САҲМИ БОНУВОНИ ТОҶИК ДАР РУШДИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

IMG_1875

Бо ташаббуси садорати факултети идоракунии давлатии  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши зани тоҷик дар рушди соҳаи идоракунии давлатӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” баргузор гардид.

 

Дар семинар Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз дар ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони азиз нақши занон бағоят муҳим буда, онҳо дар тамоми сохторҳои идоракунии давлатӣ фаъолият карда истодаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад.

 

Собиқадори меҳнат Бозгул Додхудоева дар мавзӯи “Нақши зани тоҷик дар эъмори давлатдории миллӣ” маъруза намуда, ёдовар шуд, ки бонувони тоҷик ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо нерӯи тавоно ва меҳнати садоқатмандона дар эъмори давлати мустақили тоҷикон саҳмгузорӣ намудаанд. Иди бузурги бонувон дар фасли баҳори нозанин рост омадааст, ки аз дили поки саршор аз меҳру муҳаббати онҳо маншаъ мегирад.

 

– Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббуси созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд – иброз дошт зимни баромади хеш доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нафиса Муродовна. Ҳамчунин афзуд, ки занҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромї медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳандӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

 

Инчунин, дар чорабинӣ Бибиосия Аюбӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуалим Норасов – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.

 

Семинари илмӣ-амалӣ, ки ба бузургдошти зан-модар бахшида шуда буд, судманд анҷом ёфт.

 

Аксҳо

Похожие записи