ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМИ ЗАНОН ДАР РАВАНДИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Абдулхонов

Эълони истиқлолияти давлатӣ сафҳаи наверо дар таърихи давлатдории миллати кӯҳанбунёди мо боз намуд. Соҳибистиқлоли имконият фароҳамовард, ки миллати тоҷик давлати соҳибихтиёреро бунёд созад ва бо дар назар дошти он тамоми масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии ба кишвар таалуқ доштаро ба таври мустақилона ҳалу фасл намояд. 

 

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва давлатдории ҳар миллат шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки фаъолияти онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он миллатҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, хидматҳои барҷаста намудаанд.

 

Доир ба корнамоӣ ва матонату қаҳрамонии Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби олимон ва муҳаққиқони дохилию хориҷӣ бо забонҳои гуногун асарҳои алоҳидаи илмиву оммавӣ ва мақолаҳои таҳқиқи ба чоп расонида шудаанд, ки аксари онҳо фаъолияти ҷанбаҳои алоҳидаи хидматҳои ин фарзаниди фарзонаи миллати тоҷикро ба риштаи таҳқиқ кашидаанд.

 

Аз ҷумлаи хидматҳои Пешвои миллат, ки сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ ба он баҳои баланд додаанд ин таваҷҷуҳи Президенти кишвар ба масъалаи ҷалби занону бонувон ба фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

 

Дар замони соҳибистиқлоли аз ҷониби муҳаққиқон оид ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии занон, баробарии гендерӣ, фаъолсозии нақши зан дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеаи тоҷик дар адабиёти илмӣ маълумоти даққиқ пешниҳод гардидааст.

 

Аз ибтидои фаъолияти ташаккул додани раванди мактаби давлатдории худ Пешвои миллат ба мақому манзалати занон ва баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Яке аз иқдомоте, ки дар ташаккули низоми идории кишвар вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии занон аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон гузошта шудааст ин таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ниҳод бо мақсади ҳимоя ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва оила, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996, № 98 таъсис дода шудааст, ки вазифаҳои асосии онҳо фароҳам овардани шароити баробар барои амалӣ намудани ҳуқуқу манфиатҳои занон ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ, васеъ кардани доираи иштироки онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии корҳои давлат ва ҷомеа, инчунин танзими ҳуқуқӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ва пешниҳоди кӯмаки ҳамаҷониба дар баланд бардоштани нақши иҷтимоии зан дар ҷомеа мебошад.

 

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ҳамчун ниҳоди давлати баромад намуда, вазифаи ҳамоҳангсозиро дар самти таъмини баробарҳуқуқии мардону занон иҷро менамояд. Бо назардошти талаботи иҷтимоӣ ба фаъолияти васею густурдаи ин ниҳод бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки аз соли 2014 сохтори ин ниҳод оғоз карда аз Дастгоҳи марказӣ то маҳаллӣ такмил дода шуданд, потенсиали кадрии ниҳоди мазкур пурқувват гардонида шуд. Дастгирии молиявию кадрии ин ниҳоди давлатӣ имконият дод, то дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ корҳои мушаххас анҷом дода шаванд.

 

Дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро этироф намудааст ва онҳо ҷузъи низоми ҳуқуқии кишварро ташкил медиҳанд масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои занон, вазъи ҳуқуқии онҳо ба танзим дароварда шудаанд.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатии баробарҳуқуқии шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк муқаррар намудааст.

 

Меъёрҳои умумии таъмини баробарии мардону занонро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад. Дар баробари ин қонунҳои махсус ва барномаҳои давлатӣ ҳамчун механизми таъмини баробарии занон амал мекунанд.

 

Конститутсия ва қонунҳои кишвар ба занон на танҳо ҳуқуқҳои якхела медиҳанд, балки ҳуқуқҳои афзалиятнок ба меҳнат, музди меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсилот ва ғайраро низ кафолат додаанд. Зан дар оила ҳуқуқҳои баробар дорад. Ҳуқуқҳои зан дар моликият, ақди никоҳ, талоқ, мерос бо ҳуқуқҳои мардон баробар муқаррар карда шудааст.

 

Мувофиқи моддаи 33 Конститутсияи ҷумҳурӣ, оила ҳамчун асоси ҷамъият таҳти ҳимояи давлат аст. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва заноне, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар муносибатҳои оилавӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст ва ҷиноят ҳисобида мешавад.

 

Дар асоси моддаи 32 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану шавҳар ҳар кадом дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст. Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.

 

Тибқи Кодекси оила (моддаи 61) волидон нисбати фарзандонашон ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд. Ҳуқуқҳои волидон, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ, ба даст овардани қобилияти пурраи амал ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, қатъ мегардад. Масъалаҳои падарӣ, модар, тарбия, тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳои ҳаёти оилавӣ аз ҷониби зану шавҳар якҷоя бо розигии тарафайн дар асоси принсипи баробарии ҳамсарон (моддаҳои 63-64 Кодекси оилаи ҶТ) ҳаллу фасл карда мешаванд.

 

Мувофиқи моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат бевосита ё тавассути намояндагони худ иштирок намоянд, яъне ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. [1.8.]

Вобаста ба амалигардонии муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти 2007, №233 дастрасии баробарро ба занон ва мардон ба хизмати давлатӣ таъмин менамояд.

 

Дар раванди мактаби давлатдории Пешвои миллат баҳри таъмини ҳуқуқҳои баробари занон ва мардон дар соҳаи маориф низ як қатор чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

 

Мувофиқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» муассисаҳои маориф ва илмии ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд, ки ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд.

