ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои Ховар (2)

Таҳти ин унвон бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣамалӣ тариқи анъанавӣ ва онлайн баргузор гардид.  

 

Дар конференсияи мазкур олимону мутахассисони соҳа аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии хизмати давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сафоратҳои кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон (Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларусия ва Туркманистон), шарикони хориҷии Академия аз кишварҳои шарикони стратегӣ,  олимону мутахассисони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дигар муассисаҳои илмию таълимии дохилу хориҷ иштироку суханронӣ намуданд.

 

Конференсияи байналмилалиро Ғафурзода Абдухалил  Давлаталӣ- Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, ташаббускор ва пайрави арзишҳои демократӣ ва тарафдори ҳамгироӣ шинохта шудааст.

 

Зикр гашт, ки Сарвари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар мадди аввали сиёсати хориҷии кишвар гузошта, тавассути риояи тавозун дар робита бо кишварҳои мухталифи дунё тавонистанд истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намоянд. Сиёсати хирадмандона ва фарогири Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, ба қавли ӯ, «таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки сулҳ субот, созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад».

 

Дар конференсия гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ шаш кишварро ҳамчун шарики стратегӣ қарор додааст. Бо аксари онҳо маҳз созишномаҳои шарикии стратегӣ, аз ҷумла “Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ” аз моҳи майи соли 2013, “Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 14 сентябри соли 2015,  “Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон аз 2-юми ноябри соли 2017, “Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” аз 17 августи соли 2018, “Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус” аз 28 июни соли 2019 ба имзо расонидааст. “Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 15 июни соли 1993 ва “Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобила миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асри XXI равонашуда” аз 16 апреи соли 1999 бошанд, бо унвони шарикии стратегӣ номгузорӣ нагардида бошанд ҳам, моҳияти шарикии стратегиро миёни кишварҳо таҷассум менамоянд.

 

Дар конференсияи мазкур маърузачиён як қатор масъалаҳо, аз ҷумла   нақши ҳамкориҳои шарикии стратегӣ дар ташаккули робитаҳои дуҷониба, робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои шарикони стратегӣ, падидаи шарикии стратегӣ омили рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили устувории шарикии стратегӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ таҳлил ва баррасӣ намуданд.

 

Қобили қайд аст, ки силсилачорабиниҳои илмию назариявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ идома дошта, ҳамзамон роҳбарият ва устодони Академия дар чунин онлайн-конференсияҳои байналмилалӣ низ мунтазам иштирок карда истодаанд.