ЧАКИДАҲО ДАР ВАСФИ МОДАР

Мо ба азму ирода ва маъсулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан-модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем. Эмомалӣ Раҳмон

***

Қалби модар ба андозае густарда ва фаррох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед. Ҳоноре Ди Балзак

***

Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: “Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад”. Алан Кэй

***

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст, барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст. А. М. Горкий

***

Як модар хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад. Ҷорҷ Ҳерберт

***

Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии модарро надорад. Эрнест Ҳамингвей

***

Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд. Ролф Волду Амрсон

***

Поктарин нигоҳи меҳромезро дар чашмони  модари хеш ҷустуҷӯ кун. Уруди Бузург

***

Ман аз ишқ бадам меояд, зеро як бор ошиқ шудам ва модарамро фаромӯш кардам. Марк Твен

***

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари хуб ёбед. Ҳоноре де Балзак

***

Усораи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта ва аз он модар сохтаанд. Кристофар Марлу

***

Тифл модарашро аз лабхандаш мешиносад. Ферҷил

***

Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби модар аст. Андре Гретрӣ

 

Похожие записи