ҲИФЗИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

ҷавонон

Дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва авҷ гирифтани тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ қавму миллат ва давлате ба ҳамешагӣ пойдор ва устувор боқӣ мемонад, ки агар хотираи таърихиро нигоҳ дорад, омӯзиш ва бидуни таҳриф ба насли имрӯзу ояндаи худ интиқол дода тавонад.

 

Фаромӯш кардани хотираи таърихӣ ва муносибати саҳлангарона ба таърих ва муқаддасоти миллӣ оқибат метавонад ба таназзули рукнҳои давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ оварда расонад. Таҷрибаи талхи воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин мисол шуда метавонад. Вақте ки таърихи миллат ва давлат аз хотирҳо зудуда шуда, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ коҳиш ёфт, душманони халқи тоҷик тавассути тарғиботи таълимоти беарзиш, фитнаангез, тафриқаи мазҳабию динӣ мардуми аз лиҳози сиёсӣ камтаҷрибаро ба кашмакашҳои хавфнок ва муноқишаҳои ҳарбӣ кашонданд, ки он мавҷудияти миллати тоҷик ва давлати тозабунёди соҳибистиқлолро дар зери хатар гузошт.

 

Аз ин рӯ, хотираи таърихӣ ҳамчун “зарфест”, ки дар худ арзишҳо ва муқаддасоти миллиро нигоҳ дошта, худшиносии миллии ҷавононро тақвият медиҳад. Мо бояд аз тақлиди кӯр-кӯронаи маданият ва расму ойине, ки ба миллати мо ягон иртиботе надоранд ва ҳамзамон моро ба вартаи ифроту азхудбегонагӣ мувоҷеҳ месозанд, даст бикашем.

 

Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони нохудогоҳ ва беҳувият, ки имрӯз аз таълиму илмомӯзӣ дур монда, пайрави ғояҳои ифротӣ, беарзиш ва пуч гардида, асолати хешро бохтаанд.

 

Ифротгароӣ ба озодию ҳаёти осоиштаи мо, ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва ваҳдату ягонагии мо таҳдид менамояд. Яке аз сабабҳои зуҳуроти ифротгароӣ ин пайравӣ намудани ҷавонон ба арзишҳо ва фарҳанги ба мо бегона мебошад. Раванди иҷтимоишавии инсон, ки тавассути он ҷавонон бештар арзишҳоро қабул менамоянд ба воситаи таҳсилот дар мактабу донишгоҳ сурат мегирад. Маҳз, яке аз вазифаҳои хеле муҳим оид ба нигоҳдорӣ ва интиқоли хотираи таърихиро ба насли ҷавон соҳаи маориф ба уҳда дорад. Аз ин хотир, таҳсилот ба сифати омили муҳими иҷтимоӣ – фарҳангии ташаккул додани арзишҳои миллӣ дар ҷавонон баромад мекунад. Суръати баланди ҷаҳонишавӣ дар шароити муосир хатари ба ҷомеа омехташавии унсурҳои ифротгароиро ба вуҷуд овардааст.

 

Пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро масъалаи муҳимтарини давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз сифатҳои муҳими иҷтимоии инсонро доштани тафаккури таҳлилӣ ташкил медиҳад, ки он дар қобилияти таҳлил намудани ҳодисаҳо ва воқеоти иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Рафтор ва самти фаъолияти инсон ба тафаккури таҳлилии ӯ алоқамандии зич дорад. Натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ собит намудаанд, ки яке аз сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ва каҷрафтории онҳо ин надоштани қобилияти дуруст таҳлил намудани ҳодисоту воқеоти дар атроф бавуҷудоянда мебошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо овардани далелу буҳтонҳои рӯякӣ, аммо боваркунанда, ба тафаккури ҷавонон таъсир гузошта, ба онҳо имконияти дуруст таҳлил намудани ҳодисаҳоро намедиҳанд. Донишҳои ҳуқуқию сиёсии баъзе аз ҷавонон дар сатҳи паст қарор дорад. Онҳо бо ин сатҳи донишҳои худ ҳодисаҳои мураккабу печидаи замони ҳозираро дуруст таҳлил карда наметавонанд.

 

Тарбияи нодурусти фарзандон дар оила ва муҳити носозгор аз омилҳое мебошанд, ки ҷавононро ба роҳи нодуруст раҳнамун сохта, онҳоро дар кӯчаи сарбастаи рӯзгор ба мушкилот гирифтор месозанд. Махсусан, дар оилаҳои номуваффақ ҷавонон хеле зудбовар ва руҳан ноустувор буда, афкори шахсии худро надоранд ва ҳеҷ кори дурустеро мустақилона анҷом дода наметавонанд. Ин гурӯҳи ҷавонон бештар таҳмилпазир буда, онҳоро фирефтан ва ба дастае шомил намудан кори басо осон мебошад. Маҳз ҳамин гуна ҷавонони сустирода ба гурӯҳҳои тундрав пайваста, ҷони худро дар хатар мегузоранд. Ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои ба доми худ фирефтани баъзе аз ҷавонони ноогоҳ мақсадҳои нопоки худро ҷомаи динию мазҳабӣ пӯшонида, аз роҳу усулҳои ниҳоят гуногун истифода мебаранд.

