КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “CИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

IMG_1600

12 апрел дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармутахассисон (мутахассисони пешбар)-и шуъбаҳо (бахшҳо)-и рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Cиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Зимни ифтитоҳи расмии он Абдухалил Ғафурзода – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Курси зикршуда то 17 апрел идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, рушди соҳаи иқтисод, рушди мукаммал ва босуботи иқтисодиёт дар даврони истиқлол, сиёсати молиявӣ ва идоракунии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонида мешаванд.

 

Ҳамзамон, зимни курси мазкур шунавандагон вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, этикет дар соҳаи хизмати давлатӣ, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, хусусиятҳои психологии таъсири роҳбар ба зердаст ва амсоли ин иттилоъ хоҳанд гирифт.

 

Дар анҷоми курс бо иштироки роҳбарияти Академия, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардида, пас аз суҳбат-санҷиш ба шунавандагон гувоҳнома супорида мешавад.

 

 

Аксҳо

Похожие записи