Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунони босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_9401

 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рўи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки то 19 сентябри соли 2020 идома меёбад, ифтитоҳ  гардид.

Дар расми ифтитоҳи курс Даврон Сафаров –  Ноиби якум, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, Умед Солеҳзода – муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ибодат Ғанизода – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Қумриннисо Азизова – сардори шуъбаи иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Нахуст Даврон Сафаров ҳузури аҳли нишастро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳар як давлат барои расидан ба ҳадафҳои олӣ ва рушди босуботи минбаъда дар назди худ мақсадҳои бузургеро мегузорад. Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар назди худ як қатор ҳадафҳои олиро гузоштааст, ки он дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаанд. Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як давлат нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ метавонад саҳми босазо гузорад. 

Зикр гашт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26.12.2018  зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Умед Солеҳзода иброз дошт, ки бо вуҷуди мураккаб гардидани вазъи иҷтимоии ҷомеа ва хусусияти глобалӣ пайдо кардани иқтисодиёти ҷаҳон, дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои дарозмуҳлат, инчунин, афзалиятҳои рушди кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ гардид.

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 декабри соли 2018) омадааст: “Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодаем”.

Таъкид гашт, ки мақсади асосии саноатикунонии кишвар ноил шудан ба сатҳи баланди рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум аст. Ҳар як мутахассиси оянда, новобаста аз ихтисос ва касбаш бояд мазмуну моҳияти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба саноатикунонии босуръат хуб сарфаҳм рафта, барои амалигардонии он ҳиссагузорӣ намояд.

Мавриди зикр аст, ки курси мазкур то 19 сентябри соли 2020 идома ёфта, дар он лекторони асосӣ аз Академияи идоракунии давлатӣ буда, инчунин, аз Вазорати саноат ва технологияи нав низ ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ мутахассисон даъват гардида, дар љамъбасти курс мизи мудаввар дар мавзўи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роњбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав доир мегардад.

Аксҳо