ЭЪЛОН

Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва боз ҳам хубтар намудани сифати таълим, инчунин ҷалб намудани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ва мутахассисони баландихтисос озмуни ишғоли вазифаҳои зеринро эълон менамояд:

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи сардори раёсат:

 

  1. Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои сардори раёсатро таъмин карда метавонад;
  2. Собиқаи корї дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ (на кам аз 5-сол);
  3. Дорандаи дараља ва унвони илмӣ;
  4. Донандаи хуби на кам аз ду забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
  5. Малакаи кор бо технологияи муосир ва қобилияти баланди коргузорӣ;
  6. Одоби баланди муошират;
  7. Ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи сардори шуъба ва мудири бахш:

 

  1. Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои сардори шуъба ва мудири бахшро таъмин карда метавонад;
  2. Собиқаи корӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ (на кам аз 3-сол);
  3. Дорандаи дараља ва унвони илмӣ;
  4. Донандаи хуби на кам аз ду забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
  5. Малакаи кор бо технологияи муосир ва қобилияти баланди коргузорӣ;
  6. Одоби баланди муошират;
  7. Ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи декани факултет:

 

  1. Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои декани факултетро таъмин карда метавонад;
  2. Собиқаи корї дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ (на кам аз 5-сол);
  3. Дорандаи дараља ва унвони илмӣ;
  4. Ќобилияти омода кардани модулҳои муосири таълимӣ ва эҷодкорӣ;
  5. Донандаи хуби на кам аз ду забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
  6. Малакаи кор бо технологияи муосир ва қобилияти баланди коргузорӣ;
  7. Ќобилияти баланди идоракунӣ ва ташкилотчигӣ;
  8. Одоби баланди муошират;
  9. Ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири кафедра:

 

  1. Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мудири кафедраро таъмин карда метавонад;
  2. Собиқаи корї дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ (на кам аз 5-сол);
  3. Дорандаи дараља ва унвони илмӣ;
  4. Ќобилияти омода кардани модулҳои муосири таълимӣ;
  5. Донандаи хуби на кам аз ду забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
  6. Малакаи кор бо технологияи муосир ва қобилияти баланди коргузорӣ;
  7. Ќобилияти баланди эҷодкорӣ ва омода намудани барномаҳои таълимӣ;
  8. Одоби баланди муошират;
  9. Ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ;
  10. Музди маош 3522,49 сомонї.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи доктори илм – профессор:

 

  1. Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои доктори илм – профессорро таъмин карда метавонад;
  2. Собиқаи омўзгорї дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ (на кам аз 5-сол);
  3. Ќобилияти омода кардани модулҳои муосири таълимӣ ва эҷодкорӣ;
  4. Донандаи хуби на кам аз ду забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
  5. Малакаи кор бо технологияи муосир дар раванди таълим;
  6. Одоби баланди муошират;
  7. Ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ;
  8. Музди маош 4364,11 сомонї.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи номзади илм – дотсент:

 

  1. Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои номзади илм – дотсентро таъмин карда метавонад;
  2. Собиқаи омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ (на кам аз 5-сол);
  3. Ќобилияти омода кардани модулҳои муосири таълимӣ ва эҷодкорӣ;
  4. Донандаи хуби на кам аз ду забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
  5. Малакаи кор бо технологияи муосир дар раванди таълим;
  6. Одоби баланди муошират;
  7. Ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ;
  8. Музди маош 3150,85 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

 

– ариза ба номи ректор;

– нусхаи шиноснома;

– тарҷумаи ҳол;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

–  4 адад расми 3х4 ва 2 адад расми 4х6;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом бо замимааш);

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ шакли №038;

–  маълумотнома оид ба даромад ва амвол;

– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– тавсифнома аз ҷойи кори охирин;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

– маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

– номгӯи корҳои илмӣ бо тасдиқи роҳбари муассиса;

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ ё дафтарчаи даъватшаванда;

– маълумотнома (объективка).

 

 

Похожие записи