 

Муҳаққиқи тоҷик Раҳмон Озода Эмомалӣ доир ба фаъолияти Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати занон, чунин ибрози андеша менамоянд, ки дар замони соҳибистиқлоли таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои беҳбуд бахшидани вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Аз рузҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Аз ҷумлаи ин санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон заминаи ҳуқуқӣ гардид ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, таҳти №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” мебошад. Ин санади муҳим барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон аҳамияти бузург касб намуд.

 

Пас аз ба тасвиб расидани фармони мазкур баҳри таъмини иҷрои амалии он дар мақомоти идораи давлатӣ тадбирҳои зарури андешида шуданд. Дар робита ба ин фармон занон бештар ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Масалан, агар соли 1995 дар мақомоти марказӣ 123 нафар занон дар вазифаи роҳбарӣ (10,3 фоиз) фаъолият дошта бошанд, пас соли 1998 213 нафар занон (16,4 фоиз), соли 2002 танҳо дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумат таъин мешаванд, 30 нафар занон (7,1 фоиз), соли 2005 (то 1 феврал) 33 нафар (7,6 фоиз) нафар занон фаъолият мекунанд.

 

Аз ҳисоби занон агар соли 1998 4 раиси шаҳру ноҳия, 1 муовини аввал, 39 муовини раиси вилоят, шаҳру ноҳияҳо таъин шуда бошанд, пас соли 2002 аз ҳисоби занон 8 раиси шаҳру ноҳия, 2 муовини аввал, 50 муовини раис, соли 2005 4 раиси шаҳру ноҳия, 3 муовини аввал, 66 муовини раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо таъин гардиданд. Шумораи занон дар Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе соли 2000 40 нафар (14,8 фоиз), соли 2005 49 нафар (18,9 фоиз), дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо мутаносибан 304 (11,7 фоиз) ва 364 нафарро (14,8 фоиз) ташкил медиҳад.

Шумораи умумии занон дар хизмати давлатӣ имрӯз 2 829 нафарро (23,8%) ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 1 779, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1 050 нафар занон фаъолият доранд.

 

Дар солҳои истиқлолиятии кишвар Пешвои миллат дар раванди мактаби давлатдории худ дар самти ҳамгироии низоми ҳуқуқии миллӣ бо фазои ҳуқуқии байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом додаанд. Дар ин давра бо ибтикори Сарвари давлат парлумони Тоҷикистон қатъномаҳоро оид ба тасдиқ ё ҳамроҳ шудан ба бисёр конвенсияҳо ва созишномаҳои муҳими байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони байналмилалии меҳнат, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расониданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра тамоми конвенсияҳои умумиҷаҳонии марбут ба баробарии гендериро низ ба тасвиб расонид.

 

Санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии занон эътироф намудааст инҳо мебошанд: Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат дар бораи синни ҳадди аққал барои қабул ба кор ва музди баробари мардону занон барои кори баробар, инчунин бекор кардани меҳнати маҷбурӣ ва табъиз нисбати занон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон ва ғайра. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, конвенсияҳои байналхалқӣ “Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон” ва “Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон”-ро  ба имзо расонидааст.

 

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013, №954 қабул гардид. Қонуни мазкур заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилиро барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мақомот ва ташкилотҳое, ки чораҳои пешгирӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оиларо амалӣ мекунанд, муайян намуд.

 

Бо эътирофи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалии дар боло номбаршуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки қонунгузории дохилии худро ба талаботи ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутобиқ намояд ва имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ гардонад.

 

Дар баробари қабул гардидани шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар ва эътироф гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин дар давраи соҳибистиқлолии кишвар як қатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул карда шуданд, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ гардидааст, ки “дар баробари ин занону кӯдакон аз сабаби нокифоя будани самаранокии механизмҳои мавҷудаи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо осебпазир мебошанд. Нобаробарӣ дар имкониятҳои занони деҳот бештар на танҳо дар натиҷаи боқӣ мондани стереотипҳои гендерӣ ва маҳдудиятҳои интихоби шуғл, балки ба сифати пасти инфрасохтор, ки ба дастрасӣ ба захираҳо ва имкониятҳо таъсир мерасонад, иртибот дорад”.

 

Дар баробари санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи бевоситаи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон равона карда шудаанд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо барои амалҳои зерин пешбинӣ шудааст, ки нишонаи табъиз ва поймолкунии ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои занон эътироф карда мешаванд:

– таҷовуз ба номус (моддаи 138); амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти ҷинсӣ (моддаи 139); маҷбурӣ ба амалҳои дорои хусусияти ҷинсӣ (моддаи 140); вайрон кардани баробарии шаҳрвандон (моддаи 143); беасос ба кор қабул накардан ё беасос аз кор озод кардани зане, ки кӯдаки то се сола дорад (моддаи 155).

 

Сарвари давлат ба масъалаи вазъи ҳуқуқии занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт баҳри воқеи амалӣ гардонидани фаъолияти сиёсии занон якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро ба тасвиб расонидаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2010”, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 санадҳои мазкур ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд.

 

Ҳамин тариқ, хулоса намудан мумкин аст, ки таҳкими заминаҳои ҳуқуқии мақому манзалати занон дар раванди мактаби давлатдории Пешвои миллат мавқеи махсусро касб намудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар муддати роҳбарии худ баҳри мустаҳакам намудани вазъи ҳуқуқии занон ва фаъол гардонидани онҳо дар ҳаёти сиёсю иҷтимоӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳо ба тасвиб расонидааст, ки онҳо имконият медиҳанд занону бонувон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври озодона дар истеҳкоми давлатдории миллӣ саҳмгузор бошанд.

 

Файзалӣ АБДУЛХОНОВ,

н.и.ҳ., дотсент, ходими пешбари илмии

Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

 

Похожие записи