ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

Peshvoi-millat

Олами сиёсат ва шоҳроҳи бузурги давлатдорӣ кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки тавониста бошанд дар дида ва қалби ҳар шаҳрванди кишварашон ба некӣ сабт шуда бошад. Ҷаҳон роҳбарону сиёсатмадорони зиёде дидааст, лек ангуштшуморанд онҳое, ки дар асл Пешво, роҳнамо ва машъали тобони халқу миллати хеш бошанд. 

Чӣ гунае, ки аз таърихи давлату давлатдории башар маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа шахсиятҳое ба арсаи давлатдорӣ қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилонаю шоён  ба халқу ватан, меҳру самимият ба давлату миллат, сайкунанда дар роҳи озодиву истиқлоли меҳан ва рафтору гуфтори накуяшон боис мегардад, ки мардум худ оноро сарвар, роҳбар, президент ва пешво интихоб намоянд. Бемубоҳиса, яке аз гунаи ин шахсиятҳои номвар, сиёсатмадори аслӣ, Пешвои одилу оқил, роҳбари ваҳдатовар, сарвари сулҳпарвар, президенти мардумӣ,  дипломати башардӯст ва яке аз поягузорони  давлати навину ҷавони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин марди хирад, сиёсатмадори одил ва роҳбари тавоно ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба рушду тараққиёти давлату миллат, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати комил дар фазои  меҳан ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшида ба пиндор, гуфтор, кирдор ва хулқу атвори накӯяш номи худро дар қалби кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой намудааст. Имрӯзҳо на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки дар тамоми кураи замин Президенти маҳбуби башардӯст – Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмонро чун бунёдгузори давлати соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари арзишҳои миллӣ  ва таърихӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, чун як нафар фарзанди бонангу номус, фидокор ва сарсупурдаи ин кишвар мешиносанд ва дӯст медоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти пайвандгар аст. Ин шахсияти барҷаста бо лаёқати сарварии худодод тавонист дар марҳилаҳои ҳассостарини таърихи миллат чун кафили сулҳу субот беш аз як миллион гурезагонро ба Ватан баргардонида, дилҳои мардуми ин сарзаминро ба ҳам пайваст. Дар солҳои мушкилтарин аркони давлатдории муосири тоҷиконро таҳким бахшид ва ҳамзамон давлати навини Тоҷикистонро  ба суннатҳои давлатдории ниёгонамон пайванд дод. Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари дурандешу оқил барои таъмини рушди босуботи  кишвар ва раҳоӣ  аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳо бунёд карда, минтақаҳои кишварро бо ҳам ва Тоҷикистонро бо ҷаҳон пайваст.

Пешвои миллат дар ҳақиқат поягузори мактаби нав дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва равобити байналмилалист. Зеро замоне, ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпоширо бар ӯҳда гирифт, ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт. Ҳама медонем, ки агар Тоҷикистони мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар идоракунии бахши иқтисодию иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё вуҷуд надошт ва ё хеле маҳдуд буд. Дар даврони истиқлол низ ҳанӯз фурсати кор ба даст наомада буд. Зеро аз замони эълони Истиқлол(сентябри соли 1991) то шурӯи даргириҳои дохилӣ (майи соли 1992) на замони кофӣ дар ихтиёр доштему на давлати бокифоят бар сари кор, то равобити хориҷиро пай бирезаду мустаҳкам намояд ва мақому манзалати давлати нави тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян созад… Пас, ҳар чӣ ӯ кард, аз сифр оғоз карду навоварӣ буд. Ва ба ҳар ҷо, ки расид, аз тадбиру заковаташ расид ва аз эътимоду иттико ба хиради азалии мардуми худ.

Сарвари давлат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардумро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд. Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кутоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои мошингард сохта шуданд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи  Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.  Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо, ҳамчунин, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони миллали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки,    Баёнияи Париж ва дигар созмонҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабию наҷодӣ, муроот менамояд.

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад.

Дар тӯли 29-соли Истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Рамон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ  гардонид. Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст. Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тилоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти  байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушаррраф гардидааст.

Таърих собит намудааст, ки дар бисёр давлатҳои дунё хизматҳои содиқонаи фарзандони барӯманди худро қадрдонӣ карда, ӯро  ҳамчун пешво, қаҳрамон ва падари миллат эътироф намудаанд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 9 декабри соли 2015 ин амал қонунӣ гардид. Ин шахсияти таърихӣ воқеан барои халқу миллати мо хизматҳои шоён кардааст ва давлатсозии ӯ барои ҳар яки мо намунаи ибрат аст.

Барои миллати борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик доштани Пешвои миллат чун рамзи худшиносӣ ва ваҳдату якдилӣ нақши муҳим дорад. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои асри XX аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯзба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мениҳад.

Зулфия АҲМАДЗОДА,

                                                               ноиби Ректор оид ба идеология,

тарбия ва робита бо ҷомеа