мардуми шарафманди тоҷик онро ба даст овард. Истиқлолият воқеан ҳам неъмати нодирест, ки Худо ба мо дода.

 

Тоҷикистони азизи мо ҳамакнун 30 сол мешавад, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери парчами сулҳу дӯстӣ рушд карда истодааст. Оромиву осудагӣ, тинҷиву амният, сулҳу субот барои ҳар як сокини кишвар имконият фароҳам меорад, ки пайи кору пайкор ва бурду муваффакиятҳои хеш саъй намоянд, зиндагӣ кунанд, пеш раванд ва ояндаи худро беҳтар созад. Истиқлолият ба ҳама қишри ҷомеа имкониятҳои хуб фароҳам овард.

 

Истиқлоли давлатӣ барои равона намудани кишвар ба роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафту ояндаи он сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолият рамзи давлатдорию созандагӣ ва нишона аз ватандорист. Истиқлолият бақои миллат, ҳувият, орзуву ормонҳои таърихӣ, нишонӣ аз манишу асолат, шиносномаи муаррификунандаи нуфузу эътибор барои мо тоҷикон аст.

 

Бо ба даст овардани истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронарзиш тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа рӯ ба тараққӣ ниҳод. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта истодааст. Имрӯз дар арсаи ҷаҳон кишвари моро мешиносанду бо дили пур ва бо камоли майл ҳамкорӣ менамоянд.

 

Мо мардуми тоҷик дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм равем, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем.

 

Мавриди зикр аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият аллакай кишвари мо роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, парчами кишвар чун парчами давлати мустақил дар тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон аст. Аз ин бармеояд, ки мо дар зарфи 30 сол ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидем.

 

Самараи бузурги Истиқлол, ки имрӯз бевосита мо мардуми шарафманди тоҷик аз он бархӯрдор шуда истодаем, боиси шукргузорист. Ободӣ, осоиштагӣ ва рӯзгору ҳаёти озодонае, ки айни ҳол мо дорем, як замон орзуи гузаштагонамон буд. Аммо сарвари оқилу донои мо ин афсонаро ба воқеият мубаддал гардонид. Бигзор, ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатӣ барои ҳар хонадони соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

 

Поянда бод Истиқлол ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикони тамоми дунё!

 

Шариф ШАРИФОВ,

магистранти курси 1-уми Академия

Похожие записи