“СҲШ 2022: БА СӮИ ҲАДАФҲОИ НАВИ РУШД”

IMG_4264
Таҳти ин унвон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон бахшида ба яксолагии таъсисёбии Марказ ва ҷиҳати таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2022 бо такя ба яке аз принсипҳои асосии фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай – машваратҳои муштарак, 22 феврали соли равон мизи мудаввар баргузор намуд.

Мақсад аз баргузории он ҳамоҳангсозии чорабиниву лоиҳаҳои Марказ бо шарикон ва баррасии масъалаҳои васеъ намудани доираи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ дар қаламрави СҲШ баҳри татбиқи меъёрҳои Эъломияи 20-солагии СҲШ ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи Марказ бо ташкилотҳои механизми СҲШ ва давлатҳоиузв мебошад.

Чорабинии мазкур бо иштироки доираи васеи меҳмонон, аз ҷумла муовини Котиби Генералии Созмони ҳамкории Шанхай ҷаноб Логвинов Г.С. , Ҳамоҳангсози миллии СҲШ дар Тоҷикистон – ҷаноб Саидмуродзода А.Л., собиқ Котиби Генералии СҲШ – профессор Алимов Р.Қ, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узвва роҳбарияти ташкилоти механизми созмон: Котиби Генералии Кумитаи чинии СҲШ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ – хонум Чжэн Вэй, Директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон – ҷаноб Собиров Қ.Қ., роҳбари платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network – хонум Виктория Ху ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистонбо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 феврали соли 2021 бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис ёфт. Имрӯз аз ин ташаббус як соли пурра сипарӣ гардид.

Марказ созмони ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда, бо мақсади таҳкими ҳамкориву дӯстӣ ва ҳамсоягии неки кишварҳои узв, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, таҳияи ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи давлатию минтақавӣ, мусоидат ба рушди дипломатияи мардумӣ ва тақвияти ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар минтақа аз ҷумла дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ ифтитоҳ гардид. Марказ тавонист, ки тӯли як соли фаъолияти хеш бо сохторҳои механизми СҲШ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, як қатор чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амсоли онҳоро ташкил ва баргузор намояд.
Маврид ба ёдоварист, ки Марказ аз лаҳзаи таъсис аз рӯи самтҳои дар низомнома муқарраргардида фаъолияти худро ба роҳ монда, то имрӯз на танҳо бо сохторҳои механизми созмон, балки бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай низ ҳамкории ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, бо мақсади фаррохтар гардонидани доираи ҳамкориҳо ва ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона миёни донишҷӯён, магистрантон ва мутахассисони ҷавони Тоҷикистону давлатҳои узв дар чорабинии имрӯза намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ ҳузур доштанд.

Похожие записи