ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН-САРВАР”-И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

IMG_5121

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”-ро шурӯъ аз моҳи июли соли 2019 ба роҳ мондааст.

 

Имрӯз, 20 майи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастӣ – супоридани шаҳодатномаҳои курси “Зан-сарвар” дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки доираи васеи заноне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, доир гашт.

 

Дар ҷамъомад намояндагони Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбари намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ Макс Герг Майер (тариқи онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Нахуст, Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Бибиосия Аюбӣ – муовини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки масъалаи дастгирии бонувони минтақаи кӯҳистон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дониши мукаммал, матонату ҷасорат ва малакаи хуби кордонии худ метавонанд дар соҳаи идоракунии давлатӣ муваффақона фаъолият намуда, дар амалигардонии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҳиссагузорӣ намоянд.

 

Абдуллозода Умеда– муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

 

Зикр гашт, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарии занон дар идоракунии давлатӣ мебошад.

 

Мавриди зикр аст, ки курси мазкурро 25 нафар хатм намуда, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки минбаъд дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид. Ҳамчунин, аз тарафи Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва фаро гирифтани занону духтарони болаёқат ба курси омӯзиши дуалии “Зан – сарвар” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.

 

Дар охир барномаи театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат ва ободонию созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ гардид.

 

Ёдовар мешавем, ки курси мазкур соли сипаригашта дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ ташкил шуда, шунавандагони курс аз ин минтақаҳо моҳи июли соли 2020 соҳиби шаҳодатнома гардида буданд.

Похожие записи