ШӮРОИ ЗАНОНИ АКАДЕМИЯ ДОИР ГАРДИД

20211002_123527

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ ва бахши кор бо занону духтарон бо иштироки ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Аҳмадзода З.К., мудири бахши кор бо занон ва духтарон Каримзода Н.Р., сардори шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон Бекназарова М.Н., сардухтури бунгоҳи тиббӣ Исмоилзода Н.Ғ., сармутахассиси бахши кор бо занон ва духтарон Бобоназарова Д.Э., донишҷӯдухтарони факултетҳои идоракунии давлатӣ, дипломатия ва сиёсат ва шуъбаи магистратура ҷаласаи васеъи шӯрои занони Академия гузаронида шуд.

 

Дар ҷаласаи мазкур масъалҳои “Риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷӯёни Академия”, “Ҳолати давомоти донишҷўён”, “Дар хусуси тозагӣ ва дар ҳолати гигиению санитарӣ нигоҳ доштани ҳуҷраҳои зисти донишҷӯён дар хобгоҳ”, “Аз ҷониби донишҷӯдухтарон риоя намудани сару либоси тавсиявӣ”, “Дуруст ба роҳ мондани одоби муошират ва одобу ахлоқ дар байни донишҷӯён” ва “Чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО (ВИЧ-СПИД)” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Дар интиҳои ҷаласа дар натиҷаи овоздиҳӣ Бобиева Гулафрӯз Қудбиддиновна, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси идораи давлатии факултети идоракунии давлатӣ ба вазифаи раиси шӯрои духтарони Академия, Зарипова Шаҳло Маҳмадшарифовна, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи давлатӣ ва иқтисодиёти факултети идоракунии давлатӣ ба вазифаи раиси шӯрои духтарони факултети идоракунии давлатӣ ва Кароматуллозода Мунираи Кароматулло, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалии факултети дипломатия ва сиёсат ба вазифаи раиси шӯрои духтарони факултети дипломатия ва сиёсат интихоб гардиданд.

Похожие записи