ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

IMG_4173

7 май дар доираи курси такмили ихтисос, ки аз 3 майи соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия: ҳолат ва дурнамо” доир гардид.

 

Дар мизи мудаввари мазкур Аҳмадзода Зулфия Кабир – ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кенҷаев Мирзозаҳай – намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмуродзода Шоиста – муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаландарзода Ҳабибулло – муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Абдукарим Асрорӣ – сарнозири сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар ҷараёни баргузории он аз ҷониби иштирокдорон машғулиятҳои доиршуда дар идомаи курс мавриди муҳокима қарор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти соҳа пешниҳодҳо баён шуданд.

 

Аҳмадзода З.К. – ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академия зикр кард, ки курси мазкур бо иштироки сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо)-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва сохторҳои он дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо (бахшҳо)-и Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар ВМКБ ва вилоятҳо дар фаъолияти Академия бори нахуст роҳандозӣ гардида, натиҷаи нек хоҳад дод.

 

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи барномаи таълимӣ шунавандагони курс вобаста ба сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақши ҳуҷҷатҳои давлатии стратегӣ дар таъмини муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, мафҳум ва шаклҳои коррупсия, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин иттилоъ гирифтанд.

 

Баъд аз баргузории мизи мудаввар ба шунавандагон гувоҳнома супорида шуд.

Похожие записи