ТАРБИЯИ БАШАР САРҲАДНОПАЗИР АСТ

Аҳмадзода Зулфия

Таълиму тарбияи насли солиму соҳибмаърифат вазифаи муқаддаси падару модарон, муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ, муассисаҳои олӣ, инчунин аҳли ҷомеа ва давлат аст. Мутаассифона, таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае коҳиш ёфта, дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз падару модарон наврасону ҷавонон бе тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то шом гаштугузор менамоянд, ба ҳар гуна равияҳои бегона ҳамроҳ шуда, иддае аз онҳо даст ба ҷинояткорӣ мезананд. Барои ҳамин мо бояд дар таълиму тарбияи фарзанд беэътиноӣ зохир нанамоем.

 

Бояд гуфт, ки пеш аз қабул шуданаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор дошт ва аксарияти аҳолии кишвар аз он тарафдорӣ карданд. Лекин дар ҷомеаи мо имрӯз ҳаст афроде, ки қабули ин қонунро напазируфтанд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дин аз давлат ҷудо мебошад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъияти, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Бинобар ин қиёс гузоштан миёни қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои шариату дини Ислом хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Муқаррароти қонуни мазкур доир ба роҳ надодани иштироки фарзандони ноболиғ дар фаъолияти иттиҳодияҳои ғайриқонунӣ пеш аз ҳама ба хотири пешгирӣ кардани воридоти ҳар гуна афкори бегона ба мафкураи ҷавонон пешбинӣ шудааст. Зеро, ки баъзе руҳониён зери парчами Ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд карда, ғояҳои дини мубини Исломро аз нигоҳи ғаразноки худ тавсиф намуда, ҷавононро ба роҳи ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ равона месозанд.

 

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №94 аз 3 марти соли 2006 тасдиқ гардидааст. Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

 

Консепсия бо дарназардошти анъанаву суннатҳои арзишманди миллати тоҷик ва халқияту миллатҳои дигари Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии Тоҷикистон, новобаста аз маҳаллу миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барои инсони комил будан интихоб ва амалӣ намоянд.

 

Асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.

 

Тарбия ин як падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.

 

Мақсади тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад. Давлат чунин тартибу интизомро ҷорӣ мекунад, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат намояд.

 

Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқид назар кунад. Ватани хешро дӯст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд, ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.

 

Шоҳсутунҳои тарбия – хонавода, мактаб ва ҷомеа агар бо ҳам даст надиҳанд ва ҳар сутун вазифаи худро анҷом надиҳад ва ё шона холӣ карда, бетафовутӣ, беҳавсалагӣ зоҳир намояд, вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон, ташвишовар мондан мегирад.

 

Вазъи тарбия имрӯз дар ҳама гуна кишварҳо ташвишовар аст ва он хусусан дар шароити ҷаҳонигароӣ, албатта, бетаъсир намемонад. Маҳз ҳамин вазъи ташвишовари тарбия дар ҷаҳон водор месозад, ки мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, муассисаҳои таҳсилот, бахусус падару модар, бояд наслеро тарбия карда ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад.

 

Агар ба таърих нигарем, бузургон, донишмандон ва аломаҳои халқи тоҷик манфиатҳои миллати худро ҳеҷ гоҳ аз манфиатҳои ҷаҳониён боло нагузоштаанд. Онҳо тамоми арзишҳо ва ҷанбаҳои мусбати зиндагиро марбут ба ҳамаи халқҳои ҷаҳон донистаанд.

 

Дар ин шароит, ки худи таърих ба мо имконият додааст, набояд паҳлуҳои ҷудогонаи тарбияро дар чордевори давлатҳои алоҳида маҳдуд созем. Мо вазифадорем, ки дар кори хайри наҷоти инсон ва замин аз дипломатияи тарбияи мақсаднок кор бигирем, ки қатъи назар аз миллат, нажод, забон, дин манфиати умумибашариро ифода менамояд. Ба ин маънӣ, пешниҳод карданием, ки паҳлуҳои ҷудогонаи тарбия ҳамчун офтоб ба сари ҳар як сокини сайёра нур пошад. Яъне мо ба ҳар гуна ҷангу низоъҳо ва дигар аъмоли манфии инсон, ки сарварон, гурӯҳҳо ва одамони алоҳида роҳандозӣ мекунанд, тарбияро муқобил мегузорем ва аминем, ки одамони тарбиядида ва аз меҳри гарми тарбия баҳра бурда ҳеҷ гоҳ ба амалҳои бад даст намезананд. Бартарӣ ва хусусияти тарбия ҳам ҳамин аст, ки одамро ба роҳи нек ҳидоят мекунад. Одам дар натиҷаи тарбия ба қадри арзишҳои худ мерасад.

Дар таълиму тарбия ҳама чиз муҳим аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар мамлакатҳои пешрафта ҳам, ки назар ба шуниди мо, мактабу муаллимон сад фоиз таъминанд, тарбия мелангад. Барои он ки тарбия на ба матою оҳану чӯбу тахтаю асбобҳои оҳангарию дуредгарӣ (ҳарчанд инҳо ҳам басо муҳиманд), балки ба рӯҳ ва дил, ақлу фаросат, маънавиёт, имону виҷдон сару кор дорад. Ин ҷо мо ба:

– муҳаббату самимияту масъулияту салоҳият;

– намунаи ибрат;

– фарҳанги сухану фаҳмондан;

– дилсӯзию худгузарӣ кор дорем.

 

Хуллас, тарбияи башар сарҳаднопазир аст. Он дар доираи муассисаҳои таълимӣ маҳдуд намемонад, балки фаъолияти ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии шохаҳо ё шоҳсутунҳои тарбия: оила, мактаб ва ҷомеаро тақозо мекунад.

 

Зулфия АҲМАДЗОДА,

ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва

робита бо ҷомеаи Академия,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,

Похожие записи