СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ РӮЗАФЗУНИ КИШВАР

IMG_0293

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

 

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолии худ ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда, ба ин восибат сатҳи зиндагии мардумро тадриҷан боло бурда истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ки мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.

 

Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки давлату Ҳукумати кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба онҳо таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.

 

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ таваҷҷуҳи пайваста равона шуда, барои рушду пешрафти онҳо тамоми чораҳо роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла Пешвои миллат вобаста ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар Паёми хеш чунин қайд намудаанд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, боғчаву кӯдакистонҳо сохта ба истифода дода шуданд”.

 

Дар маҷмуъ метон гуфт, ки бо ба даст овардани неъмати бебаҳо ва муқаддаси истиқлол кишвари мо пешрафти ҳамарӯза дошта, дар тамоми соҳаҳои кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд. Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар, амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа, амалӣ намудани стратегияҳои миллӣ, рушди бесобиқаи иқтисоди кишвар, ба роҳ мондани муносибатҳои хуби дипломатӣ, умуман татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат гувоҳи он аст, ки дар муддати кутоҳ мо метавонем, ба дастовардҳои шоён ноил гардем ва кишварамон аз ин ҳам пешрафтаву обод гардад.

 

Темурҷон НАБИЕВ,

магистанти Академия

Похожие записи