САРВАРИИ СИЁСИИ ЗАНОН ДАР РАВАНДҲОИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

Абилзода

Аз саҳифаҳои ибратбахши таърихи гузаштагони мо бармеояд, ки зан – модари тоҷик дар ҳама давру замонҳо ҷаҳони сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии замони хешро хело оқилонаву дурбинона ва заковатмандонаву бо дарки баланди фитрати азалӣ арзёбӣ намудааст. Хушбахтона зан- модари тоҷик имрӯз низ амалҳои солеҳи бонувони қадимро чун идомадиҳандаи насли башар тақвият бахшида, дар баробари мардон камари ҷасорату мардонагӣ бар миён баста, барои соҳиб гардидан ба ҷойгоҳи шоистасолорӣ кӯшишу ѓайрат менамояд.

 

Дар бобати бузургии зан – модар андешамандон, ҳакимон, файласуфон, шоирон ва дигар мунавварфикрон ҳазорон суханҳои тавсифомезу муҳаббатофар гуфтаанд ва имрӯзу фардо ин анъана низ бо як самимияту меҳри беандоза ба ин қишри волоэҳтироми ҷомеа давом хоҳад дод. Вале бояд қайд намоям, ки бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он аст, ки ӯ ҳамеша омода аст, дар офариниши фарзанд, ки рисолати азалии ӯ ба ҳисоб меравад, ҳиссагузори муносиб бошад. Ӯ на танҳо мусовии мард ва фариштаи ҳусну малоҳат ва зебогиву нафосат аст, балки чун меҳвари хонавода пайвандгари оила бо ҷомеа буда, шахсияту ҳуввиятро касб мекунад. Сиёсати кор бо занон дар идоракунии давлат ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ дар таҳким ва рушди равандҳои ҷомеа мақом ва нақши махсуси худро дорад. Аз ин ҷост, ки хусусиятҳои фарқкунандаи он, аз қабили таъмини ҳамгироии ҷомеа, доштани хусусияти таърихӣ, низоми муайянгаштаи муносибатҳо ва албатта, мавҷудияти ду ҷониб дар амалӣ намудани ин муносибатҳо далели эътирофи он ҳамчун қувваи пешбари ҷомеа маҳсуб меёбанд. Маҳз аз ҳамин сабаб масъалаи мазкур пайваста мавзӯи баҳси илмҳои гуногун қарор дошта, хосияти байнисоҳавӣ низ ба худ касб намудааст.

 

Имрӯз барои ба дараҷаи стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ намудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ба шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва худогоҳии миллидошта, меҳнатдӯсту ботаҳаммул, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор ниёз дорад. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад.

 

Ин ақида дар маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони ҷумҳурӣ, ки моҳи марти 2007 доир гардид, зикр шуд. Дар замина супориш дода шуд, ки барнома доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд таҳия карда шавад.

 

Тайи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

 

Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баҳри аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Тадбирҳои Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи зан дар раванди сиёсии кишвар марҳила ба марҳила рушд ва густариш ёфта истодаанд.

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санаи 21.12.2021 ироа гардид, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

 

Ба сарварии сиёсии занон: фард – субъектҳо, гурӯҳҳои хурду бузурги дорои манфиат ва имтиёзҳои сиёсии ягона, макронизомҳо, дар шакли тамаддунҳое, ки хоҳиши ба даст овардан ва ё нигоҳ доштани ҳокимиятро доранд, дохил мешаванд.

