ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2030 ВА ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУРЪАТИ САНОАТИКУНОНӢ ДАР МАМЛАКАТ

IMG_2456

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи самаранок ва босифати Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 се марҳила пешбинӣ гардидааст, ки марҳилаи аввали он тавассути Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба охир расида, марҳилаи дуюми он оғоз гардида, барои солҳои 2021-2025 идома дорад. Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони таҷрибадор таҳия гардидааст. Ин барнома дар асоси таҷрибаҳои омӯхта, дар асоси татбиқи барномаи пешина таҳия шудааст, ки дар он таҳлили соҳаҳо, тадбирҳои зарурӣ баҳри ноил шудан ба ҳадафҳо, роҳҳои кам кардани таъсири ҳаргуна омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои зарурӣ дарҷ карда шудааст.

 

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд қадам ниҳода истодааст, ки ин бевосита ба самти тадбиқи чор ҳадафи умумимиллӣ равона шудааст. Махсусан, ҳадафи чорум -саноатикунонии босуръати мамлакат, ки бояд Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил дода шавад, хело муҳим аст. Яъне истеҳсол намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили ҷумҳурӣ, коркарди ашёи хом ва ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ дар кишвар арзёбӣ гардида, ба тавлиди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ такя карда мешавад. Махсусан, босуръат саноатикунонии мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот мебошад, ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ мебахшад ва дар ин замина имкониятҳои баланди иловашуда дар соҳаҳои коркард ва ҷойҳои нави корӣ ба даст оварда мешавад.

 

Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари захираҳои мавҷуда ҳамчунин аз манбаъҳои нав ва дигар самтҳо сарчашма мегирад, ки дар ин барнома онҳо бо муайян кардани имконият муфассал нишон дода шудаанд. Ин пеш аз ҳама, дар истеҳсолот зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли неруи барқ, рушди иқтисодиёти рақамӣ, рушди саноати мошинсозӣ, дорусозӣ, рушди бозори молиявӣ, истифодаи имконияти транзитии кишвар ва рушди сайёҳӣ, расмикунонии иқтисодиёти пинҳонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ дар асоси таҳлили ҳаматарафа пешбинӣ гардидааст.

 

Гуфтан мумкин аст, ки иҷрои ин барнома дар оянда кишвари моро ба яке аз истеҳсолкунандагони неруи барқи сабз дар минтақа табдил медиҳад. Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти зиёди ба кишвари транзитӣ ноил шудан ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дорад, чунки мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурии мо имкон медиҳад, ки Осиёи Ҷанубиро бо Осиёи Марказӣ пайвандад ва ҷумҳурӣ, ки дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷойгир шудааст, ба транзити мол ва воситаҳои нақлиёт таъсири хуб расонида, дар баробари ин, ба имконияти рушди сайёҳӣ дар кишвар шароити мусоид муҳайё месозад.

 

Ин боиси он мегардад, ки ба имконияти рушди нави энергетикӣ, рушди саноати вазнин, мошинсозӣ, металлургия, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири мусбӣ расонад.

 

Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ ҷавобгӯ яке аз мақсадҳои асосии рушди иқтисодиёт маҳсуб ёфта, на танҳо амнияти озуқавории кишвар таъмин карда мешавад, инчунин маҳсулотҳои мо ба бозорҳои хориҷа содир карда мешавад.

 

Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза талабот зиёд аст ва таваҷҷуҳи зиёди кишварҳо ба ин бештар мебошад ва мо барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли чунин маҳсулот ва содироти он имконият дорем.

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба буҳрони молиявию иқтисодӣ ва вазъи ногувори тандурустӣ гирифтор шудаст, ки ин бемории сироятии COVID-19 мебошад ва то ҳол идома дошта, пешгӯӣ мешавад, ки ин дар ҷаҳон рӯз то рӯз мушкилтар шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки ин буҳрони тандурустӣ ба мо низ бетаъсир набуд.

 

Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025, ки ҳамасола афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилиро на кам аз 7-8 фоиз пешбинӣ намудааст, дар он чораҳои бартараф кардани таъсири омилҳои манфии беруна пешбинӣ гардидааст ва маҳз ба ҳамин мақсад манбаҳои нави рушди дохилӣ бештар ба инобат гирифта шуда бояд, ки барои иҷрои ин ҳадаф барномаи мазкурро самаранок истифода барем. Саноатикунонии босуръат ин ҳадафи чорум аст, ки дар барнома ба он таваҷҷуҳи асосӣ дода шудааст. Маълум аст, ки барои ин ҳадаф сармоя нақши асосӣ мебозад. Дар соли 2020 ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат бо сабабҳои паҳншавии бемории коронавирус, ки нақшае аз ҷониби сармоягузорон барои сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ буд, мавқуф гузошта шуд. Хушбахтона, аз охирҳои соли 2020 сар карда, афзоиши сармоягузорӣ ба назар мерасад, яъне истифодаи якчанд корхонаҳои хурду бузург дар қаламрави мамлакат, ки дар ифтитоҳи як қатори онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд, барои рушди сармоягузорӣ мусоидат намуд.

 

Тибқи Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст, соҳибкорон, сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нав ба нав таъсис дода истодаанд ва дар ин самт аллакай чандин созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шудааст. Албатта, шароиту имконияти Тоҷикистон хеле зиёд аст ва хурсандона гуфтан мумкин аст, ки сармоягузорон низ таваҷҷуҳи худро ба кишвари мо дигар накардаанд. Бинобар ин, ба мо андешидани чораҳои зарурӣ дар самти беҳтар сохтани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ зарур мебошад.

 

Боварӣ дорем, ки бо бунёди корхонаҳои нави саноатӣ Тоҷикистони азизи мо дар ояндаи наздик ба ҷумҳурии индустриалӣ-аграрӣ табдил хоҳад ёфт.

 

Эркин ДОСТИЕВ,

декани факултети идоракунии давлатӣ,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи