ЭЪТИМОДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БОНУВОН

50877263046_b1645d9872_o

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. (Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, 26.01.2021 12:15, шаҳри Душанбе)

 

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо, бонувон аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама суханронию баромадҳое хеш аз саҳми занон дар ҷомеа ёдовар мешаванд. Бешак ҷойгоҳ ва мартабаи занон ва фаъолияти онҳо дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ маҳз бо дастгирию таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ба бонувон муяссар гардид.

 

Муссалам аст, ки маҳз тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ беҳдошти ҳаёти занон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон гардид. Таваҷҷуҳ ва дастгирии бонувон боис бар он гардид, ки симои зани тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуда, онҳо чун қишри фаъоли ҷомеа пешбарандаи муҳимтарин корҳои давлатӣ дониста шаванд.

 

Таъкид бояд намуд, ки ташабус ва хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон сабаб гардид, ки мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, арзиши воло ба худ касб намояд.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки аллакай 3-юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида буд. Маҳз ин фармон сабаб шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалии Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба тасвиб расида, ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини рояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, вусъат додани имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти онҳо ва амсоли  ин ба роҳ монда шавад.

 

Ҳамин таваҷҷуҳу дастгириҳо боис бар он гардид, ки имрузҳо садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар ҷаҳон мебошанд, на танҳо дар кишварамон, балки дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Имрӯзҳо занони тоҷик аз минбари баланди конфронсҳои байнанмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастомадаи давлат ва миллати тоҷик, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ва сӯхан мегуянд.

 

Дастгири занон сол аз сол коҳиш наёфта, баръакс рӯ ба авҷ аст. Ҳар рӯз Ҳукмати кишвар ғамхории навтаиро барои занон руҳандозӣ менамояд. Соли ҷорӣ Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар боз ҳам аз саҳми занон, масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа, бовариашон ба онҳо изҳори андеша намуда, қайд карданд, Ҳукумати давлат дар ин самт диққати ҷиддӣ медиҳад: Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад,”-қайд намуданд, Пешвои миллат зимни ироаи Паём.

 

Дар ин радиф мо, бонувон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар партави таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар баробари модар-тарбиятгар будан, бо дилу нияти соф баҳри пешбурд ва ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон талош менамоем.

Лайлии Изатулло,

магистранти Академия

Похожие записи