ТАКМИЛИ МАЛАКАИ КАСБӢ ДАР САМТИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАҲО

IMG_8645

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Татбиқи стандартҳои байналмилалии сифат дар омодасозии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва барномаи грантии “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, семинари касбии “Идоракунии лоиҳаҳо” доир гардид. Семинар тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ва ҳузурӣ сурат гирифта, аз 21 то 23 июли соли ҷорӣ идома ёфт.

 

Барои гузаронидани семинари мазкур мутахассисони варзида ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ аз Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киев (Украина) ҷалб гардида буданд.

 

Шунавандагони семинарро ҳайати омӯзгорону кормандон ва муҳаққиқони Академия ташкил доданд.

 

Дар семинари мазкур шунавандагон малакаҳои касбии худро дар самти таснифи лоиҳаҳо, масъалагузорӣ, банақшагирии лоиҳа, идоракунӣ ва пешгирии хавфҳо, маблағгузорӣ ва ҳисобҳо дар лоиҳа рушд дода, ҳамзамон усулҳои нави таҳия, татбиқ ва идоракунии лоиҳаҳоро омӯхтанд.

 

Дар охир ба 25 нафар иштирокчиён сертификати дараҷаи байналмилалӣ дода шуд.

Похожие записи