СОЗИШНОМАИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

photo_2021-06-18_16-13-05

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсат бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – заминаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар декани факултети дипломатия ва сиёсат, н.и.ҳ., дотсент Қодирзода Д.С., Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Муртазозода Ҷ.С., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МНМОҶТ, н.и.ҳ., дотсент Раҷабзода Р.М., муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва суханронӣ ва суханронӣ карданд.

 

Дар чорабинӣ инчунин мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯёну магистрантон ширкат доштанд.

 

Чорабиниро декани факултети дипломатия ва сиёсат Қодирзода Далер Сайфулло ифтитоҳ бахшида, вобаста ба нақш ва аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таъмини рушди устувори кишвар ҳарф зад. Мавсуф ваҳдати миллиро волотарин арзиши миллати тоҷик маънидод карда, зикр кард, ки маҳз ваҳдат омили сарҷамъӣ ва шодиву нишоти мардум ва шукуфоии диёр аст.

 

Дар маърузаи Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам мафҳуми ваҳдати миллӣ чун ибораҳои ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ, ошиву фарзонагӣ, амну субот ва меҳру садоқат ба миллату сарзамин баён гардид. Шоира ваҳдати миллиро беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон арзёбӣ намуда, иштирокдоронро ба таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ даъват намуд.

 

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷ.С. бо маърузаи пурмуҳтаво таҳти унвони “Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади аввалини Ваҳдати миллӣ” баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад.

 

Дар маърузаи Раҷабзода Р.М. мавзӯит ““Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси рушди қонунгузории мамлакат зимни маърузаи” мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт.

 

Муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Таҳаввули мафҳумӣ ва арзёбии вазъияти имрӯзаи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарф зада, мафҳуми ваҳдати миллиро аз нигоҳи илмӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва ҳам сиёсӣ шарҳ дод.

 

Ҳамзамон, дар идомаи мизи мудаввар аз ҷониби устодони кафедраҳои факултет дар мавзӯъҳои “Ваҳдати миллӣ – бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди замони соҳибихтиёрӣ”, “Нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мукаммалгардонии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Саҳми Пешвои миллат дар барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ”, “Равандҳои сиёсии Ваҳдати миллӣ”, “Нақши кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар дастёбии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”, “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон”, “Сулҳ ва Ваҳдати тоҷикон” суханронӣ карданд.

 

Дар қисмати музокираҳо андешаҳои судманд ироа гардида, иштирокдорон вобаста ба таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ пешниҳодҳо арз доштанд.

Похожие записи