СЕМИНАРИ “НАСЛИ СҲШ – 2040” БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН

21081209000767858657.jpg@!topbanner

Бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ҷиҳати иштирок дар амалисозии ҳадафҳои Созмони ҳамкории Шанхай, тарбия намудани онҳо дар “рӯҳияи Шанхай”, таҳким бахшидани дӯстӣ баҳри ҳамсоягии нек ва пос доштани фарҳангу тамаддуни кишварҳои ҳамсоя Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон семинар дар мавзӯи “Насли СҲШ – 2040” баргузор намуд.

 

Семинари мазкур 13 август дар Котиботи СҲШ дар шакли омехта (онлайн ва офлайн) доир гардида, кори онро Котиби Генералии СҲШ Норов Владимир Имамович ҳусни оғоз бахшид.

 

Дар чорабинии зикргардида намояндагони доимии давлатҳои узв дар Котиботи СҲШ, марказҳои миллии дӯстӣ ва ҳамкорӣ, намояндагиҳои SCOLAR Network дар давлатҳои узв иштирок ва суханронӣ доштанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистонро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, мушовири Сафорат – Муҳаммад Эгамзод ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.

 

Муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Шукрона Раҷабова дар баромади хеш аз таҷрибаи Марказ оиди доир намудани 7-умин конфронси ҷавонон “Модели СҲШ” ва натиҷаи он сухан ронда, дар охир як қатор пешниҳодҳои марказро ҷиҳати ташкили моделҳои минбаъда ва густариш додани ҳамкориҳо дар самти кор бо ҷавонон ба самъи ҳозирин расонид.

Похожие записи