 

Аз таҳлил ва мушоҳидаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки гурӯҳҳои ифротгаро асосан ба ҷавонони дорои саводи пасти динӣ, зудбовару камирода ва ба ҷавонони дучори мушкилоти рӯзгор бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Бо тарѓиботчиёни худ тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои бардурӯѓ аз қабили, соҳиб шудан ба сарвату мансаби калон баъд аз ѓолиб омадан, ворид шудан ба биҳишт бо роҳи содир кардани ҷиҳод ва ба ҳамин қабил ҳар гуна овозаҳои бардурӯѓи мазҳабию дунявиро паҳн мекунанд. Бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро заминагузорӣ намуда, ба эҳсосоти динии ҷавонон таъсир мерасонанд.

 

Албатта, сатҳи баланди худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ метавонад гароиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пешгирӣ намояд. Табиист, ки ҳар як инсон бояд забон, таърих ва арзишҳои фарҳангии хешро хуб донад ва ҳамчун дастур сармашқи зиндагӣ ва кору пайкори худ гардонад. Ин ҳукми қотеест, ки ҳар як фарди зиёӣ, олим ва ё арбоби давлатиро барои донистан ва барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ водор месозад.

 

Халқ дар сурате ба худшиносии таърихӣ мерасад, ки таърихи худро эҷод намояд, пеш барад ва бо дастовардҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ онро ғанӣ гардонад. Худшиносии таърихии инсон аз рафтор, тарзи ҳаёт ва кору пайкори ӯ зич вобаста аст. Агар мо хоҳем, ки фардои боэътимод дошта бошем, бояд пайвастагии имрӯзу гузаштаро хирадмандона ва боэҳтиромона ба роҳ монем ва ба гузаштаи худ ҳамчун ба мактаби ҳикмат, ахлоқ, давлатдорию донишомӯзӣ нигоҳ кунем.

 

Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “…яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ маҳз дӯст доштан ва рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи мероси маънавии ниёгон ба шумор меравад”.

 

Воқеан, бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ ва ватанпарастии дурӯғин табдил меёбад. Таъсири фарҳанги бегона ва тақлид ба арзишҳои бегона низ яке аз сабабҳои паст рафтани сатҳи худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон гардидаааст. Бархе аз ҷавонон бо сабаби паст будани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва носолим будани муҳити иҷтимоӣ ба қадри миллат ва сулҳу ваҳдат намерасанд. Пас маълум мегардад, ки ин зуҳуроти манфӣ аз ҷаҳонбинии маҳдуд, муҳити носолими тарбия ва таҳсилоти пасти ҷавонон сарчашма мегирад.

 

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо дастур ва супориши Пешвои миллат китоби аллома  Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро бо теъдоди нашри калон барои ҳар як хонаводаи тоҷик тариқи ройгон тақсим намуданд.

 

Арзишҳои миллӣ, ки аз санҷиши вақт гузаштанд ва то давраи мо омада расиданд, бояд чун гавҳараки чашм ҳифз карда шаванд. Ин арзишҳо бояд ҳамчун қолаби рафтор ва муносибат барои ҷавонони имрӯза дар такмили ҳувият, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ баромад намоянд.

 

Бо роҳи таҳмил намудани арзишҳои ниёгон дар муассисаҳои таҳсилот яке аз воситаи оқилона пешгирӣ намудани ҷавонон аз ифродгароӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи ҳар як падару модар ва устоди мактабу донишкадаҳо ин дар ҷавонон тарбия намудани низоми арзишҳои миллии таърихан ташаккулёфта  мебошад.

 

Роҳи дигари пешгирии ифротгароӣ ба роҳ мондани робитаи доимии донишкадаҳо бо сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати гузаронидани семинарҳо ва чорабиниҳои тарѓиботиву ташвиқотӣ мебошад. Бештари ҷавонон бо сабаби паст будани сатҳи донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ худро дар муносибатҳои иҷтимоӣ ноҳинҷор ва заиф эҳсос мекунанд. Барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ руҳия ва неруи мубориза бурданро надоранд. Бархе аз ҷавонон барои фаъолияти мустақил омода нестанд, манфиатҳои худро пурра дарк намекунанд ва тарзу усулҳои қонеъ намудани онҳоро низ намедонанд. Аз ин вазъият шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида истифода бурда онҳоро ба манфиатҳои нопоки худ моҳирона истифода мебаранд. Махсусан, ҳамроҳшавии ҷавонон бо гурӯҳҳои ифротгаро низ бо сабаби паст будани сатҳи шуур ва маданияти сиёсиву ҳуқуқӣ сурат мегирад.

 

Қабл аз ҳама се ниҳоди асосӣ – оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар ин замина фаъолияти босамар ва натиҷабахшро роҳандозӣ намоянд. Сатҳи худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон ба воситаи мунтазам гузаронидани семинар ва маҳфилҳои маърифатӣ бо намояндагони мақомоти масъул ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боло бардошта шавад. Ҷавонон бояд аз кӯдакӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия карда шаванд.

 

Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш будаанд ва мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намуда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонмеҳрварӣ тарбия намоем. Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он аз ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ иборат мебошад. Албатта, барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ѓайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъона ва муддати муайяни вақт лозим меояд.

 

Донишкадаи такмили ихтисос

ва бозомӯзии хизматчиёни

давлатии Академия

Похожие записи