 

Гарчанде сарварии сиёсӣ бевосита аз рӯи мансубияти ҷинсӣ муайян карда намешавад, аммо рафти таърихи муосир ва рушди падидаҳои сиёсӣ ба мо имконият медиҳад, аҳамиятнокии ба вуҷуд омадани мафҳуми «сарварии сиёсии занонро» махсус баррасӣ намоем, ки ба он нигоҳу фаҳмиши занонаи мафҳуми «сарвар»- ҳамчун ташкилотчӣ, роҳнамо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ хос мебошад. Дар назар аст, ки занони сарвар ба сиёсат назокати хоси занро ворид карда бо ин роҳ нисбати иҷрои тадбирҳо латофату нармӣ зоҳир менамоянд. Дар айни замон, ҷомеа аз онҳо интизор аст, ки масъалаҳои ба истилоҳ «занона»-ро, ки манфиатҳои гуногунсамту аҳамиятноки занонро гузошта ва ҳал менамояд.

 

Бояд таъкид кард, ки татбиқи вазифаҳои сарварӣ дар сиёсат фарқияти равонии аз ҷониби ҷинсиятҳои гуногуни инсонӣ исбот гардидааст. Масалан, дар саварии сиёсии занон се шакли сарвари тақсимбандӣ карда шудааст, ки бо хусусиятҳои рафторӣ ва харизматикиашон фарқ мекунанд:

  1. «Модар». Хусусиятҳои хоси ин шакли сарварии сиёсӣ иборат аз бодиққатӣ, нармӣ, ѓамхорӣ нисбати атрофиён и вобастагӣ аз онон мебошад. Фаъолияти «Модар» нисбати ҳифзи муносибатҳо дар «оила» равона шудааст.
  2. «Амазонка» – ё саворазан (всадница, Гурдофарид) – ӯ боақл, ба неруи худ боварӣ дорад, қавӣ аст ва метавонад атрофиёнро ба худ моил намояд, иродаву қуввати зиёд дорад, ба атрофиёнаш майлу вобастагӣ зоҳир намекунад.
  3. «Светская львица» – ашрофзан чунин сифатҳоро дорост: ақлу заковат, дилрабоӣ, назокату зебоии зоҳирӣ, маълумотнокии аъло. Махсусан бо муҳити мардона хуб муомила мекунад. Шакли ифротии ин тарзи рафтор – тарзи «Дилрабо» мебошад, ки дар он сарвар назокати зоҳирии худро барои атрофиёнро ба манфиатҳои худ кор фармудан истифода мебарад, гарчанде ин барои беҳбуди обруву эътибори ӯ хизмат намонамояд.

 

Вақте оид ба ин гуна тарзҳои сарварии занон сухан меравад, метавон Маргарет Тетчерро ба ёд овард, ки ҳамаи ин се шакли сарвариро дар фаъолияти хеш босамар истифода намудааст.

 

Падидаи сарварии сиёсии занонро одатан бо сарварии мардона муқоиса менамоянд, аммо вақте ин масъаларо бештар таҳлил мекунем, маълум мешавад, ки ин ду падида муқоисанашавандаанд, зеро ҳар гуна муқоиса носаҳеҳ боқӣ мемонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамагуна сарварии сиёсии зан аз ӯ зоҳир кардани хусусиятҳои роҳбарӣ ва рафтори мардонаро талаб мекунанд.

 

Бинобар ин, барои зани сарвар пеш аз ҳама ба даст овардани обрӯву эътибори сиёсӣ мушкилтар аст, зеро барои ба даст овардани боварӣ ҳамчун асоси эътибори сиёсӣ ӯ бояд соҳиби сифоти анъанавии роҳбари сиёсӣ, яъне маҷмӯи сифоти мардона бошад. Аз тарафи дигар, ӯ бояд назокати занонаи худро аз даст надиҳад, зеро ӯ пеш аз ҳама зан аст.

 

Ҳамин тавр, барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар пешрафти сарварии сиёсӣ зани сарвар бояд дар худ пеш аз ҳама малакаи ҳамҷоя истифода кардани хусусиятҳои мардонаву занонаи сарвариро муттаҳид, дар айни замон, дар байни сарварони мард мақому мартабаи худро дошта бошад, ва махсусан қобилияти «ба назар намоён будан»-ро низ соҳиб бошад.

 

Гуландом АБИЛЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент,

мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академия

Похожие записи