ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

 Фарҳанг ҳастии миллат аст. Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Давлатдории мустақили миллӣ барои ҳар як халқ ва миллат неъмати бузурге аст, ки бо соҳиб шудан ба он масъулияти бузургро дар назди наслҳои гузашта ва ҳозираву оянда ба миён меорад. Дар шароити имрӯзаи давлатдориамон мо ба ягонагии маънавӣ ва рӯҳонӣ, ки яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа мебошад, ниёзи бештар дорем. Дар ташаккули давлати миллӣ ва таъмини рушди устувори он хотираи таърихии миллат, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, ҷашну маросим, одобу анъанаҳои миллӣ ҳамчун маҳаки асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ ва дар заминаи он эҳёи фарҳанги миллӣ барои таҳкими давлату давлатдорӣ нақши муҳим дорад.

 

Фарҳанги миллӣ омезиши дастовардҳои моддию маънавии як миллат, минтақа ва табақаҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад. Хусусияти хоси фарҳанги миллӣ нотакрорӣ ва аслӣ будани он дар ҳаёти маънавӣ (забон, адабиёт, эҷодиёти шифоҳӣ, дин, урфу одат, мусиқӣ, дониш, ахлоқ, ҳуқуқ, неруи ақлонӣ, маросимҳо ва ғ.), инчунин дар маданияти моддӣ (хусусияти тарзи иқтисодӣ, хоҷагидорӣ, истеҳсолот, муҳити зист, манзил, шаҳрдорӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ғ.) зоҳир мешавад.

 

Дар яке аз вохӯриҳо бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарҳанг чунин қайд намуда буданд: “Фарҳанг ба назари ман оинаест, ки дар он тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ акс меёбад. Ин мизони дақиқу беминнат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд. Воқеан, дар арзишҳои моддиву маънавии эҷодшуда дараҷаи тафаккури сиёсиву иҷтимоӣ, дастовардҳои иқтисодӣ, илмиву фалсафӣ ва завқи зебоиписандии миллат инъикос мегардад. Фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳо буда, ҳофизаи таърихии миллатро устувор медорад, фарзандони ӯро ба сӯи арзишҳои солиму ибратбахши ҷомеаи башарӣ ҳидоят менамояд”.

 

Фарҳанги миллӣ доимо яксон набуда, бо инкишофи ҷамъияти инсонӣ тағйир меёбад, аммо ин дигаршавӣ набояд дастовардҳои пешинаро рад ва фаромӯш кунад, балки онро дар худ нигоҳ дорад, ҳамчун заминаи худ ҳифз кунад ва ба замон мутобиқ гардонида, ба ояндагон интиқол диҳад.

 

Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар баробари пешравиҳо доираи забон ва фарҳанги миллӣ маҳдуд гардид. Бисёр чашну маросимҳои халқиро динӣ эълон намуда, манъ карданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо вижагиҳои фарҳанги миллии худро то дараҷае ҳифз карда тавонист, аммо ниёз ба эҳёи фарҳанги миллӣ ҳамеша вуҷуд дошт.

 

Бо эъломи бозсозӣ ва демократикунонии ҳаёти ҷомеа дар Тоҷикистон барои эҳёи суннатҳои фарҳангӣ чунбиши миллӣ ба вуҷуд омад. Забон ҳамчун рукни асосии фарҳанги маънавӣ барои пешравии он нақши муҳим мебозад. Аз ин хотир, равшанфикрони тоҷик аввалин шуда, дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ азму талошҳо намуданд. Бо ҷидду чаҳд ва кӯшишҳои як зумра зиёиён 22-юми июли соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистон “Қонуни забон”-ро қабул кард, дар асоси он забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва барои эҳё ва рушди минбаъдаи фарҳанги маънавӣ замина ба вуҷуд омад.

 

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бошад, барои таҷлили иди миллии мардуми ориёӣ – Наврӯз ба тарзи расмӣ иҷозат дода шуд.

 

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон барои эҳё ва инкишофи фарҳанги миллӣ имкониятҳои зиёд пайдо шуданд, чунки истиқлол ҳамчун неъмати бебаҳои таърих барои ҳар як халқу миллат имконият медиҳад, ки тақдири худро ба дасти хеш иншо карда, роҳи минбаъдаашро муайян созад.

 

Воқеан, истиқлоле, ки дар натиҷаи гардиши айём ба мо насиб гардид, барои мардуми фарҳангофари тоҷик имкониятҳои бештар фароҳам овард. Дар замони Истиқлол бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ тадриҷан эҳё гардида, рушд намуд. Дар замони Истиқлол “Консепсияи инкишофи фарҳанг” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд оварданд.

