ТАЪРИХ ВА ПАЙДОИШИ ТУРИЗМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

туризм меж

Пайдоиши туризми байналхалқӣ ба миёнаҳои асри ХIX, яъне ба давраи мустаҳкамшавии ҷамъияти капиталистӣ дар як қатор мамлакатҳои тараққикардаи дунё рост меояд. Туризми байналхалқӣ дар алоқамандии зич бо дигар тарафҳои зиндагии байналхалқӣ инкишоф ёфта, на танҳо ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон, балки ба мамлакатҳои алоҳида низ таъсир мерасонад. Туризм ҳамчун шакли одӣ ва ҳақиқии саёҳат тавонист танҳо дар зинаи муайяни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, дар базаи баланди инкишоф ва мустаҳкамии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии муносибати байни одамон мустақил гардад. Ин ба давраи ташаккули бозори байналхалқӣ, афзоиши савдои байналхалқӣ ва пайдоиши воситаҳои нақлиёт мувофиқ меояд.

 

Гаҳвораи туризми байналхалқӣ бошад, Аврупо буд, ки ба ҳисоби вай қариб 2\3 шумораи туристони хориҷӣ рост меояд. Гарчанде ба ҳар як райони туристӣ таъмин намудани қабул, ҷо ба ҷо кардан ва хӯроки туристон ҳатмӣ буд, талабот дар сохтмони объектҳои туристӣ пайдо гашт.

 

Яке аз аввалин давлатҳое, ки дар он револютсияи буржуазӣ ғалаба кард ва капитализм инкишофёбиро оғоз кард, Англия буд. Айнан дар ҳамин ҷо аввалин ташкилотҳои туристӣ, ки фаъолияти худро аввал дар дохили мамлакат ва баъд берун аз он ба роҳ монданд, пайдо гаштанд.

 

Аввалин агенти машҳури турист ин англис Томас Кук буд, ки бо шартҳои имтиёзнок моҳи июни соли 1841 ба таври чакана 570 чиптаро барои ҷамъияти солим, барои саёҳат тавассути поезд аз Лейстер ба Лафборо харид кард.

 

Томас Кук ба истифодабарии имкониятҳои васеи пайдошуда оғоз кард. Ҳангоме ки соли 1851 дар Лондон якумин намоишгоҳи байналхалқӣ доир гашт, танҳо аз Йокшир равон кардани 155 ҳазор тамошобин аз тарафи Томас Кук ташкил карда шуд. Соли 1854 дар Англия якумин маълумотнома оид ба меҳмонхонаҳо, ки дар он қариб 8 ҳазор меҳмонхона нишон дода шуда буд, ба чоп расид. Инкишофи фаъоли фаъолияти туристӣ дар дохили мамлакат Т.Кукро водор кард, ки вай ба ташкил кардани сафарҳои хориҷӣ оғоз намояд.

 

Сафари якуми вай соли 1855 ба Фаронса буд, чунки дар Париж намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ ба кори худ шуруъ карда буд. Соли 1858 бошад, вай ба ташкили сафарҳои туристӣ ба дигар кишварҳои Аврупо машғул шуд.

 

Солҳои 50-70 қисми зиёди туристони хориҷиеро, ки ба Аврупо сафар мекарданд, англисҳо ташкил медоданд. Нақши муҳимро дар инкишофи туризм дар Аврупо дар нимаи дуюми асри XIX зиёдшавии роҳи оҳан иҷро мекард. Соли 1888 ба қитъаи Аврупо аллакай 520 ҳазор турист аз Англия ташриф оварда буд. Аз миёнаҳои солҳои 60-ум инкишофи туризм байни Англия ва ИМА оғоз шуд. Дар ин ҷо низ хизмати шоиста ба Т.Кук тааллуқ дорад, зеро вай соли 1865 саёҳатро ҳам аз Амрико ба Англия ва ҳам аз Англия ба Амрико ташкил кард. Соли 1886 гуруҳи аввали туристони Англия ба ИМА ташриф оварданд.

 

Аз соли 1867 саёҳатҳои баҳрии туристии Т.Кук оғоз гардиданд. Барои бастани шартномаҳо бо компанияҳои роҳи оҳанӣ ва киштиронӣ бо роҳбарони меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо маҳдудият вуҷуд надошт, барои ҳамин ҳам барномаҳо ва маршрутҳои рафтуомад тартиб дода шуданд.

 

Ин намуди нави фаъолият як қатор соҳибкоронро ҳавасманд гардонид. Пас аз фирмаи Т.Кук дар Англия ташкилоти туристии Треймза ва Генри Ланна пайдо гашт, Клуби туристии велосипедронҳо, Ассотсиатсияи политехникии туристӣ, Ассотсиатсияи корпоративии истироҳат ва ғайра таъсис дода шуданд. Камтар дертар фирмаҳо ва агенстваҳои туристӣ дар Фаронса, Италия, Швейтсария ва дигар давлатҳои қитъаи Аврупо низ пайдо гаштанд.

 

Соли 1885 дар Санкт-Петербург ба фаъолияти худ якумин компанияи туристии Л.Липсон оғоз кард.

 

Оид ба инкишофи туризм дар Россия дар он давра ба таври алоҳида гуфтан мумкин аст. Дар нимаи дуюми асри XIX ба фаъолияти экскурсионӣ диққати ҷиддӣ дода мешуд. Дар ин давра ҷамъияти дӯстдорони табиат, ки филиалҳои худро дар як қатор шаҳрҳои империя, аз ҷумла дар Петербург, Москва, Қазон, Тифлис, Екатеринбург дошт, Клуби кӯҳии Қрим дар Одесса, ҷамъияти кӯҳии Қавқоз, ки дар Пятигорск ҷойгир буд, ба машҳурияти зиёд дучор гардиданд. Аз соли 1899 сар карда дар Москва комиссия оид ба ташкили экскурсияҳо фаъолият мекард.

 

Инкишофи фаъолияти экскурсионӣ боиси кушодашавии намоишгоҳҳо, осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангии гуногун гардид.

 

Соли 1925 дар Гаага (Нидерланд) якумин конгресси иттиҳоди байналхалқии ташкилотҳои расмӣ оид ба пропагандаи туризм баргузор гардид. Дар он намояндагони 14 давлати Аврупо фаъолона иштирок намуданд. Омили асосие, ки дар солҳои 20-30-юм ба рушди туризм таъсир мерасонид, ин инкишофи беисти шаклҳои нави воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳавопаймоӣ буд.

 

Солҳои 50-ум бошад, аз афзоиши туризми байналхалқӣ шаҳодат медиҳад, то соли 1960 шумораи туристоне, ки ба хориҷа сафар мекарданд, ба 73 млн. одам расид, яъне қариб 3 маротиба афзуд. Давраҳои 1961 то 1970-ум сол бо афзоиши минбаъдаи фаъолияти туристӣ мегузашт, зеро ки зиёдшавии шумораи туристони хориҷӣ, ки миқдори онҳо дар соли 1977 ба 167,9 млн. одам расид, дар бораи он шаҳодат медод.

 

Солҳои 80-ум афзоиши туризми байналхалқӣ боз ҳам зиёдтар ба чашм мерасид. Дар муддати 30 сол шумораи иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқии туристӣ 11 маротиба афзуд. Дар ин давра туризм аллакай дар тамоми дунё инкишоф ёфта буд.

 

Солҳои 80-ум давлатҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ҳам оид ба қабули туристон ва ҳам барои фиристодани туристон пешсаф буданд. Ба шумораи давлатҳое, ки «таҳвилкунандаи» туристон ба ҳисоб мерафтанд, Япония ва Австралия дохил гаштанд. Давлатҳои Африқои Шимоли ва Осиё рақибони асосии давлатҳои Аврупои Ҷануби ба ҳисоб мерафтанд, зеро ки онҳо маҳсулотҳои туристиро (баҳр, офтоб, пляж.) бо нархҳои нисбатан дастрас пешниҳод мекарданд. Солҳои 80-ум туризми байналхалқӣ қисми асосии робитаҳои иқтисодии байналхалқӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин давраҳо афзоиши даромадҳо аз мубодилаи туристӣ мушоҳида карда мешуд.

 

Таърифи муосири туризм, ки аз тарафи СММ қабул гардидаааст, чунин аст: туризм – ин истироҳати фаъолонаест, ки ба солимгардонии саломатӣ, инкишофи ҷисмонии инсон таъсир карда, ба ҳаракат ва берун рафтан аз ҷои доимии истироҳат алоқаманд мебошад.

 

Омилҳои бавуҷудорандаи талабот ба туризм аз се гуруҳи асосӣ, яъне маърифатӣ, фархангӣ, хоҷагӣ ва табиию иқлими марбут мебошад.

 

Ба ҷойхои шоёни диққати таърихию фарҳангӣ осорҳои таърихӣ ва ёдгориҳои археологӣ осорхонаҳо, намоишгоҳҳои бадеӣ, театрҳо ва дигар объектҳо дохил мешаванд.

 

Ба сабаби субъективии тараққиёти туризми байналхалқӣ, фаъолияти органҳои давлатӣ дохил мешавад, ки тартиби даромадан-баромадан аз давлат ва ба ҳудуди он даромадани шаҳрвандони хориҷиро, танзим  мекунад.

 

Рушди туризм дар Тоҷикистон на танҳо зарурати пайдоиш, барқароршавӣ ва такмили намудҳои гуногуни туризмро дар ҷумҳурӣ ба миён овард, балки ба пурзӯр гардидани таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, фаъол гардидани мубодилаи туристии дар миқёси байналмилалӣ аз рӯи ҳамкориҳои дуҷониба тадбиқшаванда баррасии масъалаҳои соддатар гардонидани расмияти раводидӣ, сарҳадӣ ва гумрукӣ, фароҳам овардани иқлими мусоиди андозӣ, зарурати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба ин соҳа мусоидат намуд.

 

Вобастагии мутақобилаи туризми дохилаву хориҷӣ, паҳлуҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо амалан дар аксар кишварҳои ҷаҳон, ки дар он ҷо туризм ба нишондиҳандаи муҳими рушди давлат табдил ёфтааст, тасдиқи худро ёфтаанд ва дар робита бо ин нақши он дар иқтисоди миллӣ мунтазам меафзояд.

 

Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар маркази Шоҳроҳи Абрешим ҷойгир буда, аз фоизи онҳо баландтарин кўҳҳои ба силсилакӯҳҳои Ҳиндукушу Ҳимолой дохилшаванда ишғол менамояд, мавҷуд будани мероси бои таърихию фарҳангӣ, захираҳои нотакрори табиӣ зарурати пеш гузоштани туризмро ба сифати самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба миён мегузоранд.

 

Саноати муосири туристии ба иқтидори нотакрори табиию фарҳангии ҶТ, гуногунии манзараҳо ва табиати он асосёфта қодир аст, ки ҳама гунна дархостҳои сайёҳонро қонеъ созад, амали табиии ҳамгароии мутобиқшавандаи туризм ва системаи робитаҳои хоҷагидории ҷаҳонӣ, буда яке аз соҳаҳои мунтазам тараққикунандаю самарабахш ва манфиатнок маҳсуб мегардад.

 

Татбиқи маҷмӯии маҳсулоти туристии тоҷик, ба рушди соҳаҳои бо туризм алоқаманд асос ёфтааст (сохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, хизматрасонӣ, сохтмон, суғурта ва ғайра) ва ҳавасмандсозии фаъолнокии инвеститсионӣ рушди устувори шуғл даромади кишвар ва аҳолиро таъмин менамояд.

 

Туризми байналхалқӣ соҳаи васеъ ва зуд тараққикардаистодаи хоҷагии ҷаҳони муосир ба шумор меравад ва омӯзиши масъалаҳои гуногуни ин соҳа барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад, чунки ҷумҳурии мо қариб ҳамаи заминаҳоро барои ривочу равнақ додани ин соҳа доро мебошад.

 

Туризм ба афзоиши шуғл мусоидат мекунад. Туризми байналхалқӣ ба инкишофёбии давлатҳои алоҳида ва ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсир мерасонад. Бо имкониятҳои васеъшавии савдои байналхалқӣ ва намуди дигари муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маданият ва маориф, туризми байналхалқӣ ҳам инкишоф меёбад.

 

Туризми байналхалқӣ ба баланд кардани маҳсулот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад ва васеъ намудани навъҳои гуногун ва иҷро кардани тағирёбии сохт дар истеҳсолоти мол ва хизматрасонии миллӣ мебошад. Дар натиҷаи хароҷоте, ки туристони хориҷӣ мекунанд, дар давлат якум, даромади фирмаҳои туристӣ меафзояд ва дуюм, таъминкунандагони мол ва хизмат меафзояд, ки дар навбати худ талабот ба мол ва хизматрасонии таъминкунандагони худ меафзояд ва даромади ҳамаи соҳаҳо низ зиёд мегардад, сеюм даромади худи аҳолӣ меафзояд, ки ба бизнези туристӣ вобаста аст ва ин ба афзудани талаботи истеъмолкунандагон оварда мерасонад.

 

Дар давоми солҳои охир, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти туризми байналмилалӣ натиҷаҳои мусбат ба даст омад.

 

Мақсади асосии инкишофи туризми байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёбии экологӣ ва иҷтимоӣ, самаранок ва рақобатнок будани комплекси туристӣ, ба аҳолӣ ва инчунин ба бюҷети давлат фоида овардани он, ки ба зиёдшавии маблағи андоз ва бо ҷои кори иловагӣ таъмин намудани қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад.

 

Хайрулло ШАРИФОВ,

муаллими калони кафедраи идораи

давлатӣ ва иқтисоди миллӣ,

Нозимҷон ШАРИФОВ,

магистранти Академия

Похожие записи