САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ВА МУҲИМ

кишоварзи

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар воқеъ, кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки мамлакат буда, бо рушду тараққиёти он, мо метавонем, рушди иқтисодиёти кишварро таъмин намуда, ба ин васила дар пешрафту зиндагии шоистаи ҳар хонадон саҳмгузор бошем. Тибқи маълумотҳои расмӣ 93-дарсади ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ва 7- дарсади онро ҳамвориҳо ташкил медиҳад. Бо вуҷуди кам будани заминҳои ҳамвору обӣ, имрӯз кишоварзони меҳнатдӯсти мо маҳсулоти истеҳсол намудаашонро бе мамоният ба хориҷи кишвар содирот намуда, аз ин сабаб зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Мутобиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – ғаладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хело боло рафтааст.

 

Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истиеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, санади дахлдор “Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ” қабул гардид ва дар раванди татбиқи он фармоишҳои давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии хоҷагидорон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд. Дастгирии моддию молиявии деҳқонону кишоварзони хоҷагиҳои маҳсулот истеҳсолкунанда онҳоро аз вазъи вазнини иқтисодию иҷтимоии ба миёномада ва рушди истеҳсолоти самти маҳсулоташ содиротӣ, тиҷоратии кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

 

Бояд қайд намуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводди хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамоянд. Вобаста ба ин, соҳаи аграриро ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои асосии озуқаворӣ, инчунин сарчашмаи ба сатҳи баланд бардоштани даромад ва шуғли аҳолии деҳот ҳисобидан мумкин аст.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани шароити мусоид барои кишоварзону деҳқонон ҳама самтҳои судмандро ба кор бурда, инчунин, барномаҳои муҳиму саривақтиро қабул намудааст. Воқеан, барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафу мақсадҳои ҳукумати ҷумҳуриро дар самти рушди соҳаи аграрӣ пиёда намуда, барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии шаҳрвандон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин намудани бозори дохилии мамлакат мусоидат менамояд.

 

Меҳрубон ШАРИПОВ,

магистранти Академия

Похожие записи