САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ СУБОТИ СИЁСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ дастовардҳои зиёд дорад, аммо аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо сулҳ, субот, ваҳдат ва осоиштагӣ мебошад. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои кишвар аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст. Сулҳи тоҷикон яке аз корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки раванди онро СММ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор додааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат дар сеюним сол ё 1171 рӯз ба сулҳу оштӣ расид. Собиқ Дабири кулли СММ ҷаноби Кофе Аннан, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, таъкид намуда буд: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад». Замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ сар зад ва давлат ба таъбире амалан «дар рӯйи қоғаз» боқӣ монд, кафолати на танҳо ояндаи дури кишвар, балки як рӯзи онро касе дода наметавонист, Сарвари ҷавону қавиирода Эмомалӣ Раҳмон ҳозир шуд ва қотеона изҳор дошт, ки «ман ба шумо сулҳ меорам». Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон аллакай ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагӣ рӯ ба рӯ буданд. Дар ин вазъи бенизом табиист, ки рисолати асосии Пешво ба созиш овардан ва муттаҳид гардонидани гурӯҳҳои мухолифи ҷомеа дар асоси ғояҳо ва кору пайкори тоза, арзишҳо ва идеяҳои миллӣ мебошад.

 

Ибтидои соли 1992 вазъияти сиёсии Тоҷикистон хеле тезутунд шуд. Хусусан вазъият дар минтақаи ҷануби мамлакат муташанниҷ гардида, мавҷи ҷанги шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифт. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ихтилофоти сиёсӣ ва тазоҳуроти густурда боиси бавуҷудоии ду майдони оштинопазир дар пойтахти кишвар – «Шаҳидон» ва “Озодӣ” шуданд. Мушкилоти сиёсӣ ва тазоҳуроти пай дар пай дар майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” боис шуданд, ки раванди шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тарафи ҷомеаи ҷа­ҳонӣ заиф гардад.

 

Идомаёбии чунин хавфу ихтилоф аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва халалдор шудани тамомияти арзии онро бештар менамуд. Дар чунин вазъияти ҳассос кишвар ба як роҳбари сиёсӣ зарурат дошт, ки кишварро аз якпорчагӣ, порашавӣ, миллатро аз беватанию бедавлатӣ, аз беномунишонию тамомияти арзӣ раҳонад.

 

Сарвари давлат ба се зинаи аввалини роҳҳои ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ишора намуданд:

  • дар қадами аввал бояд гурӯҳҳои силоҳбадаст ба ҳам гуфтушунид кунанд ва ба мувофиқа бирасанд;
  • ҳукумат бояд амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд;
  • вуруди неруҳои сулҳхоҳи давлатҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон.

 

Дар асоси самтҳои болозикр ва стратегияи ҷадид Раиси тозаинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори худро аз ворид кардани муҳимтарин ва заруртарин тағйирот ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афви умумӣ” ва «Дар бораи гурезаҳо» шурӯъ намуд, ки дар он замон масъалаҳои доғи рӯз буданд. Бештари кӯшишҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рӯз, ба монанди халъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъ­мини мардум бо хӯрока, зиёд намудани маош, мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ равон карда шуда буданд. Барои ба эътидоли комил овардани вазъияти дохилии кишвар роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ, низоми судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қонунро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд. Тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд.

 

Дар чунин вазъияти мураккаб аз ҷумлаи роҳҳои муассири барқарор кардани сулҳу субот ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ва судманд бо созмонҳои байналхалқӣ маҳсуб мешуд. Бо дарназардошти муҳиммияти масъала Сарвари давлат дар изҳороти 31 декабри соли 1992 эълон медоранд, ки «Дарҳои Тоҷикистон барои ҳамаи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ боз аст!». Дар санади мазкур бори аввал равшану возеҳ Сарвари давлат ҷонибдории Ҳукуматро дар роҳи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ изҳор доштанд.

 

Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ самти ояндаи рушди кишварро барои ҳамватанон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мушаххас кард, миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хӯрд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ Тоҷи­кистони соҳибистиқлолро созанд. Бо ин изҳороти худ Сардори давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокира кушод ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид.

 

Дар натиҷа шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Сарқонуни нави мамлакатро 6 ноябри соли 1994 қабул намуданд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Сарқонуни нав ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ кишварро ба сӯйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар мамлакат ҳидоят менамуд.

 

Бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми имконоти худро барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо сафарбар намуданд. Таҳияи барномаи вижаи «Хоки Ватан» дар иҷрои ин ҳадаф, яъне баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан хеле нақши муассир дошт. Тавассути мавҷи хориҷии радиои ҷумҳуриявӣ барномаи «Хоки ватан» пайваста пахш мешуд ва он сухани роҳбари давлатамонро таҳти унвони «Ман ба Шумо сулҳ меорам» шиори худ намуда, мардуми кишварро ба ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, муҳоҷирони иҷбории бурунмарзиро барои ба Ватан баргаштан ҳидоят мекард.

 

Дар чунин лаҳзаи тақдирсоз, ки ба эътидол овардани вазъ кори басо мураккаб буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми масъулиятро ба зиммаи худ гирифта, сулҳ ва ризоияти миллии ҷомеаи тоҷикистониро мақсад ва мазмуни фаъолияти худ хонда, онро таҳким ва такмил бахшид. Масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ Сарвари давлатро ба интихоби тарзу усули ғайримуқаррарӣ ва ҷасуронаи фаъолият, шурӯи музокирот бо мухолифин водор кард.

 

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дӯши худ гирифта буд, аз оғоз роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. Вай дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст… Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Бо ин мақсад солҳои 1994-1997 ҳашт даври гуфтушунид байни тоҷикон, аз ҷумла: дар шаҳри Москва (даври 1 ва 7), дар шаҳри Теҳрон (даври 2, 6 ва 8), дар шаҳри Исломобод (даври 3), дар Алмаато (даври 4) ва дар Ашқобод (даври 5), 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокирот гузаронда шуда, дар натиҷа 40 санад ба имзо расиданд.

 

Таҷрибаи бобарори сулҳи тоҷикон ва дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба самар расидани он дастоварди бузурги дипломатияи муосири тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ҳаминро бояд ба назар гирифт, ки роҳбарият ва мақомоте, ки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мекарданд, давраи ташаккулро аз сар мегузарониданд, вале бо вуҷуди таҷрибаҳои начандон зиёд, самари фаъолияти онҳо тақдири миллату давлатро тавонист ҳал намояд.

 

Ҳамин тавр, барқарор ёфтани Ҳукумати қонунӣ кӯшиши ба роҳ мондани гуфтушуниди байни Ҳукумат ва мухолифин, ниҳоят изҳороти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар ҷодаи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд. Рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ин аст, ки хавфи аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимшавии миллатро пешгирӣ кард, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ баровардани кишвар пешниҳод намуд, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян кард, барои ба мувофиқа овардани қувваҳои солими ҷомеа – ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ заминаи созгор муҳайё намуд, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тарҳрезӣ кард.

 

Раҷабалӣ ҶОБИРОВ,

мудири кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарӣ,

номзади илмҳои таърих, дотсент

Похожие записи