ТАКМИЛИ МАЛАКАЮ МАҲОРАТИ ПЕДАГОГИИ ОМӮЗГОРОН

IMG_9266

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақшаи кории раёсати таълим дар давраи таътили зимистонаи донишҷӯёни таълими рӯзона санаҳои 14-15 январи соли 2021 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот” ва санаҳои 18 то 23 январи соли 2021 дар мавзӯи “Такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон”  курси омӯзишӣ доир шуд.

 

Дар курсҳои мазкур доир ба мавзӯъҳои “Омодасозии стандарти давлатии таълимии ихтисос, нақшаи таълимӣ (бакалавр, магистратура ва фосилавӣ), барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ (силлабус) ва бонки лексияҳо”, “Ташкили раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот” (вобастакунии сарбории таълимӣ, тартиби ҷадвали машѓулиятҳо, иҷроиши нақшаҳои инфиродӣ, қайди дафтарҳои гурӯҳҳои таълимӣ, нақши КМРО, КМД) ва инчунин дар мавзӯи “Истифодаи методҳои муштаракфаъол дар таълим”, “Барномаи тафаккурии интиқодӣ дар маориф”, “Низоми ташаккули шахсият аз нигоҳи педагогӣ”, “Зарурати омӯзиши фанни педагогика дар мактаби олӣ”, “Масъулияти омӯзгорӣ”, “Усулҳои интерактивии таълим” ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба шунавандагони курс ва иштирокдорони семинар устодони ботаҷрибаи Академия – сардори раёсати таълим н.и.и. дотсент Одинаев Б, муовинони раёсат Маҳмадов И.М., Рашидов Ҷ.Қ., д.и.ф. профессор Мухторов З., н.и.п. дотсент Сайдаҳмадзода Д., н.и.ҳ.дотсент Каримов А., корманди раёсати таълим муаллима Мухамедова З. дар хусуси мавзӯъҳои болозикр  дарс гуфтанд.

Дар ин семинар ва курсҳои омӯзишӣ кормандони раёсати таълим, садорати факултетҳо, мудирон ва омӯзгорони кафедраҳои (омӯзгорони калон ва асиссентон) Академия иштирок намуданд.

Мақсад аз гузаронидани ин омӯзишҳо истифодаи самараноки вақт, иҷро намудани методҳои гуногуни дарсӣ, баланд бардоштани маҳорати педагогӣ ва дар умум беҳтар намудани раванди сифати таълим дар Академия мебошад.

Дар ҷараёни семинар ва курсҳои омӯзишӣ мавриди баҳс ва саволу ҷавоб қарор гирифтани масъалаҳои иброзшуда ва баррасии ақидаи иштирокчиён аз ҷолибияту саривақтии он дарак дод.

Раёсати таълими Академия тасмим дорад, дар оянда низ ин гуна чорабиниҳои омӯзиширо дар байни кормандони Академия роҳандозӣ намуда, ҷиҳати босифат ба роҳ мондани раванди таълим ва истифодаи усулҳои фаъол чораҳоро амалӣ гардонад.

Похожие записи