ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

IMG_0209

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсат дар мавзӯи “Масъалаи таъмини амният дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид.

 

Дар он декани факултети дипломатия ва сиёсат н.и.ҳ., дотсент Қодирзода Д.С., муовини сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.с. Қодиров З.Қ., директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ н.и.т., дотсент Бобозода Ф.Т., муовини сардори раёсати таълим Маҳмадов И.М., устодон, магистрантон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

 

Декани факултети дипломатия ва сиёсат Қодирзода Далер Сафулло ба кори мизи мудаввар оғоз бахшида, зикр намуд, ки масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ пайдо намудааст. Давлат таъмини амниятро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Махсусан, масъалаи таъмини амният дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса дошта, ҷанбаҳои гуногун дорад.

 

Бобозода Ф.Т. – директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар мавзӯи “Нақши мақомоти амниятӣ дар пешгирии инқилобҳои ранга” маъруза намуд. Зимни баромади худ аз ҷумла қайд кард, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар  фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад. Дар ин раванд масъалаи таъмини амният ва нақши мақомоти амниятӣ назаррас мебошад.

 

Дар идомаи мизи мудаввар устодону донишҷӯён ва магистрантон дар мавзӯъҳои “Масъалаи амнияти сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Таҳдидҳои нави амнияти Осиёи Марказӣ дар шароити муосир”, “Ташаббусҳои минтақавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амният”, “Масъалаҳои хатарҳои экологӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тағйирёбии манфиатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ”, “Ҳамкории сиёсию иқтисодӣ-омили асосии таъмини амният дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баромад намуданд.

 

Дар қисмати музокира иштирокдорон маърузаҳоро муҳокима намуда, андешаҳояшонро баён доштанд.

 

Аксҳо

Похожие записи