Як рӯзи хунсупорӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

IMG_4128

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани нишондодҳои «Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси сардухтури бунгоҳи тиббӣ Исмоилзода Намоз аксияи “Як рӯзи хунсупорӣ” баргузор гардид.

Зикр гашт, ки имрӯз рушди тибби муосир, ҷарроҳиҳои вазнини пайвандсозии узвҳо ва системаи рагҳо, кумаки таъхирнопазири акушерӣ ва таҷрибаи педиатрияро бе истифодаи самараноки ҷузъҳои хуни донорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Тибқи иттилои мутахасисон хунсупорӣ фоидаовар аст. Бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Аз ҳама муҳим, ҳаёти касеро наҷот медиҳад.

Тарғибу ташвиқи самаранок ва фаъолияти ҳирфаии ҷомеаи меҳнатии Академияи мазкур боис шудааст, ки имрӯз кормандон махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият хун супорида истодаанд.
Тавре, ки сардухтури бунгоҳи тиббии Академия Исмоилзода Намоз иброз дошт: «Доноре, ки хун месупорад, қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад, гурӯҳи хун муайян карда мешавад, ташхиси гемоглобин гузаронида мешавад. Баъди ташхис дақиқ мекунем, ки оё дар таркиби хуни донор бемориҳои сирояткунанда, аз қабили СПИД, ВИЧ, гепотити В, С, сифлис ва ба ин монанд бемориҳое, ки сироятӣ ва барои ҳаёти шахс хатарнок ҳастанд, ба қайд гирифта мешаванд ё не.

Агар яке аз ин ташхисҳо ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, пас аз доноршаванда хун гирифта намешавад. Баъзе нишондиҳандаҳои бартарафшаванда, аз ҷумла, вазни кам, бемории муваққатӣ, нишондоди ками гемоглобин дар таркиби хун ва ба ин монанд бемориҳое ҳастанд, ки пас аз муддате бартараф мешаванд ва шахс метавонад хун супорад. Ин тадбир бо ҳамкории Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар ин рӯз беш аз 70 нафар устодону кормандон хун супориданд.

Аксҳо

Похожие записи