САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

50877367992_cefaf67826_o

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми онҳо дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин, бешак волотарин дастовардамон Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо ташаббус ва ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

 

Истиқлоли давлатӣ барои мо, тоҷикистониён, бо осонӣ ба даст наомадааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, ки дар натиҷа бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузургро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, пайваста талош мекарданд, ки баҳри барқарор кардани давлати соҳибистиқлол ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Роҳбари ҷавону дурандеш, Эмомалӣ Рахмон дар таҳкими ҳоқимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт. Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард, барои 27-июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти ҷомеа заминаҳои хуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои  ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

 

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ  расонид.

 

Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.

 

Ҳамин тавр, дар самти таҳкими давлатдории миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ хизматҳои шоёни Пешвои миллат баръало назаррас аст. Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷик бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ нишон дода мешавад.

 

Шоҳписанд УМАРАЛИЗОДА,

корманди Академия

Аксҳо

Похожие записи