САФИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯ МЕАФЗОЯД

Саидмухторов А (2)

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои олимони ҷавон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, сафи олимони ҷавон меафзояд. Хушбахтона, сафи илмдӯстони ҷавон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст. Устодони Академия бо дарки масъулияти баланди касбӣ рисолаҳои илмии худро дар дохил ва хориҷи кишвар сарбаландона ҳимоя намуда, хазинаи илмии Академияро пурғановат менамоянд.

 

2 апрели соли ҷорӣ устоди факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Саидмухторов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Экономическое сотрудиничество государств в рамках АСЕАН: международно-прововые аспекты” дар Шӯрои илмии диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия (Российский университет дружбы народов) бо роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Николаев Андрей Михайлович сарбаландона ҳимоя намуд.

 

Бояд тазаккур дод, ки ҳимояи рисолаи номзадии Саидмухторов Алишер ба тариқи онлайнӣ сурат гирифта, яке аз аввалин ҳимояи онлайнии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 

Ҳайати Шӯрои диссертатсионии мазкурро профессорон аз Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) ва Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) ташкил медиҳанд.

 

Дар робита ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки профессорони Донишгоҳҳои Федератсияи Россия Лифшиц Иля Михайлович ва Тюрина Наталя Евгеневна ба ҳайси муқарризони расмӣ ширкат намуда, намояндаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ҳамчун муассисаи роҳбарикунанда баромад намуданд.

 

Ҳимояи рисолаи номзадӣ тариқи онлайн дар сатҳи баланд доир гардида, дар он 13 нафар аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ширкат доштанд, ки ҳамаи онҳо якдилона ба Саидмухторов Алишер барои дарёфт намудани унвони илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рӯи ихтисоси 12.00.10. – ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи Аврупо ҷонибдорӣ намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки Саидмухторов Алишер муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ буда, 14 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад.

 

Раёсат ва ҳайати устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Саидмухторовро бо ин дастоварди илмӣ самимона табрик намуда, комёбиҳои беназирро дар соҳаи илм таманно менамояд.

 

 

Аксҳо

Похожие записи