 

Дар ин марҳила Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва тақвияти худогоҳию худшиносии миллӣ ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ҳамгироии минтақаҳо ва ваҳдати миллӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Аз ҷумла, барои эҳё ва тақвияти фарҳанги миллӣ, инчунин бо мақсади ваҳдату ягонагии халқамон дар кишвар якчанд ҷашнҳои умумимиллӣ: – 1000-умин солгарди иншои “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, ҷашни 2500-солагии Истаравшан, таҷлили 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, таҷлили 3000-солагии Ҳисор, ҷашни 5500 -солагии шаҳри Саразм, 2700-солагии нахусткитоби аҳли башар – “Авесто”, ҷашни бузургдошти алломаҳои фарҳанги миллӣ – Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Ҳуҷандӣ, Умари Хайём, таҷлили ҳамасолаи “Рузи Рӯдакӣ” ва ғайра гузаронида шуданд, ки дар баргузории ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии зикршуда саҳми Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Рӯй овардан ба таърихи халқи хеш, иншо ва чопи китоби “Тоҷикион дар оинаи таърих”, нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ҳадяи он ба мардуми кишвар, худ гувоҳи эҳё намудани таърих ва фарҳанги миллӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Дар қатори эҳёи арзишҳои маънавӣ дар кишварамон, меъмории миллӣ низ эҳё мешавад. Бунёди чойхонаҳо бо тарҳи меъмории миллӣ, мақбараи мутафаккир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб, тармими мақбараи Одамушшуаро Рӯдакӣ дар Панҷакент, масҷиди “Шайх Муслиҳидин” дар Хуҷанд, бунёди Кохи Наврӯз ҳамчун намунаи беназири санъати меъмории миллии муосир, бунёди бинои нави Масҷиди ҷомеъ, бунёди чойхонаҳо дар Данғара ва Хоруғ, Бунёди Боғи 30-солагии Истиқлолият бо тарҳи нави меъмории миллӣ ва якчанд ёдгориҳои меъморие, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёд ва таҷдид гардиданд, намунаи барҷастаи эҳёи анъанаҳои меъмории миллӣ дар замони Истиқлол мебошанд. Ҳамзамон, Муҷтамеи меъмории “Ваҳдат”, ки дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, намунаи беҳтарини меъмории анъанавӣ ва муосир, яке бузургтарин шоҳкории фарҳанги охири садаи ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

 Дар замони Шӯравӣ санъати театрии Тоҷикистон ташаккул ва инкишоф ёфт. Аммо бояд қайд кард, ки театри тоҷик танҳо дар замони истиқлол ҷомаи миллӣ ба бар кард. Ташкили театрҳои “Аҳорун”, “Оина”, “Гаҳвора”, “Авасто” ва ғайра барои инкишоф ва хусусияти миллӣ гирифтани театр нақши муҳим бозиданд. Махсусан намоишномаҳои театри “Аҳорун” бо сардории ҳунарманди асил шодравон Фаррух Қосимов хеле чашмрас мебошанд.

 

Мусиқии классикию суннатии мардуми мо “Шашмақом” таърихи беш аз ҳазорсола дошта, ҳамчун санъати мусиқии касбии тоҷик фарҳанги миллии моро дар якчанд фестивалҳои байналхалқӣ муаррифӣ намуда, соҳиби ҷоизаҳои аввал гардидааст. Дар замони истиқлол бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 майи соли 2002 ба ансамбли “Шашмақом” мақоми давлатӣ дода шуд ва он “Ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов” ном гирифт. Ин ғамхории бузурги Ҳукумат нисбати мусиқии асилу нотакрор ва бегазанди “Шашмақом” буд, ки имрӯз аз нав эҳё шуда, шуъбаҳои он дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуданд.

 

Дар эҳёи санъати мусиқии мардумии мо қарори Ҳукумат дар бораи ташкили ансамбли халқии “Фалак” дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад. Ин ғамхориҳо имкон медиҳанд, ки санъати мусиқии миллии касбӣ ва халқии тоҷикон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ рушду нумӯъ карда, ба мардум ғизои маънавӣ бахшанд.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат қайд намуда буд: “Инкишофи фарҳанги миллӣ қабл аз ҳама ба мактабу маориф, бо таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад. Ҷамъияте, ки ҷавонону наврасонаш аз илму фарҳанг дур афтодаанд, ба ояндаи нек умед баста наметавонад. Сутуни асосии фарҳангу маънавиёт савод аст”. Ин суханони пурарзиш ва пандомези Сардори давлат ҳар шахсеро, ки ба кори таълиму тарбия машғул аст, водор мекунанд, ки насли бофарҳангу босавод ва худшиносу худогоҳро тарбия намуда, барои ояндаи неки Тоҷикистон масъулияти азиме бар души худ дошта бошанд.

 

Ҳамаи ин дастовардҳои фарҳангӣ гувоҳи онанд, ки фарҳанги миллӣ дар 30 -соли Истиқлоли Меҳан эҳё гардида, симои миллии худро дарёфтааст. Ҳифз кардани арзишҳои фарҳанги моддию маънавӣ ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузоштани дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

 АЛИЗОДА Б. П.,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

ходими пешбари илмии

Пажӯҳишгоҳи идоракунии

давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи