Табрикоти Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз

IMG_3630

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу пурнишот, ки ба Тоҷикистони маҳбуби мо боз ҷашни байналмилалии Наврӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, ҳар яки Шуморо ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрику таҳният менамоям.

Бешубҳа, Наврӯз яке аз муборактарин ҷашнҳои миллиамон буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонааш мардумро гирди ҳам оварда, дар дилу дидаҳои мо сахт ҷой гирифтааст ва бо ҳама назокату фасоҳаташ то ба даврони мо расидааст.

Дар ин айёми накӯи созандагиҳо аз самараи Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳу шаҳомати Наврӯз бештар гардида, он то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дарвоқеъ, ин ҷашни бостониамон дар тӯли мавҷудияти зиёда аз панҷҳазорсолаи хеш мазмуни амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намуда, ҳамчун суннати муқаддас бароямон мерос мондааст. Тавре ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зикр намудаанд:«Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд».

Аз файзу баракати Наврӯзи оламафрӯз боз ҳам раванди рушду ободӣ ва бунёдкориву созандагӣ дар кишвар шукуҳи хоса касб намуд. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон-Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба тараққиёт ва дастовардҳои бузург дар соҳаҳои гуногун ноил гардида, қабл аз ҳама бо арҷгузорӣ ба ниёгон ва эҳёву посдории анъанаву ҷашнҳои қадимаи миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Яке аз падидаҳои неку умедбахше, ки бо фаро расидани нозанинфасли сол- Баҳор ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни  шукуҳманди ин фасл – Наврӯзи фаррухпай дар ҳаёти боргоҳи мо ба вуқӯъ пайваст, ин ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №1463, Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Ин ҳодисаи фараҳбахшу таърихиро ба кулли устодону донишҷӯён ва кормандон самимона муборакбод мегӯям.

Тавре шоҳид будем, 1 сентябри соли 2019 Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат дар муассисаи мо таҷлил гардид. Зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкада Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханрониашон иброз намуданд, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст. Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад. Хушбахтона, ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати табдили Донишкада ба Академия дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гашт, ки бешак боиси ифтихор аз ватандорӣ, ҳуввияту худшиносии ҳар як устод, корманд, магистрант ва донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки барои арљгузории њамаи ин ѓамхорињои Сарвари давлат ањли олимон, устодон ва кормандону донишљӯёни Академия низ бо нияти нек, бо донишњои мукаммали навоваронаи хеш ба халќу ватани азизи худ хизмати софдилона хоњанд кард. Дар ин росто, зарур мешуморам, ки устодону кормандони ин боргоҳи маърифатамон бо меҳнати арзанда ва иродати ватанпарастона ҷиҳати тарбияи мутахассисони баландпоя ва содиқи соҳаи идораи давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ камари ҳиммат баста, саҳми худро дар ободонию шукуфоии Ватани соҳибистиқлоламон гузоранд. Ҳамзамон, таманнои онро мекунам, ки Наврӯзи имсола барои миллати тоҷик саодату нусрати нав ва барору комёбиҳои тоза меоварад ва дар ҷодаи рушду ободии Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқол қадамҳои созгор гузошта шавад ва ҷашни пуршукуҳу бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо даствардҳои назаррас истиқбол бигирем.

Бо чунин орзуву ниятҳои нек Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикро бо фарорасии Соли нави  аҷдодиамон – Наврӯзи ҳуҷастпай самимона таҳният гуфта, сиҳатмандӣ, хонадони обод, саодату хушбахтӣ ва дастовардҳои беназирро таманно дорам.

Наврӯзи фархундапай муборак!

Похожие записи